Ҷашни меҳру фаровонӣ

Чаро муқовимат бо Сада сахту сангин шуд?

№17 (4757) 05.02.2024

e7dbdf10-83af-4e8d-b06b-fb74fb4344e2Воқеияти таърих аст чунин як идвора, ки бо гузашти солҳо аз хотир фаромӯш шуда буд. Шояд доирае муқовимат варзад, ки ин тавр набуду нашуд, вале ба адабиёти як аср пеш назар биандозеду ба насле, ки худамон мешинохтем. Ин замон қисмате ба ҷашнвораҳо садоқат надоранду гурӯҳе мухолифат мекунанд, аммо ба ҳар ҳол, чаро барои аз ёдҳо тарошидани Сада амалҳои зиёде анҷом хӯрд?

Бояд зикр шавад, ки дар ибтидо Сада ба хотири дилхушӣ ва фароғат ба миён наомада, балки зарурат ва эҳтиёҷи рӯзгор ва зиндагии инсонҳо будааст. Пасон, бо гузашти марҳилаҳои тараққиёт такомул ёфта, аз як маросими одию барои омма ба василаи тарғибу талқин ­анъанаи ҷовидона ва намунаи барҷастаи русуми поянда ва аҷибу шавқовар табил шуд. Сада аз гузаштаи пурғановати тоҷик, шоҳону номварони асрҳои пешин, шаҳристонҳо ва оташкадаҳое, ки маросими ҷашн баргузор мешуд, адлу дод, диҳишу бахшиши эшон, аз оини хуштарҳ, адабиёти тановар ва чанд паҳлуи зиндагиномаи мардум маълумот дошту дорад

Аз осори омӯхтаам натиҷа бармеояд, ки ба таълимоти зардуштӣ низ дар алоқамандӣ набуда, намунаи эътиқоду арҷгузорӣ ба офтоб ва нишонае аз он – оташ дар рӯи замин будааст. Яъне, намунаи эътиқоди ибтидоист. Бино ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон: «Дар миёни қувваҳои сершуморӣ бадӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфтанд, ки бар зидди ин неруҳо озар ё оташ ва раъду барқ муассиранд. Бар зидди торикӣ Хуршед – унсури тавонову муқаддас мавриди парастиш қарор гирифт».

Ба ҳар ранг мебояд ба замони пайдоишаш диққат кунем, ки акнун инсонҳо рӯ ба пешравӣ доштанд ва ҳанӯз давлатсозӣ сомон наёфта буд. Сада ҳамчун ҷашнвора батадриҷ ташаккул ёфт ва ба маросиме бузурге дар давлатдории Сосониён табдил шуд ва ба оину кеш пайваст. Ҷашнҳои хурду бузурги мардумони ориёӣ бо оташ ва рӯшноӣ дар алоқамандианд. Маросимҳои Наврӯз бе арҷгузорӣ ба оташу рӯшанӣ аҳамият надорад. Чуноне дар миёни идҳо Шопур «Оташро барои табаррук ба он, ба ҷойҳои баланд қарор дод, ки ҷавро ҳарорати он пазонад ва ашёи касифаро бисӯзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намояд». Ҷашнҳо бо вуҷуди умумият урфу маросиму анъана ва аломатҳои фарқкунанда доштанд. Чуноне, Наврӯзу Меҳргонро ба эътидоли шабу рӯз, ки тақвимию нуҷумӣ ва табиист, умумият бахшад, Тиргону Шаби Ялдоро ҷойгоҳи мутлақи офтоб дар нуқтаи баландтарин ба ҳам меорад, вале гӯё Сада ба ин гуна ҳодисаи муҳими табиӣ ва нуҷумӣ алоқамандие надорад. Мешавад онро танҳо ба омодагӣ ба баҳору оғози киштукор ва шинондани дарахтон пайвандӣ дод? Гумонам, ки қонеъкунанда нест. Бинобар ин, мебояд оғози ҷашнро аз шаби чилла – мавлуди офтоб ва баргузориашро ба «Гаҳворабандони хуршед» – даҳуми Баҳман пайваст.

Аммо чаро Сада бо замми иллатҳо, ки гуфта шуд, боз ҳам рақибони бештаре пайдо кард? Бо он ки дар таркибаш аломатҳои рӯшану рӯирос­ти анъанаҳои пешин – митроизмро дошт ва намунаи зиндаи муқовимат бо оини тоза – ислом ба шумор мерафт. Зарфияти асосии митра – оташкадаҳо пеши назар буд. Бо ин сабаб муқовимат бо Сада сахту сангин воқеъ шуд. Бо нест кардани Сада аз миён бурдани оташкадаҳо саҳл мешуд ва баръакс. Арабҳо қисмати маъбаду оташкадаҳоро хароб ва қисматеро ба масҷид табдил доданд. Бояд ба эътибор гирифт, ки арабҳо дар мубориза бо парастиши офтобу оташ таҷриба пайдо карда буданд, ҳангоми забту густариши ислом бо қудсиёти Мисру соири давлатҳо.

Сада на ҳама давру замон иди айём буду пазириш меёфт. Пас аз забткории мақдуниҳо, ки парастиши офтобу оташ дар тандеси Зевс (лотиниаш Юпитер, Худои осмон) ва Аполлон (Худои рӯшаниву нури офтоб) ривоҷ дошт, вале хосиятҳои юнониро бештар гирифт. Гумон меравад иди оташ бо аломатҳои шарқӣ дар аҳди Ашкониён зуҳур кард ва маводи зарурӣ дар мавриди парастиши Офтоб дар даст дорем, аммо дар иди Сада на.

Чаро дар як давраи муайяне пас аз забткориҳои араб Сада шуҳрат пайдо карду анқариб аз ёдҳо рафт? Дар пойдории ҷашн нахуст омили сиёсӣ аҳамият доштааст. Дар ин ҷода нақши абармардони сулолаҳои ватанпараст хеле муҳим буду монд. Аз даврони зуҳури давлатҳои миллӣ гомҳои муътамад дар сабзиш ва эҳёи оину анъана ва ҷашнвораҳои миллӣ гузошта шуд, ки бо унвони «Эҳёи Шарқ» шуҳрат дорад. Дар миён нақши давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва саҳми Яқуби Лайсу Исмоили Сомонӣ барҷаста менамояд. Дар ривоҷи ҳаракатҳои эшон муборизаи халқ барои нигаҳдории суннатҳои падарон аҳамияти ҷиддӣ дошт.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар забт­кор бо таълимот ва оину анъанаи худ ба сарзаминҳои дигар ворид мешавад ва тибқи он амал ва аҳолии бумиро ба он иҷборан ҷазбу ҷалб мекунанд. Дар ҳамин раванд ба ҷои осору суннатҳои миллӣ ҷабран маҳсули офаридаи худ, арзишҳои созгор ба густариши таълимоти мувофиқро талқин менамояд. Ҳамчуноне араб. Онҳо параста ё худои наву пайғамбари худро бо сифату афрӯзаҳои вижа доштанд ва ин таълимот бо бовару урфу маросими бодиягардон бастабандӣ шуда буд. Корро ба соне амалӣ месохтанд, ки аз оину кеши пешин чизе боқӣ намонад. Ҳамон мақоле, ки «Филро ёди Ҳиндус­тон мадеҳ». Пас аз муддате дар Хуросону Варорӯд аз оташкадаҳо нишоне намонд. Ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ, ки дар дос­тони «Подшоҳии Яздигурд» таъкид медорад:

Аз ин морхор Аҳриманчеҳрагон,

Зи донишу шарм бебаҳрагон.

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ба Эрону Бобул на кишту дуруд,

Ба чархи Зуҳал бар шудӣ тира дуд.

Ҳама оташ бимурдӣ ба оташкада,

Шуди тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Арабҳо бо ҳар усул сиёсати худро таҳким мебахшиданд. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, ҳарчанд аъроб аз илми буруҷу сувар хеле дур буд, Абумуҳаммади бинни Қутайбаи Ҷабалӣ «…Дар китобе, ки дар тафзили араб бар аҷам навишта, чунин пиндошта, ки арабҳо ба ситорагон ва тулӯъю ғуруби онҳо аз ҳама халқҳо донотар будаанд. Ва ман намедонам, оё намедониста ва ё таҷоҳул карда, ки дар тамоми маконҳои замин барзгарону чӯпонҳо ибтидои аъмоли худ ва маърифати авқотро ба андозаи арабҳо медонанд».

Дар ҳамин боб донишманди шаҳир ба иззати мардуми худ қоил мешавад ва Ҷабалиро муттаҳам мекунад, ки: «Каломи ӯ дар ин китоб бар кинаҳо ва душманиҳое, ки бо эрониён дорад, далолат мекунад, зеро ба ин андоза ҳам розӣ нашуд, ки арабҳоро бар мо, эрониён, бартарӣ диҳад, балки эрониёнро забунтари халқҳо ва пасттарин махлуқ донистааст». Ва олими тавоно хеле хуб таъна мезанад, ки «агар пеши­ниёни арабҳоро мешинохт», гуфтаҳои дурӯғро сармашқи кори худ намекард.

Даҳшати фаъолияти истилогарони араб аз сиёсати Искандари Мақдунӣ дар сӯзондани китоби муқаддаси зардуштӣ ва манъ кардани эшон аз парастиши Оташ даҳшатноктар буд. Ба андешаи шоири олинасаб Низомии Ганҷавӣ, амри нахустини сарлашкари юнонӣ манъ кардани эрониён аз парас­тиши оташ буд. Онҳо бо сӯзондани Истахр минбари ҷашни Наврӯро, ки қудсиёташ дар таҷлили расмии ҳамин ҳамоиш намоён мегардид ва неруи бузурги рӯҳонӣ дошт, аз миён бурданд. Ишораи Низомӣ ба ҳамин амали ноҷавонмардонаи «муриди Арасту» буд, ки мехост эрониёнро аз муттакои асосӣ – сарчашмаи бовару арзишҳои ҷаҳоншиносӣ маҳрум намояд.

Ба гуфти Акбар Турсон: «Дар мавқеъгирӣ дар муносибат бо оташ ташреҳи мармузи худошиносии мусулмонӣ боло гирифт: оташро бо дӯзах айният доданду шайтонро маҳсули «оташи пок» муаррифӣ намуданд. Ин ба тағйири нақши оташ дар ҷаҳоншиносии эрониён овард. Оташ аз поксозу дармонбахш ва хайру созанда ба олоти тарс ва муҷозот табдил шудан гирифт. Воқеан, ҳолати кайфар ба василаи оташ дар қисмати бостонии Авас­то (Готҳо), ки аз охират нақл мекунад, мавҷуд аст. Вале ин ҷо аз ҳолатҳои гуногуни рӯҳонӣ: аз шабоҳат сухан меравад, на аз айният. Бо ин андешаро наметавон хотима бахшид. Дар Авесто дар қиёс бо Қуръон, нахуст мазҳари тарсу воҳима арвоҳи баду бадсигол аст, дувум функсияи харобкории оташ бо хосиятҳои ахлоқӣ-поксози оташ вобаста мебошад». Ба қавли донишмандони дигар, ки Б. Ғафуров ҷамъбаст намудааст: «Зардушт ба мардум ваъдаи расидани ҷаҳони наверо медод, ки дар он қувваҳои некӣ бар бадӣ пирӯз хоҳанд шуд. Пас аз озмоиш бо оташ онҳое, ки некиро интихоб намудаанд, ба олами адолат, ки Аҳурамаздо ба он асос гузоштааст, мерасанд».

Ва агар ба осори Абурайҳони Берунӣ муроҷиат намоем, боз як муқовимати усулии арабро бо мардумони ориёӣ мушоҳида мекунем. Дар ҳамин рав моҳрӯзии хуршедии ниёгон мамнуъ шуд. Ба қавли донишманд: «Моҳҳои арабӣ вобаста бар гирдгардии кураи Моҳ аст ва аз ҳаракати Қамар истихроҷ мешавад. Ва аввалҳои моҳҳои қамарӣ ба дидани ҳилол вобаста аст, на ба ҳисоб… Пас, дар натиҷа ба ақидаи тозиён шаб пеш аз рӯз шуд». Бо ин далел муътақиданд, ки «…мартабаи торикӣ бар нур муқаддам аст. Ва нур бар торикӣ ногаҳонӣ аст. Пас, беҳтар он аст, ки торикиро бар фурӯғ муқаддам дорем». Маълум мегардад, ки ду таълимоте, ки рӯ бар рӯи ҳам омаданд, аз бунёд ихтилофи ҷиддӣ доштанд.

Дар ин раванд араб идҳои тоза: Қурбону Рамазон ва чанди дигарро дар кулвор бо худ овард. Мардуми тоҷик бо фаросат дар идҳои мусулмонӣ намунаҳои пешинро ворид карданд. Мисли аломатҳои гулгардониро ба ду ид дар сурати идгардаки кӯдакон. Назокати фарҳанги бузург низ дар ҳамин зоҳир мешавад. Гулгардонӣ аз муқаддас шуморидани сабзиши табиат ва оғози соли дигар аст, ки ба гоҳномаи қамарӣ мувофиқат намекард. Дигар, ин ки фарзонаҳои замона рӯшангар ва фурӯзона дар сабзиши дастовардҳои куҳани миллӣ буданд. Ҳарчанд дар ғаромати Маҳмуду Масъуди Ғазнавӣ менависанд, дар тафаккури онон фарҳанги ориёӣ гулхати сареҳе дошт. Дар доварии эшон Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Анварӣ ҳар лаҳзаи мувофиқ аз Наврӯзу Садаву Меҳргону Тиргон ёдовар мешуданд ва ба ивази тараннуми шуҳрати султонҳо соҳиби сила мегардиданд. Ҳамин омили муҳими сиёсӣ ва ақлонӣ буд, ки пас аз зарбаҳои муҳлики араб на як Наврӯзу Меҳгон, балки анъанаҳои дигар низ сабзиши дубора ёфтанд.

Чуноне, дар замони Истиқлол ҳамин рисолатро ­Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва бо ташаббусҳои хеш оини ҷашнвораҳоро зинда кард, балки онҳоро ба муаррифгари чеҳраи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мубаддал намуд. То замоне халқи тоҷик вуҷуд дорад, бо тағйири чандгунаи реҷаи сиёсӣ растахезу умри дубораи онҳо бо номи ин марди рӯшангару ватанпараст ­Эмомалӣ Раҳмон боқӣ хоҳад монд.

Агар режими сиёсӣ муҳим набудӣ, бо як гардиши таърихӣ ва ба сари қудрат омадани хонадони Қарахонӣ, Салҷуқӣ батадриҷ ҷашнвораҳо аз миён рафтанд. Пас аз генотсиди муғул унвони ҷашнвораҳо, хоса Сада, дар адабиёт ва ашъори шоирон аҳёнан вомехӯрад, зеро бодиягардон аз асрори донишҳои шаҳрдорон ноогоҳ, базму тараби худро доштанд. Як ғелхӯрии амали сиёсӣ ба нобудии қисмати аъзами мардуми бумӣ ва зумраи анъанаю суннатҳои миллат сабаб шуд.

Дигар аз ёд рафтани Сада ба омилҳои табиӣ низ вобаста буд. Агар Наврӯз ва Меҳргон ба эътидоли баҳорию тирамоҳӣ ва Тиргону чилла ба «офтобдархона» – ҳаводиси дақиқи табиию нуҷумӣ алоқаманд бошад, Сада аз ҳамин хосиятҳои возеҳ аз ҳаводис ё падидае бархӯрдор набуд.

 Барои исботи мулоҳизоти пешин ба жарфнои воқеоти таърих фурӯ рафтан ҳоҷат нест. Таваҷҷуҳ ба даврони шӯравӣ кофист, ки такрори ҳаводиси воқеотро ташхис намоем. Муддати камтар аз 70 сол нишон дод, ки чӣ гуна метавонад як режим дар шикасти тафаккури миллӣ нақш бибозад. Дар он замон кампиракону мӯйсафедон аз роҳу равиши пешин пинҳону рӯшод дастгирӣ мекарданд. Дар Наврӯз бо унвони «Дарвешона», Меҳргон – «Иди ҳосил» фаъолона ширкат меварзиданд. Яъне, дар хуну пӯсташон тоҷик буданд.

Хушбахтона, ранҷу ситами пешин пушти сар шуд ва тоҷик дар давлатдории хеш соҳиби сарнавишти худ аст, аммо неруи дигаре арзи вуҷуд дорад, ки рахна дар андешаи миллӣ ворид месозад. Ин рӯҳониёни ба сурат тоҷик, вале ба андеша ва сират арабзадаанд. Онон ба ҳамаи осори тоисломӣ, хоса ба ҷашнҳои миллӣ, душманӣ меварзанд.

Ҷонибек АСРОРИЁН,

фаҳангшинос