Боздиди иштирокчиёни синамо ҷашнвораи «Тоҷи сомон» аз қалъаи таърихии Ҳисор

№ 20.10.2023

Аз 15 то 20 — уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе макони баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърих рушди тоҷикон» гардид.

17-уми октябр ҳайати синамогарон аз кишварҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Молдова, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Туркия, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, ки барои ширкат дар ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» қарор доштанд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан намуданд.

Меҳмононро дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор раиси шаҳр Қосим Роҳбар пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Тибқи таомули аҷдодӣ меҳмононро гулдухтарони чаканпӯш бо нону ширинӣ, ансамбли фолклории «Бобоҷон» ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр таҳти садои карнаю сурнай, бо рақсу шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори ташрифи синамогарони ҷаҳон ба шаҳри Ҳисор, ҳунармандону кадбонуҳои шаҳр дар назди Корвонсаройи Мамнуъгоҳ намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро пешкаши меҳмонон намуданд.

Синамогарон бо «Арки Қалъаи Ҳисор», «Аскархона», «Амфитеатр», «Қасри Ҳоким» ва мадрасаҳои «Кӯҳна» ва «Нав» шинос шуда, оид ба таърихи дирӯзу имрӯзи Ҳисори бостон маълумоти мухтасар гирифтанд.

Гуногунии фарҳангҳо ва анъанаҳои эҷодӣ ба фазои ҷашнвора ҳусни дигар зам намуданд, зеро киноматаграфистони мамлакатхои гуногун дар оғӯши табиати зебо мубодилаи таҷриба намуда, ҳамдигарро ба лоиҳаҳои нав ошно намуданд.

Ҳамин тариқ, ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» гувоҳи равшании он гардид, ки чӣ гуна синамо метавонад ба мардуми манотиқи мухталифи дунё таъсири мусбӣ расонида, риштаи дӯстӣ байни фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногун бунёд намояд.

Дар анҷоми боздид иштирокчиён ва меҳмонон аз таассуроти неки худ мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки барои худ боз як макони зебои филмофариро дар яке аз гӯшаи кишвари офтобрӯя бо номи Тоҷикистон кашф  карданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»