Дар китобхонаи навбунёди деҳаи Ғофилободи ноҳияи Муъминобод 21 номгӯи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси хонандагон мебошад, — мегӯяд китобдори китобхона Ҳамрохон Чиллаев.
Китобхона бо ибтикори соҳибкори 82-сола – раиси хоҷагии деҳқонии ба номи «Суҳроб»-и ноҳия Талбак Чиллаев сохта, ба истифода дода шудааст.
Хоҷагии деҳқонии мазкур дорои 6 гектар замини обӣ мебошад, ки дар он, асосан, картошка парвариш карда мешавад. Кишоварзони хоҷагӣ соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварданд ва Талбак Чиллаев тасмим гирифт, ки дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба тарғиби китобу китобхонӣ амал ва дар деҳааш китобхона бунёд намояд.
Китобхона, ки бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, айни ҳол дорои 2 ҳазору 500 нусха китоби бадеию таълимӣ мебошад. Соҳибкор ният дорад, ки дар оянда теъдоди китобҳои бадеиро афзун намояд.
Дар як гӯшаи китобхона бастаи рӯзномаҳо низ ҷой дода шудааст ва сокинон метавонанд бо матолиби матбуоти даврӣ шинос шаванд.
А. МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»