«Варвара Яковлевна мехост, ки аз Ваня инсони неку меҳнатдӯст ба воя расонад. Ба Худо, албатта боварӣ надошт, вале муътақид буд, ки қонуни ниҳоне вуҷуд дорад ва инсонро барои ҳамаи бадиҳое, ки ба атрофиёнаш расонидааст, муҷозот мекунад».
Аз ҳикояи «Шуҷоати Ваня»
Завқмандони асарҳои бадеии насрӣ кайҳост, ки бо навиштаҳои хонданибобу хотирмони қаламкаши сермаҳсул Хайруллоҳи Раҷабиён ва тарҷумаҳои муваффақонааш шинос мебошанд. Ӯ ҳамеша дар талошу такопӯ ва дар интихоби мавзӯъ комёб мебошад. Мавзӯъҳои интихобнамудааш ба мушкилу масоили ҳалталаби рӯзгори инсонҳо тааллуқ доранд. Ҳадаф аз он ҳама дидани ҳаёти одамон дар фазои солиму беолоиш, тантанаи ахлоқи хуҷаста дар миёни онҳо, ба ростию росткорӣ ҳидоят намудани мардум, аз байн бурдани камбудию мушкилу монеа мебошад.
Инак, бо амри дили беқарори худ Хайруллоҳ боз як кори хайре анҷом дод. Бо ранҷу заҳмати зиёд, вале қалбе пур аз ифтихору фараҳ асари «Бӯстонсарои холӣ» – и нависандаи машҳури рус Константин Паустовскийро тарҷума ва бо тавсияи Шӯрои тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ихлосмандон пешниҳод намуд. Мавриди зикр мебошад, ки дар ҳикояҳои К. Паустовский беҳтарин хислатҳои инсонӣ – некӣ, меҳру муҳаббат, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва фидокории инсонҳо тараннум мегардад. Қаҳрамонони ҳикояҳо дар айёми сахту пуразияти Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар бурдаанд. Китоби мазкурро ҳикояҳои «Ангуштони фулодӣ», «Боғи модаркалон», «Бӯстонсарои холӣ», «Насими баҳр», «Настяи тӯрбоф», «Ниёиши мураббия Бове», «Покуи англисӣ», «Ҳаёт», «Ҳикояти лимӯ», «Шуҷоати Ваня» ва «Харгӯшҳои сафед» ҳусни маънӣ бахшидаанд, ки яке аз дигаре шавқоваранд.
Дар мавриди забони асар ва тарҷумаҳои Хайруллоҳи Раҷабиён месазад гуфт, ки он ниҳоят пуробуранг ва оммафаҳм мебошад.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»