Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароит ва ба танзим даровардани фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул гардидаанд, ки барои рушди соҳибкории занон мусоидат намуд. Дар ин хусус бо бонуи ҳунарманд, соҳибкор Гулбарг Боқиева суҳбат доштем.
- Тиҷоратро чӣ гуна оғоз кардед?
- Модарамро ҳамагон раиси Холмо ном мебурданд. Солҳои 60-уми асри гузашта дар вазифаи раиси ҷамоат дар Муъминобод кор мекард. Ҳар гоҳ аз кор бармегашт, то поси шаб гулдӯзӣ мекард. Модарам ҳунари нақшдӯзӣ, кокулбофӣ ва муҳрабофӣ, тоқидӯзиро дошт. Дар вақти нақшдӯзӣ гоҳо рубоиеро замзама мекард, гоҳе аз ҳаёту фаъолият нақл карда, панду андарзҳои зиёд мегуфт. Мо аз модар ҳунар омӯхта, як ҷаҳон маънӣ мегирифтем. Ҳамин буд, ки ман дилбохтаи нақши дастони модар гардидам. Дар овони донишҷӯӣ шероз ва гулдӯзӣ омода намуда, савдо мекардам. Аз ин кори ман ҳамкурсҳоям ҳавасманд шуда, ҳама чаканпӯш шуданд.
Дар кадом соҳае кор мекардам, дар он ҷо омӯзишу дӯхтани ҳунарҳои мардумиро ба роҳ мемондам. Дар ҷамоат гурӯҳи чакандӯзонро аз ҳисоби занону духтарони хонанишин ташкил кардем ва дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён мегардидем.
- Мусаллам аст, ки соҳибкорон давоми фаъолият замони муайяне мушкилиҳои зиёдро аз сар мегузаронанд. Оё бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудед?
- Соли 2017 корхонаи эҳёи ҳунарҳои мардумии «Чирадаст»- ро дар ноҳияи Муъминобод кушода, занону духтаронро ба кор ҷалб кардем. Дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 500 куртаи гуногун дӯхтем, вале харидор набуд, ки маҳсули омодакардаамонро фурӯшем. Ҳамин хел ҳолат шуд, ки маоши дӯзандаҳоро пардохт карда натавонистам. Илоҷе ёфта, маоши дӯзандаҳоро пардохт кардам, то ин ки ҳавасмандии онҳо зиёд шавад. Ба чандин ҷой муроҷиат карда, ҳатто розӣ будам бо нархи арзон савдо кунам. Огоҳӣ ёфтам, ки роҳбарияти ҳамонвақтаи шаҳри Бохтар Амирулло Саъдуллоев ба қадри ҳунару меҳнат мерасидааст, ба наздашон рафтам. Аз он маҳсулоти омодакарда якчанд намунаҳо бо худ гирифтам. Роҳбарият ба кори мо баҳои баланд дода, супориш дод, ки маҳсулоти моро харидорӣ карда, боз фармоишҳои дигар, аз ҷумла тоқӣ, чодар ва дигар чакандӯзиҳо, барои шуъбаи фарҳанг омода кунем. Маҳсули дасти мо имрӯз дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода мешаванд.
- Нақши бонувонро дар рушди соҳибкорӣ дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Бо дастгирии Пешвои миллат мо — занону бонувон ҳунарҳои аҷдодиро бо диди нав зинда кардем. Эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» ба мо боз ҳам илҳоми тоза бахшид. Ҷаҳонӣ гардидани чакан барои мо — ҳунармандон ифтихори бузургест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо занон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дастуру супоришҳо дода, зимни сафарҳои корӣ аз маҳсули дастони ҳунармандон боздид намуда, ба онҳо баҳои сазовор дода, нақши дастони модари тоҷикро ҷаҳонӣ намудаанд. Мо занони ҳунарманд бо ҳунари хеш ҷаҳонро дидем. Ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Молдавия Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо сафар кардам. Дар сафарҳо ҳамеша бо пироҳани зебои тоҷикии чакан мерафтам, аз тоҷик буданам ифтихор дорам.
Ҳукумати кишвар барои бонувони соҳибкор хеле имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла грант, аз андоз озод кардани ҳунармандони мардумӣ, фароҳам овардааст. Ҳоло ба ҳайси роҳбари муассисаи давлатии ҳунарҳои мардумӣ «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекунам. Занону бонувонро меомӯзонем, ҳунарманд мекунем. Бонувон ба василаи ҳунар шароити оилаи худро беҳтар мекунанд. Мактаби «устоду шогирд»-ро роҳандозӣ карда истодаем. Агар заррае саҳми ман ба нафаре расад, худро хушбахт ҳисоб мекунам.
Бинобар ин, ба занону бонувон муроҷиат мекунам, ки ҳунармандӣ сабрро талаб мекунаду маҳоратро.
-Маслиҳати шумо ҳамчун як бонуи муваффақ ба занҳои хонашин чӣ гуна аст?
- Модарам мегуфт, ки хастагиамро дӯхтани косагулҳоям мебарорад. Вақте касбатро дӯст медорӣ, гузаштани вақтро эҳсос намекунӣ. Бисёр вақт соат аз дуи шаб мегузарад, аммо мо андармони дӯхтан хастагиро ҳис намекунем. Чакандӯзӣ ин зебоиофарӣ аст. Дастони модари тоҷик табиати зебои кишвари биҳиштосои Тоҷикистонро рӯи матоъ меофарад, меҳру муҳаббати худро нисбат ба сарзамини аҷдодӣ бо нӯги сӯзан ифода мекунад. Агар модар ҳунарманд бошад, фарзандон ҳунарманд мешаванд. Чакан аз азал мардумӣ буд ва ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Арӯсон бо пироҳани чакан ба хонаи бахти хеш мераванд, дар базмҳои сатҳи давлатӣ, аз ҷумла дар Наврӯз ва Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, қариб ҳама чаканпӯшанд. Вақте куртаи дӯхтаро дар тани бонувон мебинӣ, беихтиёр шукрона мегӯӣ, ки зебоиофар ҳастам.
- Дар ҷумҳурӣ кошонаҳои пироҳани арӯсӣ хеле зиёд аст, аммо, тарзи дӯхт барои духтарони тоҷик бегона. Нархаш гарон ва кирояаш аз он гаронтар. Намешавад, ки либоси арӯсии миллиро дар чунин кошонаҳо ба фурӯш барорем, то таваҷҷуҳи занҳо камтар ба моли бегона шавад?
- Албатта, мешавад. Дар тӯйи арӯсу домодӣ, хусусан фарзандони шахсони доро, ба бегонапарастӣ роҳ медиҳанд. Ҳувияти миллӣ аз фарҳанги оиладорӣ сарчашма мегирад. Агар ҳама рӯ ба либоси миллӣ орем, хубтар аст. Чаканро бо диди муосир офарида истодаем, рангҳои нав, гулҳои навро эҷод кардаем, то писанди ҷавонон гардад. Сайёҳон, ки ба Тоҷикистон меоянд, дар баробари мафтуни табиати зебо ва меҳмоннавозии тоҷикона боз бо худ аз ҳунарҳои мардумӣ армуғон мебаранд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»