Анъанаҳои ниёкон

Cарҷуфтӣ ба эҳё ниёз дорад

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

1552286190_s1200-1Эҳёи анъанаҳои миллӣ, расму русуми бобоӣ ва густариши онҳо хидмати шоиста хоҳад буд ба нафъи миллат. Халқи тоҷик аз қадим соҳиби таърихи пурғановат ва фарҳанги поку беолоишест, ки дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, анъанаҳоро зинда доштан ва ба наслҳои оянда мерос гузоштан вазифа ва қарзи ҳар як фарди кишвар маҳсуб меёбад.

Дар Бадахшон низ Наврӯзро дар ҳар як ноҳия вобаста ба расму русум ва одати гузаштагон пешвоз мегиранд ва дар маҷмӯъ, ҳама як мазмун доранд.

Дар ноҳияи Ванҷ низ Наврӯз бо дилгармӣ ва шавқи беандоза пазироӣ мегардад. Дар гузашта мӯйсафедони барнодил фарорасии ин рӯзи муборакро саҳеҳ ҳисоб карда, ба ҳама эълон медоштанд, ки фалон рӯз дар фалон соат Наврӯз ворид мешавад. Хонаҳои қадимаи ванҷӣ барои ҳисоби сол ниҳоят мусоид сохта мешуданд ва аз чор сутун, трак, сӯлк, нуваҷо, брғавҷ, дӯкони хурд, дӯкони миёна ва шаҳдӯкон иборат мебуданд.

Нури офтоб аз равзани хона, ки дар қисмати мобайнӣ сохта мешавад, ба хона ворид мегардад. Ҳаракати нури офтоб дар дохили хона соле як даври пурраро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳаракати офтоб нишонҳоро ҳисоб мекарданд. Расиши нур дар шаҳсутун аз даромади Наврӯз хабар медиҳад. Дар ин рӯз сафед кардани хона, баровардани анҷоми хона, тарошидани сар, шустани либос, рӯбучини атроф, ба аёдати хешону ҳамсояҳо рафтан шарт аст. Аз пагоҳӣ саркор аз рӯи нишондоди пирон хабар медод, ки дар сари фалон замин сарҷуфтӣ (ҷуфтбаророн) мешавад.

Бо баромади нури офтоб ҳама хурду калон дар сари замин ҳозир мешуданд ва бозиҳои наврӯзӣ, аз қабили хурӯсҷанг, кабкҷанг, қушқорҷанг, тухм­ҷанг, сангакбозӣ, чилик милик, гӯштингираку аловпарак оғоз меёфт.

Пирони рӯзгордида яктаҳ ва ҷомаву саллаи баҳорӣ дар тан сари замин меомаданд. Ҷуфтгари деҳа говҳоро сари замин меовард. Мӯйсафедон юғу сипорро ба говҳо мебастанд. Шох, тахтапушт, гардан ва думи говҳоро равған мемолиданд, ки дар шуои офтоб ҷило медод. Тухмипош гандумро ба замин мепошид. Мӯйсафеди аз ҳама калонсол дуо медод: «Худоё донаи моро сабз гардон, киштаи моро сероб намо, ҳосили моро фаровон гардон, тинҷиву амониро ато намо».

Аз хурд то бузург ҳама даст ба дуо мебардоштанд. Нахустин қӯшро ба замин пири деҳа мебурд ва бо ҳамин сарҷуфтӣ оғоз меёфт.

Занҳои деҳа дар соати муқарраргардида мувофиқ ба шароит таом пухта, дар табақҳои калон ба сари замин меоварданд. Дар сарҷуфтӣ аз ҳама муҳим он буд, ки танҳо таомҳои миллӣ, аз қабили ширҷӯш, ширбиринҷ, шавла, шила, ширкаду, ширҳавло, ширу равған, қурутоб, пиёва, оши нахӯдин, зардолугӣ, боқилогин, нумоч, тарҳавло, лӯбиё ва ғайраро мепухтанд. Дар он сокинони деҳаҳои наздик иштирок мекарданд.

Хӯроки аз ҳама беҳтар ширҷӯш ҳисоб мешуд, ки он барои мӯйсафедон омода мегашт. Аз болои ширҷӯш равғани доғкарда мерехтанд. Аз рӯи шарт бояд равған ҳатман садо барорад, вагарна ҳисоб намешуд. Пас аз адои таом маросими сартарошон оғоз мегардид.

Сартарош бо теғи тоҷикӣ сари мӯйсафедону кӯдаконро метарошид. Дар ин кор яке аз ҷавонон вазифаи обгириро ба ҷо меовард ва бо навбат пеш аз сартарошӣ сари одамонро барои тарошидан омода мекард.

- Офтобу борон раҳмати Парвардигор аст, — мегуфтанд пирон ва сари бараҳна зери офтоб менишастанд.

Сарҷуфтӣ то бегоҳ идома меёфт. Он рӯзро ҳама бо хушиву хурсандӣ ва сериву пурӣ мегузарониданд. Ҳамин тавр, пагоҳ боз дар маҳаллаи дигар ин маросим баргузор мешуд ва як ҳафта идома меёфт.

Сарҷуфтӣ нахустин маросими наврӯзӣ буд, ки бо мурури замон аз байн рафта, фаромӯш шудааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди анъанаҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин лиҳоз, арзанда аст, ки сарҷуфтӣ ё ҷуфтбаророн ҳамчун навиди Наврӯз аз нав эҳё гардад ва ҳамчун падидаи наврӯзӣ боз ба ҳукми анъана дарояд. Зеро яке аз муҳимтарин маҷмӯи анъанаҳои наврӯзист, ки ба кишоварзон мансубият дорад. Он рӯз, асосан, рӯзи кишоварзон аст. Дар Бадахшон гарчанде Наврӯз бо тамоми суннати аҷдодӣ истиқбол гардад ҳам, сарҷуфтӣ ҳанӯз ба эҳёи аслаш ниёз дорад

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»