Бо ту дорем ифтихор

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

19Эй абармарди  замон, пушту паноҳи тоҷикон,

Шуҳрати миллат бибурдӣ ин замон то осмон.

Миллати садпораро воҳид намудӣ оқибат,

Тоҷики ман боз гардид соҳиби тахти каён.

 

Бо ту дорем ифтихор, эй Пешвои муҳтарам,

Аз ҷабинат гашта рӯшан осмони кишварам.

 

Аз ту пирӯз аст имрӯз бахти ман, иқболи ман,

Шоду масрур дар Ватан  хеши ману атфоли ман.

Чун уқобон пар кашам андар фазои кишварам,

Қудрату зӯру тавон пайдо намуда боли ман.

 

Бо ту дорем ифтихор, эй Пешвои муҳтарам,

Аз ҷабинат гашта рӯшан осмони кишварам.

 

Тоҷикистон шуд гулистон аз талошу заҳматат,

Хонаи тоҷик мунаввар аз туву аз ҳимматат.

Тоҷикон дар рӯи олам сарбаланду сарфароз,

Ҷовидон пойдор бодо рӯи олам давлатат.

 

Бо ту дорем ифтихор, эй Пешвои муҳтарам,

Аз ҷабинат гашта рӯшан осмони кишварам.

 

Менамоям ман ба номи Пешвоям ифтихор,

Заҳмати ӯ кард обод кишвари доимбаҳор.

«Арчаи сабзе бигардӣ дар диёри тоҷикон»,

Ин дуо андар забони пиру барнои диёр.

Бо ту дорем ифтихор,

эй Пешвои муҳтарам,

Аз ҷабинат гашта рӯшан

осмони кишварам.

Диловари МИРЗО