Боғест сабзу хуррам ва пур аз нуру зиё, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе бунёд шуда, бо дилрабоию дилфиребиаш басо оростаю пероста ва ободон. Бо гулгашту роҳравҳои зебою фаррох ва барои сайру тамошо ва осоишу тафреҳ бисёр муносиб ва мувофиқ.
Он ба номи бузургтарин хамосасарои олам, офарандаи «Шоҳнома» — и безавол, Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ гузошта шудааст. Оне, ки тавонист таъриху тамаддун, ақлу хирад, заковат, бузургӣ ва ҳашамати як қавми бузургро бо номи тоҷику форс бо ҳама корномаҳояш дар як китоб ғунҷонад ва манзури аҳли олам гардонад.
Воқеан, то ба имрӯз, башарият асари дигареро дар хотир надорад, ки аз лиҳози мазмуну мундариҷа бо «Шоҳнома» ҳамвазну ҳамсанг офарида шуда бошад,
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дуруст гуфта буд. Ӯ ҳамон вақт дарк карда буд, ки ин амалаш, албатта, рӯзе боиси таҳсину офарини ояндагон мегардад ва барояш умри абад мебахшад.
Воқеан, баъд аз марги шоир, бештар аз ҳазор сол мешавад, ки аҳли назар «Шоҳнома» — ро мехонанд ва барои чунин як шоҳкорӣ ба ӯ таҳсин мегӯяд. Чун рамзи сипосу эҳтиром ба ифтихораш кохҳо месозанд, қасру кушкҳо бунёд мекунанд, боғҳо месабзонанд ва муҷасаммаҳо мебардоранд, то номаш абадӣ дар забонҳо садо диҳад…
Баъди ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ватани мо, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе боғи дилрабо ва сабзу хуррамеро ба номи ӯ гузошта, дар маркази он пайкараашро барафрохтанд.
Имрӯз ин боғ, бешубҳа, дар шумори калонтарин ва ободтарин боғҳои шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба шарофати Фирдавсии бузург, ин мавзеъ, ки дар гузашта як ҷои на он қадар обод буд, имрӯз ба мавзеи аз ҳама зебо, шукуфон ва сабзу хуррам мубаддал гаштааст. Ҳоло ин ҷо маконест оростаю пероста. Ҳар чизе, ки дар ин боғ ба чашм мерасад, сабз асту хуррам, гулбез асту мушкбез. Гулгашту сайргоҳҳои хуррам дилҳоро ҳузуру ҳаловат мебахшанду ҷонҳоро равони тоза медиҳанд. Дарахтони ҳамешасабз ва сарву санавбарҳои чун арӯсони чаман ороёфтааш дар як нигоҳ дили ҳар бинандаро лабрези шодию фараҳ мегардонанд.
Ҳар бинандае, ки ба дидори Фирдавсии бузург меояд, баъд аз зиёрати Ҳаким муддате дар ин боғ қадам мезанад ва аз боду ҳавои мусаффо ва аз насими анбаросояш нафас мекашад, осоиш меёбад.
Басо гуворост, ки ҳам ноҳия ва ҳам боғ номи Фирдавсии бузургро дорад. Ноҳия дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар яке аз минтақаҳои сераҳолию ободу зебои пойтахт ҷойгир гаштааст.
Тарроҳони боғ кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд, ки онро аз лиҳози касбият, ба сифати боғи муосир ва мазмунан миллӣ ба ҷилва оваранд, то дар он ҳама унсурҳояш хоси миллати тоҷик бошад. Онҳо ин рисолатро хеле устокорона анҷом дода тавонистанд. Ҳамзамон дар ин ҷо боз чанд ангораи муҷаллое ҳаст, ки ба боғ шукӯҳу шаҳомат мебахшад. Аз ҷумлаи онҳо нахуст, метавон пайкараи Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро ном бурд, ки дар майдони даромадгоҳи боғ, дар ҷои аз ҳама намоён ва ободу зебои он қомат афрохтааст. Пайкарасоз симои аслии Фирдавсиро, аз мундариҷаи «Шоҳнома» — и бузургаш ҷустуҷӯ карда, сурати аслии шоирро офаридааст.
Маълум, ки офаридану ба вуҷуд овардани симое, ба мисли Фирдавсӣ, ки ҳазор сол пеш аз мо рӯзгор кардаю асари безаволро ҳамчун «Шоҳнома» иншо намудааст, кори саҳлу сода набуд.
Аз амалҳои неки анҷомдодаи муаллифи пайкара аст, ки ӯ ҳамон гуфтаҳои гуҳарбори шоирро, ки баъди хатми «Шоҳнома» иншо карда буд, чун рамзи абадияту безаволии шоир ва асари бузургаш, дар санг ҳаккокӣ кардааст, ки ин чиз шоистаи таҳсин аст.
Дигар унсуре, ки боғро бисёр ҷолиб ва тамошобоб гардонидааст, ин аст, ки аз даромадгоҳи асосӣ, яъне аз самти ҷануб ба шимол, як кӯчабоғи васеъ тӯл кашида, боғро ду қисмат намудааст. Дар ин кӯчабоғ, аз ду ҷониб, қад — қади гулгашту роҳравҳо дарахтони ҳамешасабз шинонидаанд, ки боғро хеле дилрабою диданӣ гардонидаанд.
Ин роҳрав васеъ ва серпаҳно буда, дар навбати худ боз аз гулгаштҳои зиёди хурду бузург таркиб ёфтааст, ки ҳар кадоме аз онҳо барои сайру тамошо, истироҳату осоиш хеле муносибу мувофиқанд. Ҳамзамон, дар ин гулгашту сайргоҳҳо боз аз ду ҷониб, атраксионҳои гуногун, аз ҷумла чанд чархофалаку арғунчакҳои бузургу устувор гузоштаанд, ки хеле ҷолибу назаррабоянд.
Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, аслан боғи истироҳатию фароғатист. Дар ин ҷо барои фароғату истироҳати тамошобинон, имконияти хуб фароҳам аст. Маълум, ки на ҳамаи тамошобинону истироҳаткунандагон сокинони пойтахтанд, балки миқдори зиёдашонро меҳмононе ташкил мекунанд, ки аз гӯшаҳои дури кишвар, инчунин, аз кишварҳои форсизабон, ба дидори Фирдавсии бузург ва тамошои ин боғи фирдавсмонанди он омадаанд.
Наврасон дар боғ барои бозию дилхушӣ имкони интихоби зиёд доранд. Барои онҳо бозиҳои шавқовар хеле зиёд аст, аммо майли бачаҳо ба чархофалакҳои зебою замонавӣ ва арғунчакҳои нарму мулоим бештар аст.
Манфиати хурдсолон ҳам дар ин боғ сарфи назар нашудааст. Барои ин гурӯҳ ҳам он ҷо машғулияти дӯстдошта вуҷуд дорад. Бозии аз ҳама мақбул барои эшон, мошинсаворӣ ҳаст. Бачаҳо ҳар кадоме дар автомашинаҳои худрав нишаста, онро озодона идора менамоянд.
Дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷойҳои ҷолиби диққат хеле зиёданд. Дар ин маврид метавон аз боби наҳрчае серобу равоне ҳарф зад, ки боғро бурида мегузарад. Чунин як наҳри пуроб барои тамошобинон хеле мақбул аст. Дар оби наҳр қаиқрониро ба роҳ мондаанд, ки на дар ҳар боғ дида мешавад. Ҳангоми тобистон мухлисони ин бозии дӯстдошта ба маротиб меафзояд.
Ҳамин тавр, ҳар тамошобин ҳангоми сайругашт дар боғ интихоби зиёдро дар ихтиёр дорад, вале барои табиатдӯстони ҳақиқӣ, имконият боз ҳам бештаранд. Дар чанд ҷои боғ гӯшаҳои зиндаи маҷозиеро бунёд карданд, ки табиати воқеии кӯҳистонро пеши назар ба ҷилва меоранд. Ин гуна манзараҳоро дар чанд ҷои боғ дидан мумкин аст. Чунончи, дар як гӯшае товуси хушхиром домон паҳн кардааст, ки рангҳои думи онро аз гулҳои табиӣ ба вуҷуд овардаанд. Табиист, ки ин гуна манзараҳо рӯҳи тамошобинонро болида гардонидаю равонашонро оромӣ мебахшад.
Дар ин ҷойҳои боғ аксҳои ҷонварони муқими кӯҳистонро дидан мумкин аст. Офарандагони ин манзараҳо, бо тахайюлоти рангину зебои худ то ҷое муваффақ ҳам шудаанд. Онҳо тавонистанд, ки чунин манзараҳои аслии кӯҳистонро, ҳамон тавре ки ҳаст, бо ҳама набототу ҳайвоноташ, ба боғ оварда, эҳё намоянд. Чунин як ҳолат, қалби ҳар тамошобинро ба ваҷд меорад. Хусусан, дидани харсангҳои асил, ки воқеан, аз кӯҳистон фароварда шудаанд. Ҳар нафаре баъд аз тамошои ин манзараҳо худро як муддат дар оғӯши табиати кӯҳистон мебинад.
Ин аст, ки як қисмати тамошобинонро аз ҳама бештар, ин манзараҳои зинда ба худ ҷалб менамоянд. Онҳо маҳз ба хотири тамошои ин манзараҳои кӯҳистон ба боғ ташриф оварда, аз ин зебоиҳо баҳра мебаранд.
Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо боғи истироҳатию фарҳангист, балки он боз як ҷои хеле муносибу мувофиқ барои баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ ва фарҳангӣ ҳам мебошад. Ҳар сол дар ин ҷо чандин чорабиниҳои муҳим ва ҷашну маросимҳои моҳияти шаҳрию ҷумҳуриявидоштаро баргузор менамоянд. Чанд соли охир, ҷашнҳои муҳим, аз қабили «Сада», «Меҳргон», «Тиргон» ин ҷо баргузор мегарданд. Ҳамзамон, бештари намоишҳои ҷумҳуриявӣ, ки моҳияти иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзӣ доранд — «Иди асал», «Иди харбуза» ва «Иди каду», ки миёни мардум маъруфият пайдо кардаанд, дар ин ҷо баргузор мегарданд.
Дар боғ як театри калони тобистона низ фаъолият менамояд, ки барои баргузор намудани ҳамин гуна чорабиниҳо хеле муносиб ва мувофиқ аст. Мо низ борҳо шоҳиди он будем, ки дар ин театр, чорабиниҳои бошукӯҳи ҷашнҳои «Фалак», «Шашмақом»- ро, маҳз дар ҳамин ҷо баргузор намуданд.
Маълум, ки дар дохили чунин як боғи саропо сабзу хуррам, вуҷуд доштани чунин як театр, албатта ба нафъи мухлисон ва тамошобинон хоҳад буд. Аз дигар ҷониб, ин ба он маъност, ки Фирдавсии бузург худ як фарди бофайзу бобаракате буд, ки ҳар ҷо номи ӯ бошад, он ҷо зиндагӣ рангу нумӯи дигар мегирифт.
Бале, боғе ки номи Фирдавсиро дорад, бояд фирдавси барин бошад — пурнакҳат, файзбор ва мушкбезу рӯҳнавоз, ба мисли «Шоҳнома» — и безаволаш…
Алихон ЗАРИФӢ,
рӯзноманигор