«Мо вазифадорем ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳолатҳое мешавад, ки аҳли хонадон аз мағозаи хусусии деҳа нася маҳсулот мегиранд. Ба писарам Шаҳбоз пайваста таъкид мекунам, ки то ҳадди имкон аз гирифтани қарз худдорӣ намояд, зеро қарз хосияти хуб надорад. Дигар ин ки аз боварӣ баромадан ҳам хуб нест. Шахси дастатрогирифта набояд дунболи ту давад.
Саҳар аз назди мағоза мегузаштам, ба писарам занг зада дар бобати қарздорӣ аз мағоза пурсон шудам. Посух «намедонам, аниқ мекунам!» буд. Аз бонуи фурӯшанда хоҳиш кардам, ки дафтарашро бинад. Варақ гардонду варақ гардонд ва ниҳоят «Шаҳбози дарё» ном саҳифаро пайдо ва маро бо завқу салиқаи номмонии худ ин зани ҳамагӣ бо маълумоти миёна дар муқоиса бо номмониҳои булаҷабу бегонапарваронаи иддае, ки имрӯзҳо хеле мӯд гардидааст, хурсанд намуд. Ин тахаллусро ба хотири дар лаби дарё қарор доштани манзили мо гузошта буд. Аҷаб нест, ки тахаллуси овозхони маъруфи афғон Фарҳоди Дарё низ аз ҷиҳате бо дарё алоқамандие дошта бошад? Ба ҳар сурат, чӣ ном ва чӣ тахаллуси бомаънию зебо шуниданисту сутуданӣ. Баробари ба забон овардану шунидани он кас лаззати маънавӣ мегирад.
Беҳтарин аз намунаҳои номгузориҳои мо, ориёинажодон, ки дар хуну мағз-мағзи ҷонамон бо табиати шоиронаамон маъво гирифтааст, аз ниёгон ба мерос мондааст: Ҳофизи Шерозӣ, Ҳилолӣ, Гуландом, Гулчеҳра, Гулистон, Моҳистон, Озода, Таҳмина, Рӯдоба, Сиёвуш, Рустам, Суҳроб, Исфандиёр, Диловар, Бахтиёр, Андароб, Сафеддара, Камонгарон, Чорбоғ, Дуоба, Бар – Бар, Чортут, Чоркӯҳ, Шаббода, Шугнов, Варзоб, Сурхоб, Сияҳоб, Ҳисор, Фархор, Хуҷанд, номи китобҳо «Гулшани адаб», «Гулшани роз», «Борони муҳаббат»…
Инсон ҳам ҷузъи табиатест, ки дар он ҳайвоноту набототи зиёд мезианд ва ҳар кадоме соҳиби ном, хислату рафтор ва лаҳну садои хоси худ мебошанд ва онҳоро маҳз бо ҳамин нишонаҳо мешиносанд. Ҳатто, миёни булбул ва тутӣ фарқ аз замин то осмон аст. Гуногунрангӣ тақозои қонуни офариниш ва омили асосии зебоии олам аст.
Бинобар ин, набояд анъанаи неки миллиро хати батлон кашем ва ба ҷои номҳои зебои тоҷикона номҳои бегонаю берангу бемазмунро ба фарзандон гузорем. Омилу ваҷҳе боис шуда наметавонад, ки мо, тоҷикон, фарҳанги зебои номгузории худро қурбони фарҳангҳои бегона созем. Ному насаб ба муҳит, табиати атроф, орзую омоли ҳар як халқу миллат пайванди ногусастанӣ дошта, аз нишонаҳои хоси миллӣ мебошанд. Хоҳ он табиати чун Тоҷикистон биҳиштосо бошад, хоҳ чӯлу биёбони тафсони араб, хоҳ яхистони Сибиру Чукотка. Ҳар миллате тавассути номгузорӣ меҳру муҳаббати худро ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ баён медорад. Ном дар мардуми мо ҳамеша бо нанг ва нанг бо ном якҷоя меоянд. Бадномӣ сахттарин фоҷиаи мардуми ориёист. Дар ин амал ҳеҷ миллатгароӣ ва таҳқири миллате нест. Тамоми забонҳои дунё аз якдигар ин ё он вожаеро пазируфтаанд. Аммо на ба ин ҳадде, ки дар мо, тоҷикон, мушоҳида мешавад. Андозаро нигаҳ бояд дошт. Рӯ овардан ба ному фарҳанги бегона, даст кашидану нафрат ба ному фарҳанги миллӣ камоли носипосӣ, кӯрнамакӣ ва гуноҳу хиёнати нобахшиданист. Барои пайравӣ ба ин ё он дин қурбонии номи миллии худ ва рӯ овардан ба «номҳои китобӣ», ки имрӯз авҷ гирифтан дорад, шарт нест. Сидқро дил муайян мекунад, на ном. Ганҷ дар қаъри дарё ҷойгузин асту хору хасон рӯ-рӯи об шино мекунанд. Сират болотар аз сурат аст. Ба фатвои ду-се чалласаводи айёру найрангбоз ба маҷусӣ будани ҷашнҳои миллӣ ва номҳои ориёӣ бовар намудан ниҳояти гумроҳист. Ин тоифа барои нафси бетаги худ, мустаҳкам намудани таъсиру ҷойгоҳи худ миёни омма бо истифода аз бовару эътиқоди мардум ба ҳама кор қодиранд. Давлатҳои истеҳсолкунандаи ашёю таҷҳизот ҳаргиз ба он номи бегона намемонанд ва миллати худро тарғиб менамоянд. Чунончи, дар хурдсолии мо мавриди хатнаи писарчаҳо ҷои теғи ҷарроҳии тиббӣ усто теғи дасти худро, ки «Теғи ислом» ном монда буд, талқин менамуду ҳатман музде меёфт. Агарчи теғҳо маҳсули дасти устоҳою заводҳои мамолики Ғарбу Аврупо буданд, ки ё шакли дунявиро доштанд ё пайрави динҳои ғайр буданд. Чун имрӯз, ки аксар молу маҳсулот хитоиянд. Зомини ризқи касе нестем, вале ба хотири манфиатҷӯе дар ҳаққи забони миллат ҳам зомин шудан хиёнат аст!
Ном ҷузъи таркибии забон ва забони миллат шиносномаи миллат буда, забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Забоне, ки асрҳо ин ҷониб аҷнабиён бо ҳар роҳе мехостанд, онро аз байн бубаранд.
Ҳоло ин муборизаи абарқудратон бо дасти «Толибон» дар Афғонистони имрӯза идома ёфта истодааст. Маҳз бо кӯшишҳои мустамликадорони англис мавқеи забони тоҷикӣ-форсии то ба Ҳиндустон паҳнгардида танг гардид. Аз сустии мо суиистифода намуда, тавонистанд, ки забони худро ба забони муоширати ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ҳанӯз ҳам аз муборизаи ифлоси худ даст накашидаанд. Яъне, мубориза баҳри нест кардани забони ширину шевои тоҷикӣ — форсӣ аз ҷониби англисҳо, панарабу пантуркистҳо идома дорад. Барои нест намудани миллате бояд забону фарҳанг, таърих ва ифтихороти миллии онро маҳв намуд. Бинобар ин, масъалаи забони миллатро масъалаи ҳаёту мамоти миллат ҳисобем, хато намешавад.
Муҳаббати мардуми мо ба ному насаби аҷдодӣ хеле зиёду самимист. Мақолҳои «Номи зебо – ними ҳусн», «Номи баланд беҳ аз боми баланд» аз ҳамин муҳаббат сарчашма мегиранд. Борҳо шоҳид гардидаам, ки пеш аз кушодану хондани мақола аҳли завқ ибтидо ба сарлавҳа, яъне номи мақола аҳамият медиҳанд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикиро чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун таъкид менамояд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвиби Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ба мардум ройгон тақсим кардани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва инак «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷумлаи ғамхорӣ ва арҷгузорӣ ба забон аст.
Фақат ин ҳамаро ҳаматарафа дастгирӣ ва корро боз ҳам ҷоннок намудан лозим асту бас. Барои онҳое, ки ба миллату Ватан хидмат кардан мехоҳанд, фурсати муносибе пеш омадааст. Замоне фаро расидааст, ки дар фикри покию беолошии забони модарии худ бошем. Онро аз ҳар гуна вожаҳои нодаркори бегона тоза намоем. Забони модарии мо, ки барҳақ, шиносномаи миллат, муқаддасоти миллӣ, кафили мавҷудият ва эҳтирому эътирофи миллат мебошад, давоми асрҳо дар муқобили душманони сершумор чун қуллаҳои сарбаафлоки Боми ҷаҳони тоҷик устувор мондааст. Бо пуштибонӣ аз ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ мо бақои миллат, обрӯю нангу номус, қадру қимати худро ҳамчун тоҷик ҳимоя менамоем.
Гар хуни поки мост кафили давоми мо,
Бо ному бо забон бувад эҳтироми мо.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»