БОҒИСТОНИ НАВРӮЗ

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

Биё, Наврӯз, бо хулди баринат,

Ба мушки поку атри анбаринат.

Сахо бахшо ба боғистони тоҷик,

Ба ҳусни файзрезу нозанинат.

 

Ба гирди домани Наврӯз дидам

Дурахши офтобу моҳу ахтар.

Зи боди домани пурнакҳати ӯ

Пур аз нуру сафо дунё саросар.

 

Биё, аз лола нористон бисозем,

Дусад гулхан дар ин майдон бисозем.

Бунафшу савсану сарву санавбар

Парешонхотиру ҳайрон бисозем.

 

Биё, Наврӯз, мо дар сабза шинем,

Ки аз ту соате роҳат бубинем.

Ба кӯҳу дашту саҳро рӯй орем,

Сияҳгӯшу гули Наврӯз чинем.

 

Фалак борони наврӯзӣ бирезад,

Ки сардии зимистонаш гурезад.

Зи боғу роғу кӯҳу дашту саҳро

Навои чаҳ-чаҳи гулҳо бихезад.

 

Аҷаб зебостӣ фасли баҳорон,

Ба боғу роғи сабзу дашту майдон,

Ҳама  наврӯзпӯшу сабзу хуррам

Шукуфта чун арӯси Тоҷикистон.

 

Биё, эй дилбари  шӯхи чаканпӯш,

Баҳори нозанин, хуш омадӣ, хуш.

Расо як сол пазмони ту будем,

Дигар рафтан намемонем зи оғӯш.

 

Аё Наврӯзи оламгаштаи мо,

Сурудат паҳн шуд дар рӯйи дунё.

Ва номи Тоҷикистони азизам

Фаро бигрифт то авҷи Сурайё.

 

Аҷам, ки зодаи Наврӯз бошад,

Дилу дилдодаи Наврӯз бошад.

Ҷаҳолат пардаи Наврӯз будӣ,

Кунун дар ҷодаи фирӯз бошад.

 

Ало, фасли баҳори оламафрӯз,

Зи Ҷамшеду Фаридун дарсомӯз.

Биё, олам пур аз нуру зиё кун,

Ки то хурсанд гардад рӯҳи Ҳурмуз.

 

Гулатро, булбулатро ёд кардам,

Бунафшу сунбулатро ёд кардам.

Биё, Наврӯз, рӯзи хосаи сол,

Ки банди кокулатро ёд кардам.

Ҷӯрабек МУЪМИН