Таърихи як сурат

Чӣ тавр зангибача аз филми «Сирк» дӯсти Заур Дахте шуд

№119 (4539) 26.09.2022

ЗаурАрбоби шоистаи ­санъати Тоҷикистон, наворбардори кино ва суратгири шоиста ­Заур Рустамович Дахте солҳои охир ба суратгирӣ машғул аст.

Ҳар гоҳ ба ҳолпурсиаш равем, суратҳои зиёди таърихиро ба маъраз гузошта, дар бораи ҳар сурат боэҳсос ҳарф мезанад. Ҳар кадоме аз онҳо таърихи хос доранд ва барои хонанда аҷиб хоҳад буд. Диққати маро як сурат ҷалб кард. Сурати Заури мактабхон бо дӯсти сиёҳпӯсташ, зангибача Ҷеймс Паттерсон.

Ҷейсмро шинохта пурсидам:

- Ин дӯстатон магар дар филми бадеии «Сирк»-и режиссёр Григорий Александров (соли 1936) нақши кӯдаки сиёҳпӯстро бозӣ накардааст?

- Бале.

- Солҳои 1955 — 1958 дар Интернати интернатсионалии бачагона, воқеъ дар шаҳри Ивановои Федератсияи Россия таҳсил мекардам. Интернат барои фарзандони муҳоҷироне, ки аз дигар давлатҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурдаанд ё бо тақозои айём кӯчида буданд, кушода шуд.

Падари Ҷеймс — Ллойд Паттерсон зодаи шаҳри Ню-Йорки Амрико ҳамроҳ бо 21 африкоии муқими Амрико соли 1932 ба Иттиҳоди Шӯравӣ омада буд. Онҳо ният доштанд, ки филми ҳуҷҷатӣ ба навор гиранд. Ҳамкоронаш ба Амрико баргаштанд, вале Ллойд Паттерсон дар шаҳри Москва монда, ба сифати барандаи радио (диктор) ба кор даромад.

- Дар он ҷо бо рассом — моделер Вера Аралова шинос шуда, тақдири минбаъдаашонро пайвастанд. Ин оилаи интернатсионалӣ соҳиби се писар шуд, ки яке аз онҳо дӯсти солҳои мактабхониам Ҷеймс буд. Шароити интернат хеле хуб буд, ба мо беҳтарин муаллимон ва мураб­биҳо дарсу таълим медоданд. Дар интернат кружокҳои гуногун амал мекарданд. Ман ба суратгирӣ таваҷҷуҳ доштам, инчунин, ба сохтани моделҳои самолёт низ машғул будам, — он солҳоро ба хотир овард Заур Дахте.

Савол додам, ки чӣ гуна зангибачаи хурдакак ба филми машҳури «Сирк» роҳ ёфт. Заур Рустамович гуфт, ки Ҷеймс Паттерсон аз ман се сол калонтар буд, вале бо ҳам ҷӯраи хеле наздик будем.

Соли 1935 Григорий Александ­ров ба таҳияи филми бадеии мусиқии «Сирк» шурӯъ кард. Ба онҳо кӯдаки сиёҳпӯст лозим шуд, то нақшро иҷро кунад. Ҳангоми ташрифи навбатӣ аз байни се фарзанди оилаи Ллойд Петтерсон диққати онҳоро чолокӣ ва табассумҳои ширини кӯдаконаи Ҷеймси дусола ҷалб кард. Ҳамин тавр, ӯро ба филми машҳури «Сирк» ҷалб карданд.

зангиФилми мазкур соли 1936 ба экран баромада, хеле машҳур гардид. Он аз дӯстдоштатарин филмҳои Сталин ба шумор мерафт. Ҳар гоҳе ки хумори тамошои филм мегирифт, нишон додани ду филмро мефармуд. Яке «Бачаҳои шӯх» ва дигаре «Сирк».

Ҷеймс дар интернат бо баҳои хубу аъло мехонд ва шеър менавишт. Баъд аз хатми интернат дар Омӯзишгоҳи ҳарбӣ — баҳрии ба номи адмирал Нахимови шаҳри Рига таҳсил карда, чанд муддат баҳрнаварди киштии зериобӣ ҳам буд, аммо маҷрои зиндагӣ ӯро ба дигар ҷо бурд.

Падараш соли 1942, ҳангоми бомбаборони шаҳри Москва сахт захмӣ шуда, ҷароҳати вазнин бардошта, вафот кард. Модараш ба шаҳри Свердловск кӯчида, дар госпитали ҳарбӣ ба ҷанговарони маҷруҳ кумак мерасонид.

Ҷеймс бо акаву додараш дар Хонаи бачагонаи деҳаи Кашино, 35 километр дуртар аз шаҳри Свердлов мехонданд. Бо гузашти солҳо ӯро ба Интернати интернатсионалии бачагонаи шаҳри Иваново гузаронданд. Дар он ҷо Ҷеймс Паттерсон бо дӯсти наваш Заур шинос мешавад.

- Бо ҳам суратҳои зиёди хотиравӣ доштем, аммо бо мурури солҳо гум шуданд. Яке барои хотира гирифт, дигаре ваъда дод, ки мақола навишта, бо сурати таърихӣ чоп мекунад, вале касе чизе нанавишт.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо Ҷеймс Паттерсон вонахӯрдам. Ҳамин қадар иттилоъ дорам, ки ҳамроҳи модари солхӯрдааш соли 1994 ба Амрико кӯчиданд,- гуфт дар охири суҳбат Заур Дахте.

Бо гузашти солҳо Заур Дахте чандин маротиба ба Интернати интернатсионалии бачагонаи шаҳри Иваново рафта, бо муаллимон ва мураб­бияҳояш вохӯрд. Соли 1987 бо номи «И ветром я живу» (муаллифони сенария Е. Кимягарова ва З. Дахте, режиссёр Е. Кимягарова, оператор З. Дахте, истеҳсоли «Тоҷикфилм») филми ҳуҷҷатӣ ба навор бардоштанд.

Мехоҳад дӯсташ Ҷеймс Паттерсон — зангибачаи аллакай калонсол аз филми ҳунарии «Сирк» — ро пурсуҷӯ кунад. Умед дорад, ки сиҳат ва саломат бошад. Кошки…

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»

Дар суратҳо:

1. Ҷеймс Паттерсон бо дӯс­ти солҳои мактабхониаш Заур Дахте.

2. Лаҳзае аз филми ҳунарии «Сирк» бо иштироки зангибача Ҷеймс, соли 1936.