Андеша ва воқеият

Чаро миёни мусалмонон иттиҳод нест?

№21 (3658) 25.02.2017

ївпївп

Иддао мекунанд, ки мусалмононро асосан ҷуҳуд ё ба ибораи дигар, яҳудиҳо бо ҳам меангезанд ва хунашонро мерезанд. Роҳбарони ташкилоту гурӯҳҳои ифротии бо ном исломии «Толибон», «Ал – қоида», «ДИИШ» — ро низ аз миллати яҳуд медонанд. Шояд ҳамин тавр бошад, вале набудани ваҳдату ягонагӣ миёни мусалмонон аниқ аст. Суоле пеш меояд, ки бечоранолии мусалмонон, худро надидану гуноҳро ба гардани дигарон бор кардани онҳо то кай идома меёфта бошад? Маълум, ки душман мекӯшад зиёнашро бо ҳар роҳе расонад. Барои ҳимоят аз душман кас бояд ақли солимро кор фармояд, то эмин аз хатар монад. Чораҳо андешад, ки душман дигар имкони бадӣ кардан ба ӯро ёфта натавонад. Сирри тавонмандӣ, «тактика» — и ӯро омӯзад, кашшофӣ намояд, камбудиҳои худро фаҳмидаю ислоҳ карда тавонад. Вагарна, фарёд кашидан фақат хоси заифон аст. 

Дар мубориза аз ҳама усул, аз ҷумла «тафриқа андозу роҳбарӣ намо» кор мегиранд. Бечоранолии мусалмонон шикояти кӯдаки аз алам гирёнро аз болои ҳамсолони муштзӯр ба падару модар ё наздике мемонад, ки ӯро пайваста озор медиҳанд. Оё Худованд ба мусалмонҳо ақлу хирад надодааст, ки ба доми фиреби душманон меафтанд? Бахусус, дар замони муосир, ки касе манфиатҳои худро ба хотири дигаре қурбон карданӣ нест. «Дар набарди зиндагонӣ бар падар бовар макун», — гуфтаанд.

Шайх Саъдии Шерозӣ – шоири рӯҳияи олии муборизидоштаи тоҷик фармудааст:

 

Бо душмани худ шиори худ сахтӣ кун,

Бардор ба оҳан оҳани тафтаро.

Агар онро ба инобат гирем, ки шумораи мусалмонон, масҷидҳо ва шайхону домуллоҳои ислом зиёд аст, ҷаҳонро бояд мусалмонон идора мекарданд. Мутаассифона, акси инро мушоҳида мекунем, ки ҳаққонияти байти «дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор» — и Фирдавсии бузургро тасдиқ менамояд. Асрҳо боз давлатҳои ғайриисломиро пешрафтаю аксар давлатҳои исломиро дар ҳоли парокандагӣ, фақру бенавоӣ, ҷангу ҷидол мебинем ва Афғонистону Фаластин мисоли рӯшани ин мебошанду маълум нест, ки вазъи онҳо кай ба эътидол меояд? Сурия, Либия барин давлатҳои араб солҳои охир ба ин рӯйхат илова гардидаанд.

Барои чӣ асрҳо боз рӯҳониён, аз ҷумла муллоҳои мо, бо пайравӣ аз эмиссарҳои аҳди Хилофати араб насли ҷавонро ба дунёбезорӣ, рӯҳияи ғуломӣ, манқуртӣ доштан ҳидоят мекунанд, на ба омӯхтани илмҳои дунявӣ? Дар баробари ин, бемалол аз дастовардҳои техникии ихтироънамудаи ба қавли худашон «кофирон» истифода бурда, ҳаёти хушу хуррам ба сар мебаранд. Чаро дар олами Ислом пас аз реҳлати Пайғамбар Муҳаммад (с) аз миёни арабҳо пешвое набаромад, ки ақаллан, миллати арабро муттаҳид созад? Мутаассифона, имрӯзҳо аз тарафи иддае аз муддаиён аҳкоми шариати исломӣ танҳо дар сухан риоя мегардад, ки худнамоию намоишкорӣ беш нест. «Муъмин бародари муъмин» ҳам дар сухан асту халос. Умуман, чаро миёни мусалмонон иттиҳоду боварӣ нест ва решаи он аз куҷо маншаъ гирифтааст?

Хилофати араб ҳам, чун дилхоҳ империя, бо ғаразҳои сиёсӣ зери пардаи ислом таъсис шуда буд. Яъне, дигар халқияту миллатҳо бо баҳонаи исломро пазируфтан бояд зери итоати онҳо қарор мегирифтанд. Агар не, чаро маҳз Хилофати араб, на Хилофати мусалмонон ё худ ислом номгузорӣ шуд? Ба ҷуз дин, тоҷикон бо арабҳо чӣ умумият доранд? Дилхоҳ мусалмон дар давлатҳои ғайриисломӣ ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандиро дорад, вале дар Арабистон не.

Чаро «ДИИШ» ва «Толибон», ки гӯё зери парчами ислом мубориза мебаранд, маҳз дар мамолики мусалмонӣ фаъолияти густурдаро бар роҳ мондаанд. Оё «номусалмоне мусалмонро мусалмон карданист»? Мусаллам аст, ки онҳо ба Ислом рабте надоранд, аз мусалмонӣ бӯе намебаранд ва бештар аз ин дастнишондаҳои давлатҳои алоҳидаи манфиатхоҳ ҳастанд, ки ҳадафашон рехтани обрӯю нуфузи Ислом, нифоқ миёни мусалмонон ва бо дасти ҳамдигар ғулому нест сохтан, соҳиб гардидан ба сарвату боигарии онҳо мебошад.

Омили дигар он аст, ки хадамоти ҷосусӣ рӯҳия, хулқу атвори мардуми мусалмонро хуб омӯхтаанд. Асрҳо боз ба таассубу хурофот дода шудан, нотифоқӣ, ба равияҳо тақсим ва бо ин ҷурмҳо аз пешрафту тараққиёт дур мондани онҳо душманонашонро далер кардааст.

Насли ҷавон шабеҳи боигариҳои табиӣ мебошад, ки ниёз ба кашфу коркард дорад. Кадом доирае ба ин ҳама захираи бой даст ёбад, бурд мекунаду қудратманд мегардад.

Абдулазиз Шайх — муфтии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар вокунише ба як паёми роҳбари мазҳабии Эрон — Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ дар бораи мавсими ҳаҷҷи соли гузашта гуфта буд, ки «мо бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки онҳо (эрониҳо) мусалмон нестанд, аз авлоди маҷус ҳастанд ва хусуматашон бо мусалмонон, бавижа сунниҳо, дерина аст.»

Аз чӣ бошад, ки масъулони дини Тоҷикистон, онҳое, ки пайваста бо мавъизаҳои худ миёни мардум баромад мекунанд, вокунише ба гуфтаҳои муфтии араб нишон надоданд. Аз одами одӣ то воломақом одате дорем, ки ном онро хотирбинист. Аз хурдӣ моро дар ҳамин рӯҳия тарбия кардаанд, ки вазнин бошем, сабру таҳаммулро ихтиёр кунем ва мақоли «ҷавоби аҳмақ — сукут» — ро бофта бароварданд. Оре, насиҳат хуб аст, аммо «Изои муъмин ҳаром», «рӯи одам ширин», «сагро хотири худаш не, хотири соҳибаш» барин мақолҳо моро то ба дараҷаи бефаъолиятӣ овардааст. Дар ҳама маврид маҳз мо — тоҷикон бояд одоби ҳамсоядорӣ, инсониро риоя намоем. Ба хотири наранҷидани ҳамсояҳо, вайрон нашудани муносибатҳо ҳатман гузашт карда, худро нодида, ношунида вонамуд кунем. Ҳамин буд, ки ғуломонамон давлатдориамонро барҳам зада, асрҳо давр ронданд. Қаламравамон ҳам бамаротиб танг гардид. Аз ҳисоби қирғизҳо домуллоҳои пешинамон, манфиатҳои миллиро сарфи назар намуда, мурид гирифта, онҳоро дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон маскун ва ба ворисон хизмати хирсона карданд.

Баъзан Тоҷикистонро ба ҳайси як кишвари хурд ва зиёда аз он, аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда муаррифӣ менамоянд, ки кас нороҳат мешавад. Магар ин асос шуда метавонад, ки Сарвари давлати мо ҳам бо ин ваҷҳ хомӯширо ихтиёр кунад? Баръакс, аз минбарҳои баланду бонуфузи ҷаҳонӣ бо масъалагузорӣ, даъватҳои ҷолиб ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ фаъолона баромадҳо намудан ва дастгириҳои ҳамаҷониба ёфтани ӯро дида, ҳайрон мешавем, ки барои чӣ зиёиён, мансабдорон, донишмандону олимон, масъулони соҳаҳо бо ибрат аз ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои қотеъ дар ин ҷангҳои лафзӣ даҳони ёвагӯёнро намебанданд? Онҳо ё ба дониши худ боварӣ надоранд ё садоқату муҳаббаташон ба миллату Ватан сатҳист.

Дину мазҳаб ҳам ба хотири миллат аст ва рӯҳониён чун ҷузъи таркибии он бояд дар хизмати миллат қарор дошта бошанд. Мардумро на ба ватанбезорӣ, балки ба ватандӯстдорӣ даъват намоянд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»

Баъди навиштани ин сатр­ҳо хабаре нашр шуд, ки Вазорати маорифи Амороти Муттаҳидаи Араб номи «халиҷи Форс»- ро аз китоби дарсии синфи чаҳоруми мактабҳои ин кишвар бардошта, ба ҷойи он истифодаи «халиҷи Арабӣ»- ро дастур додааст. Ин тасмим дар ҳолест, ки бино ба сарчашмаҳои муътамад, истилоҳи «халиҷи Форс – пайкараи обӣ миёни Эрон ва нимҷазираи арабӣ решаи амиқ дар таърих дорад ва 500 сол пеш аз оғози тамаддуни масеҳӣ мавриди истифода будааст».