Нигар, эй дӯст, ин соат ба марзи сарзамини ман,
Шукӯҳи тозае дорад диёри нозанини ман.
Биё, ки рӯзи наврӯзӣ табиат гул ба бар дорад,
Рубобу чанг дар оғӯш биёмад ҳамнишини ман.
Зи қасри худ бурун омад дар ин субҳи саид, ёрон,
Пайи ободии меҳан маҳи хиргаҳнишини ман.
Кунам шукронаи бахти сафеди миллати худро,
Навишта ҳарфи иқболро Худо андар ҷабини ман.
Ба ҳар як гӯшаи меҳан равам ободие бинам,
Аҷаб бо ору номусанд ёрони қарини ман.
Чу ояд меҳмон бар кишвари озодаам ёрон,
Ба ҳайрат мегазад ангушт бар хулди барини ман.
Зи Истиқлолу файзи ӯ Ватан обод мегардад,
Тиллои холисе бингар, ки ин хоки замини ман.
Агар олам бувад хотам, бубин бо дидаи ибрат,
Дурахши тозае дорад, ба рӯйи он нигини ман.
Диловари МИРЗО