14 апрели соли равон дар Театри давлатии академии драмавӣ ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи «Бунбаст» — асари драмнависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир намоиш дода шуд. Нақшҳои асосиро дар он ҳунарпешаҳои театр Мавлона Наҷмиддинова, Аъзамҷон Розиқов ва Гулмираи Аҳрорзод иҷро намуданд.
7 — 9 апрел бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ва Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаҳои тоҷик бо роҳбарии директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода дар Фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» дар Туркия иштирок карданд. 8 август дар Маркази фарҳангии Туркман Сайлон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия воқеъ аст, намоишномаи «Бунбаст» ба тамошобинони турк нишон дода шуд.
Сарвинози САЙДАЛӢ,
донишҷӯйи курси IV факултети журналистикаи ДМТ, таҷрибаомӯз