Арҷгузорӣ

Бузурге, ки қадршиноси бузургон аст

№104 (3250) 09.09.2014

Барҳақ метавон гуфт, ки бештари ходимони адабиёт, фарҳанг ва маориф маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Ин қадрдонӣ аз ҷониби Роҳбари хирадманду дурандеш ва фарҳангсолори мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Барои тақвияти гуфтаҳоям чанд мисол меорам. Хизматҳое, ки Раиси Кумитаи иҷроияи Маркази РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур барои халқи тоҷик кардааст, баҳо надорад.

Баъди туҳмати ноҳақ ин фарзанди вафодор ба қатл расид ва танҳо соли 1956 бегуноҳияш исбот гардиду Шоҳтемур санади некномӣ гирифт.

Тасаввур кунед, ки аз соли 1956 то соли 1999, яъне қариб панҷоҳ сол гузашта, аммо хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур таври ҳаққонӣ қадрдонӣ нашуд. Танҳо дар даврони Истиқлолият ва маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷоннисориаш ин фарзанди номвар бахшида ба 100- солагии зодрӯзаш бо ордени «Дӯстӣ» (соли 1999) сазовор дониста шуд.  Ин оғози қадрдонии фарзандони  асилу фидокори тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар ин муддат аз саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар таъсиси  давлатдории тоҷикон мақолаву китобҳои олимон, барномаҳои ҷолиби телевизионӣ чопу таҳия гардиданд ва хонандаи закии тоҷик аз ҳақиқати ҳол бештар огоҳ шуд. Акнун аз боби фаъолият ва хизматҳои ин гуна фарзандони накуноми миллат бештар ҳарф мезадагӣ шуданд. Ҳамин буд, ки соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони баланд- «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Ҳамин тариқ, Шоҳтемур танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки орзуи ягонаи ӯ ва ҳаммаслаконаш буд, сазовори қадрдонии шоиста гардид.

Соли 2009 дар ҷаласаи бахшида ба 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур дар толори Театри давлатии академии  опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузоргардида Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  баромади пурмуҳтаво карда, пешниҳод намуд, ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гузошта шавад. Аҳли толор ба хотири эҳтироми рӯҳи ин ходими барҷаста аз ҷо бархоста, бо қарсакҳои бардавом ин  иқдомро пазируфтанд. Нафари дигаре, ки аз инояту қадршиносии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардидааст, Хуршед Алидодов мебошад. Ин ном ба хурду калони кишварамон шинос ва азиз аст. Вуруди Хуршед ба саҳнаву санъати тоҷик навгонӣ, сабку услуби нав ва таровати тозае дохил намуд. Хуршед Алидодов зиёда аз панҷоҳ сол боз дар хизмати халқи тоҷик аст. Бештари шогирдони Хуршед  соҳибунвон шудаанд, аммо…

Айёме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Хуршед Алидодов унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро (соли 1994) тақдим намуд, дар чашмони ҳофизи солхӯрда ашк ҳалқа зад. Ин ашк ашки ғам не, балки ашки шодӣ буд. Ба қадри ин гуна ашкҳо танҳо касе мерасид, ки санъатро хуб бифаҳмад ва дарк кунад.

«Хуршеди саҳнаи тоҷик» баъди ним аср қадрдонӣ шуд ва ҳанӯз ҳам дар хизмати халқ аст.

Қиссаи унвонгирии устод Насратшоҳ Таваллоев (рӯҳаш шод бод) -мудири шуъбаи бахши дарии  Радиои Тоҷикистон низ шуниданӣ аст. Ин мӯйсафеди нуронӣ зиёда аз 40 сол дар Радиои Тоҷикистон фаъолият дошт. Тамоми ҳамсолону ҳамкоронаш соҳиби ордену медал ва унвонҳои фахрӣ шуданд. Аммо устод Таваллоев аз ин неъматҳои ҳукумати давр бенасиб буд. Маҳз бо дахолати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ӯ соҳиби унвони фахрӣ гардид.

Тавре худи устод Таваллоев нақл  мекарданд:

-Ман дар бештари  чорабиниҳо, сафарҳои корӣ дар ҷумҳурӣ ва  вохӯрии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда, бо репортёр сабт намуда, аз бахши дарии Радиои Тоҷикистон пахш  мекардам. Боре дар яке аз вохӯриҳо Ҷаноби Олӣ маро наздашон хонда, пурсиданд:

-Мӯйсафед, корҳоят чӣ хел? Саломатият хуб аст? Чанд сол боз кор мекунӣ?

Чун донист, ки солиёни дароз дар Радиои Тоҷикистон кор мекунам, пурсид:

-Ягон бор қадрдонӣ шудаед? Орден ё медал доред?

Чун донист, ки аз ин номгӯй чизе надорам, Бобохон Маҳмадовро (он вақт вазири фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд) наздаш хонда, чизе гуфт.

Баъди чанде, аниқтараш 31 августи соли 1996 Президент шахсан ба ман шаҳодатномаи «Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро тақдим намуд. Он рӯз худро  хушбахттарин шахс ҳисоб мекардам.

Оҳангсози маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон марҳум Муборакшо Ҷумъаев низ қадрдониашро ба Ҷаноби Олӣ  мансуб медонист. Тавре шодравон нақл мекард, Президент дар яке аз консертҳои расмии бахшида ба яке аз  ҷашнҳои миллӣ дар қатори  навозандагон ба навозандаи солхӯрдаи сарсафед- Муборакшоҳ Ҷумъаев таваҷҷуҳ зоҳир карда, гуфтааст:

-Ман ин навозандаи рубоби бадахшониро аз солҳои ҷавониям тариқи телевизион тамошо кардаам.

Оҳангҳои хубу фораме дорад. Оё ягон унвон дорад?

Пас аз чанде роҳбари мусиқии ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборакшо Ҷумъаев сазовори унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (соли 1998) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (соли 2003) гардид. Муборакшо як умр аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  миннатдор буд ва беармон аз ин дунё рафт.

Чанд мисоле, ки овардем, қатрае аз баҳр буд. Агар ин мавзӯъро дар миқёси ҷумҳурӣ таҳқиқ намоем, китоби бузурге хоҳад шуд. Зеро чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби Сарвари давлат хеле зиёд амалӣ шудааст. Ҳамаи мукофоту унвонгирҳо мӯйсафедони собиқадору  рӯзгордида буданд.

Ба қатори пирони кор режиссёр ва актёри маъруф Марат Орифовро низ метавон дохил кард. Номбурда ҳанӯз соли 1960 барои иҷрои нақши Рӯдакӣ дар филми  ҳунарии «Қисмати шоир» сазовори унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон гардида буд. Дар ин миён нақшҳои зиёди ҷолибе офарид ва чун режиссёр филмҳои ҳунарӣ таҳия намуд. Аммо аз соли 1960 то соли 2008 қариб панҷоҳ сол, боре ҳам қадрдонӣ нашуда буд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Сарвари хирадманду қадрдонамон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳунарпеша, ки синну  солаш аз 70 гузашта буд, сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардид.

Оре, ба қадри заҳмати шахс танҳо шахсе мерасад, ки худ пастиву баландиҳои зиндагиро гузаштааст.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳамин гуна шахсон аст. Боварӣ дорем, ки  чунин қадрдониҳо аз ҷониби  Президенти муҳтарами  мо минбаъд низ идома меёбад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»