Ба наздикӣ дар Хуҷанди бостон будам. Аз насими форами дарёи Сир, аз тамошои «Боғи Камоли Хуҷандӣ», аз дидани фаввораю гулгаштҳои зебо ва биноҳои хуштарҳ, аз чеҳраҳои меҳмоннавоз ва салому алейки рӯҳафзои хуҷандиҳо ҳаловат бурдам. Хушам омад, ки бисёр кӯчаву маҳаллаҳо ба номи шахсиятҳои маъруфи ин диёр гузошта шудааст. Ҳангоми сайругашт чашмам ба иморати барҳавое афтид, ки «Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ» ном дорад. Табъи хушам хуштар шуд, дилам лабрези фараҳу шодӣ гардид. Чаро ҳамин тавр набошад, ки устод Лоиқ шоире буд тавоно, табиати эҷодаш оламгир. Ӯ умри шастсолагиро надида бошад ҳам, ашъораш ҳазорҳою садҳазорҳо шастсолагиро мебинад, зеро шеъри ӯ парвози баланд ва овози баланд дорад. Сурудаҳояш хеле фаровон тараннум мешаванду дар қалбҳо ҷой ёфтаанд. Хидмати устод Лоиқ дар адабиёти тоҷик, дар назди миллат бузург аст. Ҳамин аст, ки баъди маргаш номи ӯро гиромӣ медоранд. Банда медонам, ки дар Панҷакенти бостон «Боғи Лоиқ» ҳаст, симояш лоиқи ҳайкал шудааст, ҷамоати деҳот ва кӯча ҳамноми ӯст. Дар шаҳри Душанбе низ кӯчаеро ба номаш гузоштанд. Шояд чӣ чизҳо, чӣ қадрдониҳои дигаре бошанд, ки мо хабар надорем.
Кас ҳамаи инро дида ба онҳое, ки адабиётро эҳтиром мекунанду ба намояндагони беҳтарини он арҷ мегузоранд, хидмати фарзонафарзандонашонро меписанданд, аҳсану офарин мехонад.
Эътирофи устод Лоиқ Шералӣ моро ба андешае мебарад: магар хуб намешавад, ки чунин қадрдонӣ ба устод Бозор Собир раво дида шавад? Бозор Собир дар боғи пурнакҳати адабиёти тоҷик дарахти пурборест, ки меваҳои ширину лазизаш ба ҷонҳо тавон мебахшад. Байни Лоиқу Бозор ҳарфи муқоиса кам аст. Банда ҳар дуро ҳамсанг медонам. Қудрату манзалати эҷоди ҳар дуро дар адабиёт пасту боло набояд шумурд. Лоиқ Бозорро ва Бозор Лоиқро дар офариниши шеъру сухан сахт эътироф мекарданд. Онҳо дар ҳаққи якдигар шеър доранд. Як нуктаи муҳим он аст, ки устод Лоиқ ба арзи эҳтиром Бозорро «Мавлоно»-гуфта муроҷиат мекард.
Лоиқу Бозор дар адабиёти тоҷик аз шоиронеанд, ки достону маснавӣ наофаридаанд. Вале шеърҳое доранд, ки ҳар кадом қимати чанд достонро дорад. «Теғи Сино», «Девори Бухоро», «Дарвозаи Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Ғазои Восеъ» маҳорати баланди эҷодӣ, таърихдонӣ ва ҳисси баланди миллии Бозор Собирро ҷилва медиҳанд.
Ӯ бо шеъри «Забони модарӣ», ки хеле барвақт дар даврони шӯравӣ эҷод кард, ҳамчун шоири ватандӯст шуҳратёр гардид ва он яке аз беҳтарин шеърҳои адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар худшиносиву худогоҳии ҳамватанон нақши босазо дорад.
Устод Бозор аз Файзова, деҳаи хурдакаки Файзобод рӯида, Тоҷикистонро бо ҳиссиёти баланди шоирӣ сароида тавонист. Аз санъаткорони тоҷик Саидқул Билолов дарди ватанхоҳии ӯро хуб дарк карда, беш аз 60 шеърашро ба оҳанг дароварда, таҳти садои ширину дилнишин ба гӯшу дили мухлисон расонид. Аз шунидани шеъри «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд» бар оҳанги мутантани Саидқул Билолов дили кас гум мезанад…
Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,
Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.
Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳамоташи Зардуштем,
Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати даргузашти шоир навишта буд, ки «Бозор Собир ба зиндагӣ ва шеър, ба таърих ва ҷомеа, ба инсон ва шахсият, ба арзишҳои моддию маънавӣ ва миллию башарӣ диду назари хосса дошт».
Нақди адабӣ хидмати Бозор Собирро дар тасвири симои Тоҷикистон, бедории ҳофизаи таърихи миллати тоҷик, шинохту шиносонидани дирӯзу имрӯзи халқу диёр ва фарзандони фарзонаи миллат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва завқи зебоиписандии мардум ҳаққонӣ эътироф намудааст.
Хонанда ҳис кард, ки иншои ин сатрҳо маънии таҳлили шеъри устод Бозор Собирро надорад. Тавре гуфтем, мавқеи ӯро дар адабиёти тоҷик нақди адабӣ, адабиётшиносони номӣ муайян кардаанд. Мо фақат ҳаминро мегӯем, ки шеър ҷузъи муҳими зиндагии Бозор Собир буд. Ва он ба ҷузъи зиндагии мухлисону ҳаводоранаш табдил ёфт. Шахсонеро медонем, ки ашъори шоирро аз бар кардаанд. Сабаб он аст, ки шеъри ӯ барангезандаи иштиёқу ҷаззобияти инсон, воситаи муҳими омӯзиши забон, таърих, тарбиятгари фарҳангу тамаддун, ҳамдарди ғаму андуҳи халқи тоҷик аст. Инро ҳам гуфтан мехоҳем, ки дар адабиёт кам шоироне ҳастанд, ки образи модарро чун Бозор Собир сода, шево, ширину дилнишин офарида бошанд.
Тасвироти Бозор Собир аз хурдӣ, аз Файзоваи даврони бачагӣ, аз Сӯфиён, аз Файзобод оғоз ёфта, домани фарох мегирад. Бо овардани вожаҳои Файзова, Сӯфиён, Файзобод Ватани зебо, Тоҷикистони азизро дар назар дорад. Дар симои модари Бозор Собир модарони нексириштро метавон дид. Воқеан, устод номи зодгоҳаш Файзободро дар ашъораш хеле фаровон зикр мекунад. Ба ҳисоб «Файзобод» дар 21 шеъри ӯ зикр мешавад.
Бозор Собир 19 соли ҳаётро дар ғарибӣ гузаронд. Дар Америка, дар ин қитъаи аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур фақат «Ватан» гуфт, риштаи ёди ӯ аз ёди Тоҷикистони маҳбуб ҳеҷ канда набуд. Дар ин боб аз ашъори ӯ даҳҳо мисол оварда метавонем.
Ин ҷо ба ин далел иктифо мекунем:
Аз Ватан рафтам,
Валекин дур рафтан аз Ватан имкон надорад.
Мекашад чун зодбуми меҳрубон меҳраш…
Чун тавонам аз замини ҳамрагу ҳамхуни худ бигрехт?
Чун?
Ки дар нофи заминаш хуни нофам рехт.
Дарди ҷонкоҳам, ки аз он ҷост, дармони ман он ҷост,
Реши хуншорам, ки аз он ҷост, доруи ман он ҷост…
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қадри адабиёт, ба қадри шеъру шоирӣ мерасанд, Бозор Собири ватанпарасту ватансароро ба Тоҷикистон даъват кард. Бозор Собир эҳтироми Сардори давлатро хуш пазируфта, охири моҳи майи соли 2013 аз Америка ба Тоҷикистон омад. Омаду ба лутфу меҳрубонии Сардори давлат сазовор гардид: ба ӯ манзили истиқоматӣ бо тамоми шароити зист доданд, мукофоти давлатӣ гирифт, ба шарафи баргаштанаш дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии арзишманд барпо шуд. Бояд бигӯем: ӯ ягона адибест, ки Сардори давлат шахсан ба ҳузураш пазируфтааст.
Насиби ба 80-солагӣ расидан набудааст, ки бори охирини ба Америка, ба дидорбинии фарзандон рафтан, дар мулки бегона беморӣ кашид ва аз сактаи дил даргузашт. Чанд ҳафтаи дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА будан, дорую дармон аз ҳисоби Президенти Тоҷикистон буд. Барои ба Тоҷикистон овардани турбати шоир шахсан Сардори давлат ғамхорӣ кард. Мазораш дар оромгоҳи машҳуртарин шахсиятҳои кишвар, дар мавзеи хушманзараи Лучоб ҷой дода шуд.
Аз рафтани устод Бозор Собир ба манзили абадӣ қариб беш аз дуним сол гузашт. Агар аҳён-аҳён ёдҳои шабакаҳои радиоию телевизион ва мавҷи баланди садои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Саидқул Билолов набошаду дар маҳфилҳои чортани ҳаводорони шеър аз устод Бозор Собир ҳарфу сухан наравад, хаёл мекунӣ, шоири овозадору машҳури миллат фаромӯш шудааст.
Мо интизор будем, ки 80-солагии устод Бозор Собир ҷашн гирифта мешавад. Ва дар ҳамон «гармогармӣ», яъне дар навбати аввал дар Файзобод ва дар шаҳри Душанбе кӯчае, маҳаллае, мактабе, муассисаи фарҳангиеро ба номаш мегузоранд.
Хонандаи ин сатрҳо огоҳ бошад, ки дар Файзобод ҷамоати деҳот ва муассисаи фарҳангӣ ба номи Дӯстмурод Алиев гузошта шудааст. Филармонияи халқии ноҳия ва хонаи маданияти деҳоти Меҳробод номи Нигина Рауфоваро доранд. Дуруст, ки Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, булбуловоз Нигина Рауфова ба қадрдониҳои аз ин бештар меарзанд. Мардуми санъатдӯсти диёр бо номи Дӯстмуроду Нигина Рауфова ифтихор мекунанд. Дар Файзобод ба номи Садриддин Айнӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мирзо Турсунзода, Абӯалӣ ибни Сино, Ҷомию Зебуннисо кӯчаҳо гузошта шуданд. Хидмати устод Бозор Собирро нодида гирифтан корест носавоб!
Адабиёти тоҷик Бозор Собирро ҳамчун рукни тавоно писандид. Аз ӯ 15 китоб — «Пайванд» (1972), «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Сангдевор» (1990), «Бо чамидан, бо чашидан» (1987), «Чашми сафедор» (1991), «Симхор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» (1991), «Аз гули хор то симхор» (2003), «Шоиру шеъре агар ҳаст» (2004), «Хуни қалам» (2010), «Лолаи сиёҳ»(2010) ба мерос монд. Дар онҳо садҳо шеъри тоза ҷой гирифтаанд, ки ҳар кадом хонанда дорад. Ҳамин асарҳо басандаанд, ки номи Бозор Собир дар қатори классикони адабиёт мавқеъ дошта бошад. Вале гап дар бораи ҳурмату эҳтироми ӯ, пос доштани хотири ӯ меравад…
Мардуми зиёии Файзобод бисёр мехоҳанд, ки дар маркази ноҳия муҷассамаи Бозор Собир устувор гардад.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон