Дар робита ба иқдомҳои Президент

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем

№13 (4753) 26.01.2024

Фирдавси ва ШохномаАбулқосим Фирдавсӣ бузургтарин чеҳра дар адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо ҷустуҷӯи доманадор, ғурури баланди худшиносӣ ва талошу ҷоннисориҳо тавонист, ки миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. «Шоҳнома»-и ӯ осори гаронбаҳои фарҳангиест, ки дар канори ишқу ихлос ва андешаи мардум аз оташи ҳаводиси бедодиҳои рӯзгор гузашта, то замони мо бо ҳамон шаҳомату нафосати болиғ расидааст. Насими форами истиқлоли давлатӣ чангҳоро аз рӯи саҳифаҳои ин шоҳасар тоза карда, ба ранҷҳои кашидаи сисолаи Фирдавсӣ арҷгузорӣ намуд ва бунёди Боғи Фирдавсӣ, гузоштани пайкараи шоир дар яке аз гӯшаҳои хушманзараи шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳанд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳар чӣ бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безавол чоп ва ройгон ба хонадони ҳар як сокини кишвар дастрас шавад. Омили мазкур гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайвас­та кӯшиш менамоянд халқро бо фарҳангу маданият ва асли қарин шинос намоянд, то дар ин замина ифтихору ҳувияти миллӣ густариш ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ мустаҳкам гардад.

«Шоҳнома» дар ҳама кишварҳо мухлисони зиёде дошта, достонҳои ҷудогонаи он тавассути донишмандон ба забони халқҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума гардидааст. «Шоҳнома» ба қалби ҳар як тоҷик ва форсизабонони ҷаҳон ошност, зеро ҳама достонҳои онро аз овони кӯдакӣ аз забони модару модаркалон ва падару бобоҳоямон борҳо шунидаем.

Илова бар ин, дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва маҳалҳои тоҷикнишини кишварҳои ҳамҷавор маҳфилҳои «шоҳномахонӣ» ҳам ба назм ва ҳам ба наср дар тӯли қарнҳо маъмул буда, лаҳзаҳои ҷудогонаи қисса бо саҳнаҳои махсуси ҳунарӣ намоиш дода мешаванд. «Шоҳнома» аз назари ҳунари суханварӣ, шеърият, луғат, фасоҳат, балоғат, мазмуну мундариҷа, ҳамчунин, аз лиҳози ҳаҷм як асари беҳамто аст. Пухтаю суфтабаёнӣ, устуворӣ ва зебоии сухани Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» шаҳодат аз он медиҳад, ки ӯ пеш аз эҷоди ин асари бузург дар шоирӣ табъозмоиҳо кардаю варзидагии бисёр доштааст, ки Амираки Мансур ба ин маънӣ фармудаанд:

Гушода забону ҷавонит ҳаст,

Сухан гуфтани паҳлавонит ҳаст.

«Шоҳнома» асари таърихӣ, фалсафӣ, худшиносӣ, ҷавонмардӣ ва меҳанпарас­тист ва саршори васфи маърифату хирад ва нексириштию некбинӣ буда, дар он маҳаки асосии зиндагӣ аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва мардиву некӣ дониста шудааст:

Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,

В-агар бад кунад, низ пархош кун.

Шоир ба инсонҳо панд медиҳад, ки дар зиндагӣ ҳамеша накукор бошанд ва ба бадиҳо низ бо амали неки худ ҷавоб диҳанд.

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад пойдор.

Васфи маърифату хирад, илму дониш дар «Шоҳнома» мавқеи хоса дошта, шоир инсонҳоро ба ростию растагорӣ ҳидоят менамояд:

Хирадманд бошу беозор бош,

Ҳамеша забонро нигаҳдон бош.

Ё ин ки:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Хулоса, Абулқосим Фирдавсӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс яке аз пайғамбарони шеър эътироф шуда, «Шоҳнома»-и безаволи ӯ шуҳрату моҳияти ҷаҳонӣ дорад.

Ҳалим БАДАЛОВ,

корманди ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон