Об унсури зиндагибахш аст. Бидуни он ҳеҷ махлуқе наметавонад зинда бимонад. Заминро сайёраи об низ мегӯянд, аммо оби ошомиданӣ танҳо ду дарсади онро ташкил медиҳад. Инсон фақат ба як дарсади оби поку тоза дастрасӣ дорад. Бинобар ин, поку беолоиш нигоҳ доштани ин унсури ҳаётбахш, ки рӯз то рӯз дар сайёра камтар мешавад, хеле муҳим аст. Миллионҳо нафар дар ин кураи хокӣ аз набудани оби пок азоби ташнагӣ мекашанд.
Аз ин рӯ, СММ Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028» — ро бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа гардид.
Ин сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат на танҳо аҳамияти байналмилалӣ дорад, балки ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ин неъмати худодод бирасем, онро поку тоза нигоҳ дорем, дар масрафи он зиёдаравӣ накунем.
ОБ — УНСУРИ МУҚАДДАС
Мардуми мо нисбат ба об назари хос доранд, ба он бо эҳтиром муносибат менамоянд. Туф кардан ба об бузургтарин гуноҳ маҳсуб мешавад. Ҳар гуна ифлосиҳоро низ ҳаргиз ба об намеандозанд. Ба бовари гузаштагонамон, беэҳтиромӣ кардан ба ин унсур подош дорад. Об мавҷуди зинда аст, рӯҳи он ба одам таъсир мерасонад. Об моро мебинад, мешунавад, нишот мебахшад, ҳамрозамон мегардад. Агар нафаре хоби баде медид, субҳи барвақт рафта, онро ба об мегуфт. Одамон бовар доштанд, ки об пеши бадиҳоро мегирад, онро бо худ ба дуриҳо мебарад, инсонро аз дарду ранҷ наҷот медиҳад.
Дар бештари динҳои олам низ нақши об бузург аст. Ислом, масеҳият, яҳудият ба он чун моддаи поккунанда эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Масалан, масеҳиён маросими ғусли таъмидро дар калисо бо об мегузаронанд. Танҳо об аст, ки инсонро пок мекунад, ба вай болу пар мебахшад.
Ин нукта низ муҳим мебошад, ки мурдаро бо об мешӯянд, поку тамиз карда, баъд мегӯронанд. Тамоми маросими марбут ба ибодат низ бо об оғоз мешавад. Пеш аз намоз гузоштан бо ин моддаи ҷонбахшо таҳорат ё ғусл мекунанд.
Ниёкон обро муқаддас дониста, онро ситоиш мекарданд. Обро эзаде медонистанд, ки нақши офаридгорӣ дорад. Дар «Авасто» дар «Обоняшт» ва «Тиряшт» сухан аз об меравад. Аноҳито ё Ноҳид ҳамчун эзадбонуи об ва борварӣ ситоиш мешавад.
Вақте дар ноҳияи Дарвоз шаҳри Каронро кашф карданд, дар он ҷо маъбади об низ пайдо шуд, ки далели гуфтаи болост.
Суннати муқаддас будани об то имрӯз дар зеҳни мардум боқист. Ҳангоми ақди никоҳ косаи обро дар миён мегузоранд, рӯи онро бо матои тозае мепӯшонанд. Сипас, аз он об арӯсу домод менӯшанд (дар баъзе маҳалҳо он обро ба сари арӯс мерезанд), ки зиндагиашон пок ва беолоиш бошад. Дардҳояшонро об бибарад, балоҳояшонро бигардонад. Ниёгони мо мегуфтанд: Ҳар хонае, ки бо об тамиз карда шавад ва ҳар инсоне, ки пок бошад, неруҳои аҳриманӣ ба вай наздик намешаванд. Чаро ки онҳо аз покӣ ҳазар менамоянд.
Рӯди Вахш ҳам маънои хосе дорад. Вахш, яъне ибтидо ва оғоз. Маънии дигараш кашфу илҳом, фартоб, партави бузурге, ки Худо ба дили пайғамбарон метобад. Аз ин мисол фалсафаи андешаи ниёгон нисбат ба об равшан мешавад.
КОФАРНИҲОН ШИКОЯТ МЕКУНАД
Мутаассифона, мо ба шиддат худро мебозем, суннатҳои ниёгонро, ки моро ба сӯи покиву ростӣ ҳидоят мекунанд, аз даст медиҳем. Бо ҷаҳонишавӣ дарахти тановари фарҳангамон кам-кам хазон мешавад. На тамаддуни муосирро шинохта метавонему на аз фарҳанги куҳан баҳра мебарем.
Кам деҳае вуҷуд дорад, ки оби ҳаммомашон ба ҷӯй нарезад, ҷавонзанҳо памперсу мағзобаву поруро ба об напартоянд. Баъзеҳоямон ба гапи касе гӯш намедиҳем, кори худамонро мекунем. Модарону мӯйсафедон насиҳат мекарданд, обро касиф накунед, ки ранҷур мешавед. Аммо ин ҳикмат аз байн рафтааст…
Дар шаҳри Душанбе занеро дидам, ки ба фарзандаш мегуфт:
- Дастатро бо оби ҷӯй нашӯ, ки ҳаром аст!
Писарча норозиёна ба модар менигаристу чӣ кор карданашро намедонист.
Оби ҷӯйро кӣ касиф мекунад? Чаро мо нисбат ба амали харобкории ҳамдигар бепарвоем?
Дар шаҳри Ҳисор, дар канори рӯди Кофарниҳон, ҳамроҳи дӯстон дам мегирифтем. Рӯд печидаву хурӯшида ҷорӣ мешуд ва насими форамеро бо худ меовард. Одамон гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳар гӯшае истироҳат мекарданд. Ногоҳ чашмам ба зане афтод, ки пасмондаи хӯрокро аз дег ба дарё рехт. Ба наздаш рафта, бо мулоиматӣ гуфтам:
- Хоҳар, кори хуб накардед, онсӯтар қуттӣ барои пасмондаҳо вуҷуд дорад.
- Ака, кори дигар надорӣ, ки ин қадар доноӣ мекунӣ! – бо ситеза ба ман рӯ овард зан.
Ман фурсати посух додан наёфтам, ки касе аз китфам кашид. Нигоҳ кунам, ҷавонмарди нимбараҳнае истода:
- Ин зан ҳамроҳи ман аст, чӣ сарашро гаранг мекунӣ? — гуфт.
Ҳис кардам ҷавонмард асабист. Аввал узр хостам, баъд матлабамро баён намудам.
- Мон, равад! – ба миён даромад он зан, — бо ин гуна мардҳои миҷинг гап назан!
Хулоса, ман ба пеши рафиқонам баргаштам, вале димоғам аз рафтори ноҷо ва бепарвогии он зану мард сӯхт. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки болотар аз ҷойи дамгирӣ дар хамгаште об он қадар бакалашкаву пӯчоқи тарбузу харбуза, пораҳои матоу партобҳои дигарро ҷамъ кардааст, ки ҳисоб надорад. Мо барои санҷидани об ба нӯги чӯби се-чорметрае сатилро маҳкам бастему ба дарё андохтем ва ҳамагӣ даҳ қадам онро ба муқобили ҷараёни рӯд боло кашидем. Вақте сатили пури обро берун баровардем аз дохилаш як памперс ва як матои лӯнда печонидашуда баромад.
Дилам ба ҳоли дарё сӯхт. Наход мо ин қадар бефарҳанг шуда бошем, ки чунин муносибатро бо об раво бинем? Рӯди Кофарниҳонро он қадар олудаем, ки фарёд аз дили пурдард мебарорад.
Дар соҳили ин рӯди сармаст деҳаҳои зиёде вуҷуд доранд. Одамон аз обаш менӯшанд, заминҳоро обёрӣ мекунанд, вале боз беинсофона онро касиф месозанд. Шарт нест, ки оби Кофарниҳонро ташхис карда, покиву нопокиашро собит кунем. Бо нигоҳи одӣ низ мо ҳоли зори онро мебинем.
Баланд бардоштани фарҳанги экологии мардум басо муҳим аст. Чанд даҳсола пеш ин корро падару модарон анҷом медоданд. Онҳо фарзандони худро бо ду вожа — «савоб» ва «убол» тарбият мекарданд. Ҳамин шинохти савоб ва убол дар шакл гирифтани шахсияти одамон нақши бузург мебозид.
Бинобар ин, танҳо бо ҷарима кардану ҷазо додан мо фарҳанги экологиамонро баланд бардошта наметавонем. Роҳу воситаҳои дигаре лозим аст, ки бедорӣ ё ҳушёрии экологиро дар ҳар шаҳрванд ба вуҷуд орад.
ВОРИС, «Садои мардум»