Ҳанӯз шафақ надамида буд, ки аз кӯча баробари савти дафу чанг садои марде баланд ба гӯш расид: Ҳооой мааардууум, Наааврӯӯӯз ооомааад, Наааврӯӯӯз! Ин садо, ки марғуладор буду оҳанги мутантан дошт, ба мо — бошандагони шаҳр аз фарорасии Наврӯз паём медод. Кӯдакон зери навои дилнишину руҳбахши мусиқӣ аз хоби ноз бархоста, ҳамагӣ ба айвони хона тохтанд. Аҷаб манзараи зебое: аз роҳ фойтунҳо бо аробаи мунаққаш мегузаранд. Дохили он мутрибон оҳанг менавозанд. Он аз пироҳани гулдӯзию чакан, ки бонувон ба бар доранд, гулпӯш аст.
Ҷавони тануманди болои асп, ҳамоно пайғом мерасонад: Нааааврӯӯӯз ооомааад, Наааврӯӯӯӯӯз!
Кӯдакон нахуст сӯи мутрибон даст афшонда, сипас дар айвон хеле рақсиданду шодӣ карданд. Аз айвони хонаи ҳамсоя ва биноҳои баландошёнаи рӯ ба рӯ низ садои ханда ба гӯш мерасид. Онҳо аз дидани манзараи зебо, шунидани оҳангҳои қалбошӯб хурсандӣ мекарданду ман бештар аз эҳёи боз як оини Наврӯзи ниёгон дар рӯзгори хеш.
Наврӯз дар гузори таърих бо сабабҳои мухталиф бисёр оинҳои худро аз даст дод. Баъзе урфу одатҳои он фақат дар хотираи таърих боқӣ монда буд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ, лутфи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаққиқон ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни аҷдодиро пажӯҳиш намуданд, ки ин боиси эҳёи оинҳои фаромӯшшудаи Наврӯз гашт ва онҳо ҳамасола, ҳини таҷлили ин ҷашн иҷро мегарданд.
Фойтунҳо аз назди хонаи мо дур шуданд. Ҳамин, ки аз назар ғоиб гаштанд, кӯдакон ба суол додан оғоз карданд: Оча, Наврӯз аз куҷо омадааст? Ба куҷо меравад? Замони кӯдакии Шумо Наврӯз буд?… Аз шунидани ин суолҳо хушнуд шудам. Шод гаштам, ки фарзандонам решаҳои худро мепӯянд. Ман ба ин боварам, ки дарёфти посух фарзандони моро ба гузаштаи ниёгони худ ошно месозад, аз асли хеш дур шудан намемонад. Ин ҷодаест, ки онҳоро ба шинохти дурусти худ ва олами атроф мерасонад. Ба ин хотир, ҳар чӣ аз боби ин ҷашни бостонӣ ва оинҳои он хонда будаму медонистам, барояшон қисса кардам:
- Наврӯз оинаеро мемонад, ки асли моро таҷассум мекунад. Агар хоҳед худро шиносед, ба Наврӯз рӯ оваред. Тамоми урфу одат, анъанаҳои миллӣ, тарзи зисту зиндагии мардуми моро аз розҳои ошкору ниҳони он метавон дарёфт. Он аз давраҳои қадим ба рӯзгори мо расида, дар умри тӯлонии худ шоҳиди воқеаҳои зиёде мебошад, ки дар гузори таърих ба сари миллати мо омадааст.
Мегӯянд аввалин бор онро шоҳ Ҷамшед ҷашн гирифтааст. Шояд ҳамин гуна бошад, аммо баъдтар бобокалонҳои мо онро аз бобокалонҳояшон ба мерос гирифта, то ба замони мо оварда расонданд.
Ҳамин, ки фасли сармо паси сар шуда, табиат пироҳани сабз ба бар менамуду сияҳгӯш — аввалин гӯли баҳорӣ аз хок сар бурун мекард, мардум ба Наврӯз омодагӣ мегирифтанд. Онро дар базмгоҳҳои махсус, ки барои таҷлили Наврӯз бунёд мегашт, ҷашн мегирифтанд. Бонувон аз аввали шаб то субҳ суманак мепухтанду орзу мекарданд Худованд онҳоро то ба Наврӯзи дигар саломат расонад. Гулхан афрӯхта, марду зан аз болои он меҷаҳиданд, то сурхрӯ бошанд. Пироҳани нав ба бар мекарданд, аз гуноҳи ҳам мегузаштанд.
Модарон бо сад умеду орзу барои духтаронашон чакан медӯхтанд, то зиндагиашон мисли чакан рангоранг бошад. Офтоб дар домони покашон бидурахшад, чун забонаи оташ сурхрӯ бошанд. Боз рамзи туморро дар он ҷо медоданд, то ҷигарбандонашонро аз офатҳо эмин нигоҳ дорад.
Бале, замони кӯдакии мо низ Наврӯз буд. Мо ҳам бо пироҳани оростаи чакан, рӯи теппаи деҳа, ки аз омадани Наврӯзу баҳор лолазор мегашт, ин ҷашнро пешвоз мегирифтем. Наврӯз дар пироҳани чакани мо ба ҳазор ранг мерасид. Мерақсидем, шеър мехондему шодӣ мекардем, аммо он фақат ҷашни рақсу сурудхонӣ нест. Эҳёи табиат, замони киштукор низ мебошад.
Ёд доред, чанд рӯз пеш мо хонатаконӣ доштем. Ҳамроҳ кӯрпачаҳоро ба офтоб баровардем, дару тирезаҳоро пок кардем, косаҳои шикастаро аз хона берун андохтем. Ин ҳам аз оинҳои Наврӯз мебошад, аммо бидонед, балки ҳаргиз аз ёд набророед, ки аз ҷашнҳои бостонӣ ба мо фақат Наврӯз мерос намондааст. Агар Наврӯз дар баҳор таҷлил шавад, Сада дар зимистон, Меҳргон дар тирамоҳ ва Тиргон дар тобистон ҷашн гирифта мешаванд. Ин ҷашнҳо дар тамаддуни ҷаҳон падидаи нодир мебошанд, ки бо шарофати Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шуданд ва мо онҳоро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.
Пурсидед, ки Наврӯз куҷо меравад? Наврӯз баробаршавии шабу рӯз низ мебошад, ки он ҳар сол 20 ё 21 март фаро мерасад. Нуҷумшиносон мегӯянд, ки ин тафовут бо далели таъсири ҷозиба дар гардиши Замин аз ҷониби дигар сайёраҳо ба вуҷуд меояд. Баробаршавии шабу рӯз дар ҳоле рух медиҳад, ки Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Яъне, ин ҳодиса — баробаршавии шабу рӯз дар вақти муайяни сол рух медиҳад. Акнун бигӯед, ки вақтро дошта мешавад? На! Наврӯзро хам дошта наметавонем. Бо дигар шудани фасли сол, бо гузшти вақт меравад, аммо барои ҳамеша на. Дар ҳамин вақти соли дигар дарамонро мекӯбад. Замин месабзаду нарм мегардад, то аз дилаш боз сияҳгӯш бурун ояд, дони бо сад умед киштаи деҳқон бисабзаду самар диҳад…
Замоне нотавонбинон намехостанд Наврӯз миёни мардум ҷашн гирифта шавад ва барои ин садҳо далел меоварданд. Бале, азизонам Наврӯз ин гуна тирарӯзҳоро низ пушти сар намуда, аммо саодати баланди мост, ки он имрӯз дар симои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон дорад. Ин ҷашнро дигар касе аз мо гирифта наметавонад, зеро бо шарофати Роҳбари давлати мою роҳбарони чанд кишвари дигар Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Акнун бо шарофати Наврӯз ҳамасола аз 21 то 24-уми март дар кишвари мо рӯзҳои истироҳат эълон мегардад. Ин имконияту шароитро роҳбарияти Ҳукумати кишвар барои он фароҳам оварда, ки тавонем оини дигари наврӯзиро ба ҷо орем. Яъне, ба аёдати наздиконамон шитобем, аз ҳолу дили ҳамдигар огоҳ шавем. Худо хоҳад, ин баҳор ҳамроҳ ба аёдати бибиатон меравем.
Нақли кӯтоҳамро дар бораи Наврӯз ба поён расонда, дидам, ки кӯдаконам мутаҳайиранд. Шояд ба худ меандешанд, ки чӣ гуна як ҷашн метавонад дар худ ин ҳама шукӯҳу зебоию сабзишу покиро биғунҷонад. Аммо ҳақиқат ҳамин аст.
Ба равзана менигараму мебинам шаҳр худро пурра аз оғӯши кокулони сиёҳи шаб раҳо карда, шафақ дамидааст. Тирезаи хонаро мекушоям, дарахтон, гулу майсаҳо аз шабнам басо ороста гаштаанд. Хона дар як он аз боди серуни саҳар, ки ба машом бӯи баҳорро меорад, пур мегардад. Одамон шитоб доранд, сӯи Наврӯзгоҳ. Охир, ҳанӯз шафақ надамида мунодӣ аз фарорасии Наврӯз пайғом оварда буд.
Ба кӯдаконам менигараму мегӯям: Хезед, беҳтарин либосҳоятонро ба бар кунед, ба Наврӯзгоҳ меравем. Ҳар чӣ аз Наврӯзу оинҳои он гуфтам, ба чашми сар хоҳед дид. Хезед…
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»