Чӣ тавр соли 1933 кинои тоҷик дастгирӣ ёфт?

№72 (4178) 18.06.2020

ХочибоевХодими давлатӣ ва сиёсӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев аз шахсиятҳои бунёд­кору ҷонфидо буд, ки дар 38 соли зиндагӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонид. Сохтмону азхудкунии заминҳои ташналаби водии Вахш, роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе, омадани аввалин поезд ба шаҳри Душанбе, таъсиси Трести «Тоҷиккино», таҳияи аввалин филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеии тоҷикӣ, таъсисёбии аввалин институтҳои педагогӣ дар шаҳрҳои Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ва Сталинобод, ташкил кардани театрҳои Лоҳутӣ, Хуҷанд ва ғайраҳо аз он ҷумлаанд. Мутаассифона, то ҳол дар бораи қисми зиёде аз онҳо пажӯҳиши мукаммал ё алоҳида ба анҷом нарасидааст.

Соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ 90-солагии театр ва кинои тоҷик қайд гардид. Имсол ба зодрӯзи собиқ Раиси Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев (25 апрели соли 1900 — 25 январи соли 1938) 120 сол пур шуд. Зарур донис­тем, ки аз хизматҳои шоёни ӯ дар инкишофи кинои миллии тоҷик чанд андеша рӯи коғаз орем.

15 — 16-уми октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе, дар Хонаи деҳқон (баъдҳо Театри русии ба номи Владимир Маяковский) Съезди III фавқулодаи умумитоҷикистонии Советҳои РСС Тоҷикис­тон доир гардид. Абдураҳим Ҳоҷибоев то он вақт дар вазифаи Раиси Совети Комиссарони халқии Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалис­тии Тоҷикистон кор мекард.

Вакилони съезди III фавқулодаи умумитоҷикистонии Советҳо Эъломия дар бораи ташкилшавии Ҷумҳурии мустақили Советии Сотсиалистӣ  дар ҳайати Иттифоқи Советиро қабул карданд. Ҳоҷибоев дар анҷуман  Раиси Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон интихоб шуд.

11 сентябри соли 1929 аввалин поезд бо мошинист, сардори роҳи оҳани Тоҷикистон  Вагаршак Карамов ва қисме аз меҳмонони ба съезд даъватшуда бояд ба вокзали роҳи оҳани Душанбе мерасиданд.

Панҷ моҳ пеш дар Маҷлиси Шӯрои Комиссарони халқии  РСС Тоҷикистон вобаста ба ин санаи таърихӣ ва ташкилшавии расмии кинои тоҷик қарори дахлдор қабул шуд.

Ҷавонони боғайрат Василий Кузин, Артёмий Шевич ва Николай Гезулин, ки чун асосгузорони кинои тоҷик шинохта шуданд, ин санаи муҳими таърихиро навор гирифтанд.

Ниҳоят, 16 октябри соли 1929 меҳмонон ва вакилони Съезди III  фавқулодаи умумитоҷикистонии Советҳои РСС Тоҷикистон аввалин тамошобинони киносюжети «Омадани аввалин поезд ба Душанбе» шуданд, ки давомнокиаш  300 метри лентаи кино буд.

Бо супориши Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон  се сужет – «Слёти байналхалқии наврасон», «Омадани аввалин поезд ба Душанбе» ва «1 август – Рӯзи ҳаракати зидди миллитаристӣ» омода шуда, нахустин шумораи киножурнали «Тоҷикистони советӣ»-ро ташкил карданд.

Солҳои 1929-1933, айёме ки Абдураҳим Ҳоҷибоев дар вазифаи баланди давлатӣ кор мекард, давраи ташаккулёбии кинои тоҷик ба шумор меравад. Тӯли чор сол дар Трести «Тоҷиккино» филм­ҳои ҳуҷҷатӣ ва се филми бадеии беовоз ба навор гирифта шуд. Қаҳрамони матлаб кормандони кинои тоҷикро ҳамеша дастгирӣ мекард ва сол то сол ба соҳа маблағгузорӣ зиёд мешуд.

Масалан, тайи солҳои 1930-1933 дар Трести «Тоҷиккино» филмҳои ҳуҷҷатии «Дар роҳи коллективонӣ» (режиссёр Н. Гезулин, оператор А. Шевич, соли 1930), «Заминҷунбӣ дар Янгибозор» (режиссёр Л. Райгородский, оператор В. Кузин, соли 1930), «Ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо омаданд» (муаллифон ва операторҳо В. Кузин ва А. Шевич, соли 1930), «Коллективонӣ дар райони  Кӯктош»  (муаллиф ва оператор В. Кузин, соли 1930), «Панҷсолагии Тоҷикистони советӣ» (режиссёр Н. Гезулин, оператор В. Кузин, соли 1930), «Беҳтаринҳо ба Советҳо» (режиссёр Л. Райгородский, оператор В. Шевченко, соли 1931), «8 март» (муаллифон ва операторҳо В. Кузин ва А. Шевич, соли 1931), «Калтакдорони сурх» (режиссёр В. Кузин, операторҳо С. Руйкович  ва В. Кузин, соли 1931), «Вахшстрой» (режиссёр Л. Райгородский, оператор В. Шевченко, соли 1931),  «Аз пахта то матоъ» (режиссёрҳо В. Хабур ва Н. Рожков, соли 1931), «Съезди IV Советҳо» (режиссёр В. Кузин, операторҳо В. Шевченко ва Л. Сазонов, соли 1931), «Слёти умумитоҷикии ҳофизон ва раққосон» (режиссёр Л. Райгородский, оператор В. Шевченко, соли 1931), «Пайроҳаи оҳугузар» (муаллифони сенария В. Хабур ва Н. Рожков, оператор Б. Синеоков, соли 1932), «Иттифоқи ҳафтум» (муаллифи сенария, режиссёр ва оператор В. Кузин, соли 1932), «Дар остонаи дарвозаи Ҳиндустон» (режиссёр М. Вернер, операторҳо Б. Синеоков, М. Базов, В. Микшис, соли 1932), «Вахшстрой» (муаллиф ва оператор Б. Синеоков, соли 1933), «Колхозҳои Хуҷанд» (режиссёр Л. Райгородский, оператор В. Микшис, 1933), «Зимистонгузаронӣ дар Помир» (оператор В. Шевченко, соли 1933) ва дигар филмҳои ҳуҷҷатӣ — хроникавӣ ба навор гирифта шуданд.

Дар баробари истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатӣ,  бо дастгирии Ҳукумати РСС Тоҷикистон бори нахуст соли 1932 аввалин филмҳои бадеии беовози тоҷикӣ — «Ҳуқуқи фахрӣ» (сенарияи К. Ёрматов ва Юртаев, режиссёр К. Ёрматов, оператор Л. Сазонов) ва «Вақте ки амирон мемиранд» (сенарияи Г.Эл-Регистан, дар коркарди Л. Печорина ва А. Левингтон, режиссёр Л. Печорина, оператор А. Левингтон) ба экран баромаданд. Ҳамчунин, ба сохтмони кинотеатрҳои замонавӣ ва мошинҳои сайёри кинонамоишдиҳӣ маблағи зиёд ҷудо мешуд.

Дар шаҳри Сталинобод то соли 1932, аллакай 20 кинотеатри тобистона ва зимистона дар хизмати халқ  буданд.

Ҳукумати вақти Тоҷикистон дид, ки корҳои оид ба наворгирӣ, сохтмони кинотеатрҳо ва интишори филмҳои нав ба Трести «Тоҷиккино» вазнин буд, онро ба ду ташкилоти алоҳида ҷудо кард.

Ҳамин тариқ, дар асоси Қарори «Союзкино» аз моҳи декабри соли 1932 Трести «Тоҷиккино» минбаъд ба интишор, паҳнкунии филмҳои нав, сохтмони кинотеатрҳо ва таъмини онҳо бо дастгоҳҳои нави кинонишондиҳиву таъмини филмҳои нави бадеиву ҳуҷҷатӣ машғул гардид. Кинофабрикаи «Тоҷиккинофилм» бошад, ҳамчун муассисаи давлатӣ танҳо ба истеҳсоли филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ вазифадор карда шуд.

Аз ин хусус дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» аз 19 майи соли 1930, № 458 (3565) хабар чоп шудааст, ки онро мухтасар меорем:

«Сталинобод. 18 — уми май  дар бинои  Хонаи деҳқон маҷлиси умумии коркунони маориф ва кино  соати 700 бегоҳӣ  шуда гузашт. Зал бо расми доҳии партия В. И. Ленин, бо шиорҳо, бо порчаҳои шеърҳои Пушкин, Горкий ва Лоҳутӣ, Айнӣ ороста гардида буд. Зиёда аз 200 нафар иштироккунандагони маҷлис ҳама якҷоя дар даруни зал ҷамъ шуданд. Ба ҳайати раёсати фахрии маҷлис рафиқон Ҳоҷибоев, Нисор Муҳаммад, Лоҳутӣ, Бурҳонов, Дайламӣ, Имомов, В. В. Кузин,  Н. Гезулин интихоб гаштанд».

Дар мушкилтарин лаҳзаи  корӣ  режиссёри ҷавон Комил Ёрматовро  Раиси Совнарком рафиқ Ҳоҷибоев дастгирӣ намуд ва режиссёр банаворгирии филми бадеии «Муҳоҷир»-ро ба охир расонид.

Банаворгирии филми бадеии «Муҳоҷир» («Эмигрант») дар ҷӯшу хурӯш буд. Директори филми Михаил Яковлевич Лось хароҷоти (сметаи) филми таҳияшудаистодаро тартиб медод.

Ба режиссёри филми оянда Комил Ёрматов лозим омад, ки хароҷоти тартибдодаро ба Ҳукумат, ба Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон пешниҳод намояд. Аз рӯи муроҷиати онҳо Комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуд ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Совнарком режиссёри ҷавон Комил Ёрматовро нағз мешинохт. Аз ин рӯ, пеш аз кори Комиссияи ҳукуматӣ Ёрматовро нағзакак «насиҳат» кард, зеро як сухани ноҷо ё бемавриди режиссёр метавонист садди роҳи киногурӯҳи «Муҳоҷир» шавад.

Дар маҷлис сухану эродҳои сахту баланд садо доданд. Режиссёр бетоқатона аз ҷо нимхез мешуд, аммо бо нигоҳи ишораомези Раиси Совнарком Ҳоҷибоев бозпас ба ҷояш менишаст.

«Ҳақиқатан, баъди чанд рӯз моро ба маҷлиси назди Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон даъват карданд.

Раиси комиссия – Комиссари халқии заминсозӣ баромад кард. Вай дар баромадаш изҳор намуд, ки хароҷоти филмро хеле ихтисор  кардан лозим. Ӯ гуфт, ки «…масалан, дар ин ҷо навиштагӣ: «Чойхона». Барои чӣ, рафиқони азиз, бояд махсус чойхона созанд, дар ҳоле ки дар ҷумҳуриямон чойхона пур аст?! Чаро мо пули давлат­ро беҳуда сарф мекардаем?

Сонӣ, дар смета ким-чӣ хел «осветителҳо» — «равшандиҳандаҳо» ба ҳисоб дароварда шудаанд. Рафиқ Ёрматов, барои чӣ ба ту равшандиҳандаҳо  лозиманд, охир дар Тоҷикистони мо чор фасли сол офтоби дурахшон нур мепошад?

Наход ту дар  шаҳри Москва таҳсил карда, боду ҳавои (иқлими) ватанатро фаромӯш кардаӣ? Бе ягон равшанидиҳандаҳо ҳам бисёр хуб ба навор мегирӣ.

Ё ки оператор – барои чӣ ба ту оператор даркор?! Барои чӣ туро, чаҳор сол дар институт омӯзондаанд, (хонондаанд) дар ҳоле ки ту ким-кадом операторро ба кор гирифтанӣ?

Айб аст, Ёрматов! Худат ба навор гир, ин вазифаи ҷонии туст!

Не, азизам, маро фиреб дода наметавонӣ! Ман собиқ корманди кино ҳастам!».

Баъд маълум шуд, ки ӯ пеш директори фабрикаи киноплёнкаи Шосткинский будааст. Шояд  барои ҳамин ӯро раиси комиссия таъин кардаанд.

Баъд ҷонишини раиси Кумитаи марказии иҷроия (Вазиров Т. Н.) баромад кард. Ӯ сметаи филмро бо тундӣ зери танқид гирифт:

- Ба мо маблағ даркор, то ки стансияҳои электрикӣ созем, ин ҷо бошад, намедонам барои ким — чиҳо чӣ қадар маблағ ва барои ким-кадом картина чӣ қадар пул талаб мекунанд!

Ӯ қатъиян зид баромад…

Рафиқ Ҳоҷибоев суханро ба ман дод.

Ман ба эродҳои шахсе, ки аз ман пештар баромад кард, дарафтодам: Наход ки ӯ гуфтаҳои Ленинро дар бораи аҳамияти кино надонад?! Наход ки вай аҳамияти мафҳуми «аз ҳамаи санъатҳо муҳимтаринаш киност»-и Ленинро нафаҳмидааст ?! Наход… Худо медонад, ки ман боз чиҳо намегуфтам, агар Раиси Совнарком, Раиси Ҳукумати РСС Тоҷикистон (А. Ҳоҷибоев) маро дар ҷоям намешинонд. Метарсидам, ки таърифу муболиғаҳои ман ҳамаи нақшаҳоро барбод медод, агар баъди ман рафиқ Карамов — шахсияти ғайриодӣ ва дар ҷумҳурӣ  машҳур барои сухан гуфтан иҷозат намепурсид.

- Ман баромади ин ҷавонро гӯш карда, аз ҳампаҳлуям пурсидам: — Ин ҷавон  кист? Ӯ ҷавоб дод: — Тоҷики мо, режиссёри кино Ёрматов».

Пуштибонии Абдураҳим Ҳоҷибоев буд, ки барои таҳияи минбаъдаи филми бадеии «Муҳоҷир» маблағи зарурӣ  ҷудо карда шуд ва соли 1934 филми нав ба экранҳои кинои советӣ баромад».

Солҳои 1934 -1939, расо панҷ сол, кормандони «Тоҷиккино» ба ғайр аз якчанд филми ҳуҷҷатӣ ва филми бадеии «Худои зинда» режиссёрон М. Вернер ва Д. Василев соли 1935, боқӣ то соли 1939 ягон филми бадеӣ истеҳсол карда натавонистанд. Агарчӣ дар ин роҳ кӯшишҳо карданд. Масалан, аз рӯи  супориши Комитети давлатии кинематографияи СССР соли 1935 бояд  аввалин филми овозадори тоҷик дар Осиёи Миёнаро маҳз дар «Тоҷиккино» ба навор мегирифтанд. Интихоби навиштани сенария аз рӯи романи «Дохунда»-и устод С. Айнӣ қарор гирифт. Режиссёри маъруфи советӣ Лев Владимирович Кулешовро аз шаҳри Москва даъват карданд. Бо сабабҳои маълум ин иқдоми наҷиби киносозони тоҷик дар нимароҳ монд. Кинои ҷавони тоҷик зарбаи сахте гирифт. Ҳатто Кулешов ҳам дар ин ҳолат кумак карда натавонист.

Аз рӯи маълумоти доктори илмҳои таърих, профессор Шукур Султонов, баъди аз вазифаи баланди давлатӣ озод кардани Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум ҳар ду дар Университети профессураи Сурхи Москва (солҳои 1933-1937) таҳсил кардаанд. Вале таъқибу фишор ва туҳмат хотима намеёфт. Масалан, рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» аз 22 июли соли 1937, № 167 (2663), зери сарлавҳаи «Тоҷиккино — Тоҷикфилм» муаллифаш  Валидов, навиштааст:

«… Лекин меҳнаткашони Тоҷикис­тон то ҳанӯз дар экранҳои кинотеатрҳо ягон филме, ки ҳаёт ва муборизаи онҳоро нишон диҳад, дида наметавонанд.

Ҳайҳот ба муборизаи ғамхоронаи халқи тоҷик ба муқобили истибдоди амир ва муқобили дастаҳои бешумори босмачиён, ба муқобили миллатчиёни буржуазӣ — Махсум, Ҳоҷибоевҳо дар кино то ҳанӯз инъикос наёфтааст.

Маълум аст, ки дар вақти роҳбарии Ҳоҷибоев ва Махсум дар бораи эҷод карда шудани кинофилмҳое, ки муборизаи ғамхоронаи халқи тоҷикро барои сотсиализм нишон диҳад, ҳатто дар ҳам зада намешуд».

Баъди аз вазифаҳои баланд озод шудани Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳар ду барои таҳсил ба шаҳри Москва фиристонда шуда, солҳои 1933-1937 дар он ҷо зиндагӣ карданд. Вале ҳушу хаёлашон ба Тоҷикистон буд.

Муносибат  ва таваҷҷуҳи А. Ҳоҷибоев солҳои таҳсилу зиндагӣ дар шаҳри Москва нисбат ба санъати  театру кино ҳеҷ гоҳ кам нашуд. Фурсат ёфта бо аҳли оилааш ба тамошои кинофилмҳои нав ё спектаклҳо мерафтанд.

Аз соли 1940 то соли 1956, яъне 16 сол дар кинои тоҷик танаффуси иҷборӣ эълон карданд. Дар фармони Кумитаи давлатии кинематографияи ИҶШС банди 4 аз соли 1940 омадааст:

«… 4. Бо сабаби набудани кадрҳои миллӣ, алалхусус режиссёрон дар киностудияи Сталинобод, студияи номбурда муваққатан баста шавад. Танҳо шуъбаи хроника нигоҳ дошта шавад».

Танҳо соли 1956 филми бадеии «Дохунда»-и режиссёр Б. Кимёгаров ба экранҳои Иттифоқи Советӣ баромад.

Аз вафоти фоҷиавии  Абдураҳим Ҳоҷибоев зиёда аз 80 сол гузашт, аммо филм­ҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеие, ки дар давраи роҳбарияш офарида шудаанд, ҳанӯз ҳам моҳияти таърихиро гум накарданд, балки бо гузашти солҳо қадру қиматашон зиёдтар хоҳад шуд.

Ҳар гоҳе ки филми бадеии «Муҳоҷир»-ро тамошо  мекунем, беихтиёр ҳамон ҷаласаи таърихӣ таҳти роҳбарии Раиси Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон ба хотир меояд. Он лаҳзаҳо Ҳоҷибоев  на танҳо режиссёри ҷавон Комил Ёрматовро, балки кинои ҷавони тоҷикро дар ҳассостарин, тақдирсозтарин лаҳзаҳо дастгирӣ кард. Пас меарзад, ки режиссёрони кино аз ҳаёти ин марди фарҳангсолор филми ҳуҷҷатӣ таҳия карда, ба ин васила рӯҳашро шод гардонанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»,

Бахтовари ТЕМУРЗОДА, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон