Боргоҳи зуҳури ҳунармандон

№125 (4545) 07.10.2022

DSC_0878 стДар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат соҳаи фарҳанг рушд ёфта, муассисаҳои зиёди касбӣ ва олии таълимӣ, қасру китобхона ва осорхонаю марказҳои фарҳангӣ — фароғатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон низ аз падидаҳои замони истиқлолият дар соҳаи фарҳанг мебошад. Хабарнигори рӯзнома бо ректори консерватория Миралӣ Достизода ҳамсуҳбат шуд.

- Мехоҳам суҳбатамонро аз боби пешравиҳое оғоз намоем, ки даврони соҳибис­тиқлолӣ дар соҳаи фарҳанг ба амал омаданд.

- «Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, нав­расону ҷавонон бисёр муҳим мебошад» — зикр шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Воқеан ҳам, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати рушди фарҳанг тадбирҳо андешида шуда, соли 1992 «Консепсияи инкишофи маданияти Тоҷикис­тон» қабул гардид, ки он ба таъмини рушди бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг мусоидат намуд. Баъдан, як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки ­фаъолияти муассисаҳои фарҳангиро ба танзим дароварда, ба рушду тараққии муассисаҳои фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшид. Чунончи, соли 1997 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»-ро қабул намуд, ки он фаъолияти соҳаи фарҳанг­ро ба танзим дароварда, барои рушду такомули минбаъдаи на танҳо муассисаҳои фарҳангии давлатӣ, инчунин, таъсиси муассиса ва корхонаҳои хусусӣ дар ин соҳа низ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2002), «Дар бораи иттилоот» (2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2005), «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.

Дар ин давра бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Ҳар сол 20 март — Рӯзи фарҳанг ва Рӯзи зиёиёни эҷодкор, 4 сентябр — Рӯзи китоб, 21 — 24 март — ҷашни байналмилалии Нав­рӯз, 18 апрел — Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, 12 май — Рӯзи шашмақом, 10 октябр — Рӯзи фалак, 7 ноябр — Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад.

- Таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги фарҳангии замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад…

- Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов соли 2003 таъсис ёфта, ягона мактаби олиест, ки дар Тоҷикис­тон мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд. Барои таъсиси чунин як муассисаи бонуфузи олии соҳаи фарҳанг низ дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мусоидат кард. Айни ҳол дар консерватория се факултет — иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрадӣ ва 13 кафедра фаъолият дорад. Таҳсил дар муассиса аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи 14 ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар ихтисос­ҳои номбурда 437 донишҷӯ, аз ҷумла 292 нафар дар шуъбаи рӯзона, 126 кас ба таври фосилавӣ ва 19 шахс ҳамчун магистр таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 360 нафарро писарон ва 77 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Инчунин, дар консерватория 11 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 8 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, мутаносибан якнафарӣ аз ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Теъдоди умумии кормандони консерватория 292 нафар буда, аз он ду доктори илм, 5 профессор, 5 нафар иҷрокунандаи вазифаи профессор, ду нафар номзади илм, дотсент, як нафар номзади илм, 7 нафар дотсент, 7 нафар иҷрокунандаи вазифаи дотсент, 31 омӯзгори калон, 49 омӯзгор, 8 консертмейстер мебошанд.

Баҳри ба сатҳи профессионалии байналмилалӣ бардош­тани ҷараёни таҳсил ба ҳайси омӯзгор ба консерватория мутахассиси барҷастаи хориҷӣ, профессори Консерваторияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мустафо Бафоев (композитсия) ҷалб гардидааст.

Бо мақсади баланд бардош­тани сифати таҳсилот, муайян кардани дараҷаи азхудкунии фанҳои таълимӣ дар назди Шӯрои илмӣ-методии консерватория гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда Комиссияи назорати сифати таълим ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён дар ҳайати 10 омӯзгори ботаҷриба таъсис дода шудааст.

- Хатмкунандагони консерватория бо ҷои кор таъмин мешаванд?

 - Раёсати консерватория барои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон пайваста чора меандешад. Инчунин, давоми таҳсил хатмкунандагони муассиса дар оркестру ансамблҳои давлатӣ кору фаъолият мекунанд, ки баҳри дарёфти ҷои кор мусоидат менамояд. Назорати таъмини хатмкунандагон ба ҷои кор вобаста ба тахассусҳо (асбобҳои нодир) дар оркестрҳои симфониву халқӣ ва ансамблҳои давлатӣ ба назар гирифта мешавад.

Соли гузашта, тибқи роҳхат, хатмкунандагон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов (5 нафар), Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ (4 нафар), Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев (7 нафар), Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 нафар), Оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 нафар) соҳиби ҷои кор шуданд. Ҳамчунин, хатмкунандагони мо дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ, Коллеҷи ­санъати шаҳри Душанбе ба номи ­А.Бобоқулов, муассисаҳои давлатии томактабӣ ва бахшҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо ба кор ҷалб гардиданд. Яъне, талабот ба мутахассисони консерватория зиёд аст ва мо кӯшиш мекунем, дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат саҳми арзанда гузорем.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»