Чанде пеш романи «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ»-и нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим бо сифати баланд ва ороиши дилписанд аз ҷониби нашриёти «Ирфон» бо теъдоди 1000 нусха рӯи чоп омад. Роман бо забони шево ва тасвирҳои зебои хотирмон навишта шуда, барои ошно гаштан бо ҳаёту рӯзгори шоири тавоно, хаттоти забардаст ва орифи бузурги тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ба хонанда имконияти хуб фароҳам меорад.
Нависандаи хушсалиқа Маҷид Салим дар байни ҳаводорони каломи бадеъ бештар бо асарҳое маъруф аст, ки ба мавзӯи табиати пурасрор, олами вуҳуш ва набототу ҳайвонот бахшида шудаанд. Барои исботи ин гуфтаҳо романи «Хирс»-и нависандаро пеши назар овардан кифоя аст. Чӣ боис гашт, ки нависанда якбора ба сарнавишти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ рӯ овард? Баъд аз бо Маҷид Салим ҳамсуҳбат гаштан дарёфтам, ки моҳи марти соли 2019 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат баргузор мегардад ва дар он нависанда Маҷид Салим низ ширкат меварзад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон таъкид мекунанд: «Замоне беҳтарин толибилмон ва мударрисони мадрасаҳои шаҳрҳои бузурги минтақа аз ҷумлаи намояндагони Кангурт буданд. Шоир, мутафаккир ва хаттоти машҳури даврони хеш Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайн, ки бо номи Кангуртӣ маъруф мебошад, яке аз ситорагони дурахшони адабиёти тоҷику форс аст, ки дар рушду такомули фарҳанги миллии мо саҳми шоистаи хешро гузоштааст, то охири умр дар ин мавзеи хушобу ҳаво умр ба сар бурдааст».
Бо таъсири ҳамин суханони рӯҳбахши Пешвои миллат ба навиштани романи мавсуф пардохтааст. Мусаллам аст, ки романи «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» ягона асари калонҳаҷми бадеӣ дар бораи ин нобиғаи адабиёти охири асри XIX ва ибтидои асри XX тоҷик ба ҳисоб меравад.
Нависандаи ҷӯянда Маҷид Салим ҳини иншои роман кӯшидааст зиндагиномаи Ҳоҷи Ҳусайнро барои хонанда ҳақиқатнигорона арзёбӣ намояд.
Муҳаммад Ҳусайн ҷавонест зодаи Кангурти Хатлонзамин ва дар мадрасаҳои он таълиму тарбият ёфтаю ба пояи баланди мударрисӣ расида. Ишқи илм ӯро ба Бухорои шариф мебарад. Вай 6 сол дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Ҳоҷӣ Рашид таҳсил карда, аз илмҳои сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ ва ҳунарҳои хаттотию наққошӣ, саҳҳофию муҳрканӣ баҳравар мегардад. Муҳаммад Ҳусайн байни толибилмони мадраса чун шоир ва хаттоти чирадаст ба зудӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ӯ зимни таҳсил ба ҳалқаи илмию адабии Садри Зиё роҳ ёфта, аз он файз мебардорад.
Шабе Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар маҳфили шоирон ғазали ошиқонаи рӯҳафзоеро мехонад:
Он маҳ чӣ ҷафо кард? Намекард накӯ буд,
Ӯ тарки вафо кард, намекард, накӯ буд.
Бо шунидани ғазал садои кафкӯбии аҳли маҷлис баланд мегардад.
-Аҳсан, офарин, шоири Кангуртӣ, чӣ ғазали зебо, «Гӯӣ булбули Хатлон дар гулистони Бухоро нағмасароӣ дорад!» — мегӯяд Садри Зиё.
Садри Зиё баъд аз шиносоӣ ба рисолаи «Ашколи хуттути исломия»- и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ки дар он 63 шакли хатти арабӣ нишон дода шудааст, бо ифтихор муаллифи рисоларо Беҳзоди Сонӣ меномад.
Нависанда манзараҳои зебои Кангурт, расму оинҳои мардуми кӯҳистонро низ дар асар хеле барҷаста нишон медиҳад. Ин тасвирҳоро хонанда ҳангоми ба Кангурт омадани Ҳоҷӣ Ҳусайн бо ҳамсабақонаш Мулло Раҷабӣ Кӯлобӣ, Каримҷони хаттоти Хуҷандӣ, Хусрави Раштӣ ва Бароти Тошкандӣ мушоҳида менамояд. Меҳмонон аз маъракаҳои гӯштингирии паҳлавонони кангуртӣ, бузкашӣ, кабкҷанг, тӯйю сур ва дигар чорабиниҳои мардумӣ мутаҳаййир мегарданд.
Дар тасвири нависанда Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ чун Саъдии бузургвор дар дил шавқи сайёҳӣ доштааст. Саъдӣ дилрас гуфта:
Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме,
Сӯфӣ нашавад софӣ, то дарнакашад ҷоме.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳам ин ҳикматро ба назар гирифта, баъд аз хатми мадраса ҳамроҳи дӯсташ Мансури Бухороӣ бо як гурӯҳ озими тавофи Каъбатуллоҳ мешаванд. Мусофирон баъди мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардан меҳмони ҳокими шаҳри Сарахс мегарданд. Ҳоким марди некӯмазҳаб ва фозил буда, аз омадани қофила воқиф гардида, онҳоро ба меҳмонӣ даъват менамояд. Ҳини мулоқот ҳоким Ҳоҷӣ Ҳусайнро мешиносад ва табассумкунон мегӯяд: «Шумо домулло ҳам шоиред, ҳам хаттоти бузург, китобҳои навиштаи шуморо мо мутолиа кардаем». Ҳоким ба шарафи меҳмонон маҳфил меорояд ва аз Ҳоҷӣ Ҳусайн хоҳиш менамояд, ки ғазале хонад. Ҳоҷй Ҳусайн бо ишора ҷавонеро ба рубобнавозӣ даъват карда, ба қироати шеър мепардозад:
Эй ки бар хотири мо ҳеҷ мадоро накунӣ,
Умр бигзашту назар бар тарафи мо накунӣ.
Ошиқон дар ғами ту ҳоли табоҳе доранд,
Ту чаро пурсиши ин қавм тақозо накунӣ?
Ҳамин тавр, Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ҳаҷ меравад, вале бо рафиқонаш ба ватан барнамегардад. Ишқи сайру саёҳат ӯро мафтун карда буд. Вай бо амри дил роҳи кишвари Фаронсаро пеш мегирад. Барои сафар кардан забон донистан хеле муҳим аст, Ҳоҷӣ Ҳусайн ин чизро таъкид месозаду худ низ паи омӯзиши забони фаронсавӣ мешавад. Чуноне ки аз тасвири нависанда маълум мегардад, Ҳоҷӣ Ҳусайн марди қобил ва боистеъдод аст. Дар Париж бо кумаки Аҳмади Табрезӣ ва дӯстони ӯ Франсуе, Марсел ва Мишел ба ҳайси корманди шуъбаи дастхатҳои шарқии китобхонаи марказӣ ба кор қабул мешавад.
Дар ин ганҷина Ҳоҷӣ Ҳусайн ба дастхатҳо ва китобҳои бебаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Соиб, Бедил, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва Мавлоно Ҷомӣ ошно гардида, онҳоро аз нусхаи асл мутолиа менамояд. Ӯ, ҳамчунин, дар китобхона ба ороиши китобҳои тозанашр машғул гашта, ба ин васила чун ороишгар шуҳратёр мегардад.
Замони дар Фаронса будан Ҳоҷӣ Ҳусайн забони фаронсавиро ба хубӣ омӯхта, романи машҳури адиби Фаронса Стендал «Сурх ва сиёҳ»-ро ба хатти настаълиқ ба забони форсӣ, бо ороиши шарқиёна дасти чоп медиҳад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн замони дар ин китобхона кор кардан дар пайравии Мирзо Абдулқодири Бедил достони «Комде ва Мадан»-ро таълиф менамояд. Ин сафар ба мафкураи шоир таъсири бузург мерасонад ва ӯро чун шахси пешрафтаю тараққихоҳ ба камол мерасонад. Вақте се сол баъд ба Бухоро бармегардад, асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» — ро мутолиа намуда ба дӯстонаш ошкоро мегӯяд: «Афсӯс ки ислоҳоту иқтисоди пешрафта то ба Бухоро нарасидааст. Ҳанӯз амиру атрофиёнаш аз кори дунё бехабаранд. Аз инқилоби рус хуб огоҳӣ надоранд. Ба ҳамааш Аморат гунаҳкор, касе нест, ки ҷилави амирро бигирад».
Дар ниҳоят Ҳоҷӣ Ҳусайн ба зодгоҳаш Кангурт бармегардад. Вай бо ризоияти мири Балҷувон дар зодгоҳаш мадрасаи хуштарҳе бунёд карда, ба толибилмон аз сарфу наҳви арабӣ, ҷуғрофиё, кимиё, нуҷум ва ҳунари хаттотӣ то вопасин лаҳзаҳои умр дарс гуфтаааст.
Чопи «Куллиёт» ба Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ шуҳрат оварда, онро тирамоҳи соли 1913 мири Ҳисор Авлиёбек дар зиёфати хоса ба Ҳоҷӣ мутантан супоридааст. «Куллиёт» ҳаҷман калон буда, 6500 байтро дар бар гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, романи «Ҳоҷӣ Хусайни Кангуртӣ» симои Ҳоҷӣ Ҳусайнро дар назари хонанда чун олим, мутафаккир, шоир, хаттот ва сайёҳӣ машҳур ҷилвагар месозад. Воқеан, заҳмати нависанда Маҷид Салим дар навиштан ва табъу нашри романи «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» боиси ситоиш мебошад.
Пиралӣ ҚУРБОНОВ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон