Аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ 73 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он то ҳанӯз аз оқибатҳои талхи худ дарак медиҳад. То кунун модарону фарзандону пайвандон роҳи аскарони гумномшударо интизорӣ мекашанд. Аз миёни 92 ҳазор шаҳиду беномунишоншуда имрӯз як тан ҳамватани мо дар шаҳри ҳамбурги Олмон умр ба сар мебарад, ки дар қатори ҳазорҳо ҷавони солҳои ҷанг ба ҳифзи Ватан рафтаву асир афтодааст. Ёди Ватан ҳеҷ аз дилаш намеравад. ӯ Эргаш Қобилови 97- сола аст, ки тӯли 78 соли ғарибӣ маротибаи панҷум Ватанро чор сол муқаддам зиёрат карда буд. Чанде пеш хоҳарзодааш Шарофат Холмирзоеваро вохӯрда, аз аҳволи тағои ғарибаш пурсидам.
Гуфт, ки вай алҳол дар Хонаи пиронсолони ҳамбург зиндагӣ мекунад.
- Чаро бо писару наберагон не? — ҳайрон шудам ман.
- Худо ба ягона писараш инсоф надодааст. Тағоям дар ҷавонӣ ҳам ғарибу мусофир шуду дар пирӣ ҳам, — гуфт ӯ.
Чор сол муқаддам дар деҳаи Қаромазори шаҳраки Адрасмон бо ӯ, ки тарзи либоспӯшӣ ва одобу маданияти аврупоӣ дошт, ҳамсуҳбат шудам. Ниҳоят ҷолиб ва дар як вақт ҳузнангез буд. Ӯ аз ҳаёт басо муассир ҳикоя мекард ки чун навори кино аз пеши дидагон мегузашт…
Вай зодаи деҳаи Қаромазори шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд буда, моҳи октябри соли 1941 ба ҷанг рафтааст. Дар ҳайати полки тирандозии 108-уми армияи 9-ум дар шаҳри Харкови Украина баъди се моҳи ба ҷанг даромадан асир меафтад. Се маротиба аз асорат мегурезад ва ниҳоят дар Олмон қарор мегирад. Маротибаи чаҳорум дар Олмон ба дасти англисҳо асир афтодааст:
- Онҳо миллатамро пурсиданд. Гуфтам, ки туркам, — ба хотир оварда буд Эргашалӣ Қобилов. — Гуфтанд, ки ватанамро аз харита нишон диҳам. Тошкентро нишон додам. Баъд боварӣ ҳосил карданду маро напаронданд. Таъкид карданд, ки агар рус бошӣ, худи ҳозир ба қатл мерасонем. Маҳз бо ҳамин сабаб аксари асирафтодагони рус худро миллати дигар муаррифӣ мекарданд. Ин ягона роҳи халосӣ аз марг буд.
Афсарони англис моро тарсонданд, ба Ватани худ наравед, ки шуморо мепаронанд. Ё ба Амрико равед ё ба Канада, — гуфтанд. Эргашалӣ Канадаро интихоб кард ва сабабашро чунин шарҳ дод:
- Тақдири асири ҳарбиро хуб медонистам. Лекин ман аҳд кардам, ки ҳатман бояд ба Ватан баргардам. Бигзор ҷазо ҳам бинам. Доғамро мешӯям. Ҳарчанд ки асир афтодан бо айби мо — аскарон неву аз бетаҷрибагии командирон рух дод. Барои он Канадаро интихоб кардам, ки бо ИҷШС ҳамсарҳад ва гузаштан ба Ватан осонтар буд…
Аммо тақдири Эргашалии ҷавон дигар шуд. Дар госпитали ҳарбии Олмон табобат гирифту бо Олма ном ҳамшираи шафқат ситорааш рост омад. Вай тарғиб кард, ки дар Олмон монад. Дар ватанаш ӯро ором нахоҳанд гузошт. Эргашалӣ розӣ шуд.
- Илоҷи дигар ҳам набуд, зеро ягон ҳуҷҷат ва ё як пули пучак ҳам надоштам, ки нон харам, — ба хотир овард Эргашалӣ. Ба худ гуфтам: Ҳоло муҳим аз гуруснагӣ намурдан аст. Баъд ягон илоҷ ёфт мешудагист…
Падари Олма чорводор буд, фермаи шахсӣ дошт. Эргашалиро чун хизматгор ба кор қабул кард. Дувоздаҳ сол таҳти санҷиши падарарӯсу аҳли хонадон қарор дошт. Танҳо баъд аз ин ба ӯ боварӣ ҳосил карданду тӯйи арӯсию домодиашон баргузор шуд.
- Ҳеҷ аз ёдам намеравад, 12 апрели соли 1957 тӯй кардем. Дар тӯй шаш нафар ширкат доштанд. Ману ҳамсарам, як дугонаашу бародари арӯс ва ду нафар ҳамдиёронам — Мавлон Маҳкамови хуҷандиву Қурбон Эсанови фарғонагӣ, ки монанди ман асири ҳарбӣ буданд, — ба хотир овард он рӯзи шодмонии умрашро пирамард.
Рӯзу моҳу солҳо мегузаштанд, аммо Ватан аз ёди Эргашалӣ ва ҳамқисматонаш намерафт. Алалхусус, Эргашалӣ мекӯшид ба пайвандон аз худ дарак диҳад. Нома менавишт, аммо беҷавоб. Суроғи касеро намеёфт. Сабабаш маълум. Сиёсати замони шӯравӣ талаб мекард, ки ҳама гуна номаҳо аз назорати сахти мақомоти дахлдор гузаронида шаванд. Хусусан мукотиба бо асирони ҳарбӣ қатъиян манъ буд.
- Бо вуҷуди ин, умедамро аз дидори Ватану пайвандон намекандам, — гуфт бобои Эргашалӣ. Пайваста нома менавиштам, бо умеде ки рӯзе даракашонро меёбам. Ниҳоят, баҳори соли 1976 номаи ҷавобӣ гирифтам.
Аз рӯйи нақли хоҳарзодаи ӯ Шарофат Холмирзоева, бо амри тасодуф як нома ба зодгоҳаш — деҳаи Қаромазор ба дасти хоҳараш Хайринисои раҳматӣ расидааст. Тайи 2 сол мукотиба идома ёфт. Баъдан хоҳараки дилсӯхта нома дар даст ба ҳукумати онвақтаи шаҳри Чкалов (деҳа дар тобеи ин шаҳр буд) муроҷиат кард, то ки барои даъвати бародараш иҷозат диҳанд.
Моҳи августи соли 1978-ро Эргашалӣ моҳи тавлиди дубораи хеш медонад:
- Тавассути шаҳри Тошкент омадам, — ба хотир меорад ӯ. — Чун аз марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расидам, аввалин коре, ки кардам, хоки Ватанро ба чашмонам молида, шукрона ба даргоҳи Парвардигор кардам, ки ниҳоят, маро ноумед нагардонд.
Дар бозгашт Эргашалӣ барои ҳамқисматон — Мавлон Маҳкамову Қурбон Эсанов яктогӣ ҷомаву тоқӣ ва чанд фитаи сабти сурудҳои тоҷикиву ӯзбекӣ савғо бурд. Онҳо ҷома бо дидаҳои гирён ба бар карда, мегӯянд: «Бӯйи Ватан мекунад».
Чун бори дуюм Эргашалӣ соли 1985 ба зодгоҳ меояд, ҳамқисматонаш илтимос мекунанд, ки аз пайвандони онҳо ҳам дарак ёбад.
- Дар Хуҷанд омӯзгорӣ мекардам, — гуфта будааст Мавлон Маҳкамов, — чаҳор фарзанд доштам. Хонаамон дар кӯчаи «Школный» буд. Назди дарвозаамон як осиё кор мекард…
Аммо кӯшиши Эргашалӣ маротибаи сеюму чорум ҳам дар мавриди дарёфти пайвандони омӯзгори хуҷандӣ натиҷае набахшид. Мавлон Маҳкамов дар ҳасрати дидор бо фарзандону пайвандон ва фироқи Ватан 14 сол муқаддам аз олам чашм пӯшидааст. Имрӯз аз ӯ нишона дар ҳамбург Алӣ ном писари 66 — солааш умр ба сар мебарад, ки дар ҷустуҷӯйи бародарону хоҳарони тоҷикаш аст. Ин навбат низ Алӣ аз бобои Эргашалӣ хоҳиш кардааст, ки агар тавонад, аз онҳо дарак ёбад.
Бобои Эргашалӣ тамоми умр ронандагӣ кард. Шаҳрванди Олмон шуд, аммо дар шиносномааш ному насабашро мақомоти шиносномадиҳии Олмон бо тарзи худ — Эрик Кабулов навиштанд. Аз зиндагӣ бо Олма соҳиби 1 писар — Эркин шуданд, ки ҳоло 64 — сола аст. Келини оила Данута ном дорад. Набераашон Дэнс 25 — сола шудааст.
Ба пирамард савол додам:
- Оё дар Ватан намемонед?
Дар ҷавоб гуфт:
- Ман дар Олмон 75 сол умр ба сар бурдам. Ба шаҳре, ки дар он истиқомат мекунам, меҳр бастам. Охир, одамонаш маро рӯзҳои вазнинтарини зиндагӣ дастгиру муттако шуданд. Пайвандонам он ҷоянд. Вале ба онҳо васият кардаам, ки чун аз олам дармегузарам, маро дар Ватанам дафн кунанд. Бо ин ният дар оромгоҳи деҳаи Қаромазор ҷойи қабрамро ҳам интихоб кардаам. Бо шаҳрдорони ҳамбурги Олмон шартнома бастам, маблағи ирсоли ҷасадамро ба Ватан пардохт кардам. Хонаи охиратам зодгоҳам хоҳад буд…
Суханони пирамард маро муассир кард. Ба андеша рафтам. Ин ҳолатро пай бурд магар, ки гуфт:
- Биёед, ман ба шумо як мусиқӣ менавозам, то ки табъатон кушода гардад.
Ва ӯ даст ба сентизатор бурд. Мусиқии ҳазин садо дод. Ба рӯйи пурчини мӯйсафеди 94 — сола донаҳои ашк рехтанд. Ба хотирам ду мисраи дар ғарибӣ гуфтаи Шайх Камоли Хуҷандӣ расид:
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад, ҳеҷ кас илло ғариб…
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»