Андешаҳо пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва руҳониёни кишвар
Ҳамагон огоҳӣ дорем ва тавассути воситаҳои ахбори омма шоҳиди он гардидем, ки рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеа ва руҳониёни ҷумҳурӣ мулоқот анҷом доданд. Мақсад аз ин вохӯрӣ бо пешвоёни дин, пеш аз ҳама, ин пайдо намудани заминаҳо ва роҳҳои ваҳдат баҳри мақсадҳои миллӣ, фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна муқобилгузорию ихтилофангезӣ ва дар ин замина ҳифзи вазъияти муътадили имрӯза ва пешгирӣ кардани ҳар гуна кӯшишҳои нооромкунандаи вазъи динӣ ва сиёсии кишвар буд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии хеш аз он нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам баъзе гурӯҳҳои муайян аз ин озодиҳо сӯистифода намуда, мехоҳанд манфиатҳо ва мақсадҳои шахсии худро тавассути дини мубини ислом амалӣ созанд. Ҳатто барои расидан ба ин мақсадҳояшон даст ба таҳрифи ошкори таъриху фарҳанги миллат мезананд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «ифротгаройӣ дар ҳар шаклу намуд барои ислом ва мусулмонон хатар дорад». Хулоса, амиқ дарк намудани моҳияти арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию динӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ва бо ҳам муқобил нагузоштани онҳо вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин масъалаи тайёр кардани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши илмро ҷиддан таъкид намуда, иброз доштанд, ки баъзе аз мардуми мо, бахусус ҷавонон, ҳанӯз дониши кофии динӣ надоранд ва аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бехабаранд. Инсоне, ки ба дин эътиқод дорад, вале донишу маърифати динӣ надорад, равияҳои гуногуни динию сиёсӣ метавонанд ӯро барои татбиқи мақсадҳои муғризонаи худ истифода намоянд. Сарвари давлат аҳли ҷомеа ва олимону донишмандони динии кишварро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон, моҳи хайру эҳсон табрик намуда, онҳоро дар рӯзҳои бобаракату пурфайзи ин моҳи муборак барои анҷом додани амалҳои хайр, созандагию ободкорӣ, ҳамчунин пуштибонӣ аз ятимону бенавоён тарғиб намуданд.
Дар Қуръони Карим дастгирии ятимону муҳтоҷон ва кӯмак ба пирону ниёзмандон борҳо таъкид гардидааст, ки ин амали хайр вазифаи ҳар фарди мусулмон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди муъмину мусулмон бояд нисбат ба ятимону ниёзмандони ҷомеа бетараф набошад ва барои беҳбудии вазъи иқтисодиву иҷтимоии онҳо кӯмак намояд.
Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам бо такя ба Қуръони Маҷид ва ҳадисҳои набавӣ мафҳумҳои хайру садақот, ҳамдигарфаҳмӣ, баробариву бародарӣ ва таҳаммулпазириро аз амалҳои волои исломиву инсонӣ мешуморад. Худи Имоми Аъзам, ҳамчунон ки шогирдонаш баён намудаанд, дар хайру саховат ҳамто надоштанд. Беҳуда хонаи ӯро «Байт-ул- барака» нагуфтаанд. Ӯ, пеш аз ҳама, ба фақирону барҷомондагон ва ятимону муҳтоҷон хайру саховат мекард. Роҳбари давлат дар мулоқот боз таъкид карданд, ки «Рисолати таърихии дин, ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон, ҳамчунон ки Худованд мефармояд: «Ҳамаи шумо ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед». Афсӯс, ки аксари мардуми мо ҳанӯз аз ҳақиқати дини ислом бехабаранд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як мусулмон ба мардум фаҳмондани ҳақиқати дини ислом мебошад. Ҳақиқати ислом иборат аз ақидаи пок, нияти неку дили беғубор, ибодати раббонӣ, ахлоқи ҳамида, аз бадиҳо ва парокандагиҳо дур будан ва ба халқу Ватан манфиат расонидан аст. Яъне, бандагони Худоро воҷиб аст, ки ҳам барои ин дунё ва ҳам барои охират кор карда, ҳаёти худро беҳуда нагузаронанд. Ҳар як соҳиби имон бояд аз аркони ислом бохабар бошад ва онро холисона ба ҷой оварад.
Тибқи маълумот ва таҳқиқоти оҷонсии «Форс» адади масҷидҳо назар ба шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бисёртар аст. Аз ҷумла дар Қазоқистон – 2228 адад, дар Ӯзбекистон – 2050 адад, дар Туркманистон – 400 адад, дар Тоҷикистон – 3938 ададро ташкил медиҳад. Оё ин озодӣ дар дин нест? Дар солҳои 1997, 2001 ва 2005 зимни адо намудани ҳаҷи мубораки умра дар дохили хонаи Каъба дуо ва илтиҷо кардани Сарвари давлат барои ободии кишварамон оё фахри мо нест? Дар соли 2009 бахшида ба бузургдошти 1310 – солагии Имоми Аъзам бо иштироки аксари уламои машҳури олами ислом гузаронидани симпозиум, соли 2010 Душанберо «Пойтахти фарҳанги исломӣ» унвон доданашон, сабт шудани исми Сарвари давлатамон дар рӯйхати 500 нафар шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳони ислом, дар пойтахт бо иштироки намояндагони ёздаҳ ҷумҳурии ИДМ гузаронидани мусобиқаи «Ҳифз ва қироати Қуръон» комилан ҷойи фахр ва изҳори шукри неъмати Худовандист. Мутаассифона, аз ҳамин озодии дин баъзе бародарони исломӣ сӯистеъмол карда, бо вуҷуди он ки падару бобояшон дар мазҳаби Имоми Аъзам будаанд, ба дигар мазҳабҳо ва равияҳо рафта, ба ҷомеаи солим ва бехавфи мо рахна мезананд, ки ин кори онҳо бисёр ташвишовар аст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта, агар ба хотир биёрем, сабабгори асосии низоъҳои дохилӣ ба эътибор нагирифтани мазҳаб, дар шаъни бузургони Ватан суханони беҳуда, беасос ва бемаъно гуфтани онҳо буд. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон такрор ба такрор зикр менамоянд, ки барои ободӣ ва тинҷии кишвар, ҳифзи мазҳаби хеш, яъне пойбандӣ ба як мазҳаб бисёр зарур аст. Дар охир дуо кунем, ки Худованд диёрамонро аз ҳама офатҳову балоҳо дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад, оқибати кори ҳамаро ба хайр гардонад.
Абдулвоҳид ҲОМИДОВ,
муаллими калони ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа