Ҳар гаҳе гирад хумори чашмаи Нуқра,
Мешитобам бар канори чашмаи Нуқра.
Бишканад то ташнагии ҷисму ҷонамро,
Оби сарди нуқравори чашмаи Нуқра.
То биосоям ман аз дарду ғами дунё,
Лаҳзае дар сабзазори чашмаи Нуқра.
Бо хаёли шомҳои моҳтобиаш,
Хоб бинам обшори чашмаи Нуқра.
Мешавам ман дар зимистони Душанбешаҳр,
Интизори навбаҳори чашмаи Нуқра.
Ҳотами Аҳтам, румузи зиндагӣ омӯз,
Аз ғурури беқарори чашмаи Нуқра.
Рӯди сайдон
Бародарҷон, бубинӣ ту агар Сайдону рӯдашро,
Биё, бар соҳилаш биншин, шунав як дам сурудашро.
Шитобон меравад обаш, ба мисли умри инсонҳо,
Паёми ишқ меорад зи ҳар аҳдеву давронҳо.
Ҳазоронсола ин рӯду валекин навҷавон бошад,
Ғазалхону тарабафзо ҳамеша он равон бошад.
Вале як нуктаро донам, агар, эй дӯст, мехоҳӣ,
Биё, як дам тамошо кун ба оби рӯд гулмоҳӣ.
Зи рақсаш гӯиё гул карда оби рӯд сар то по,
Аҷаб рақсест сеҳрангез аҷаб ширин, аҷаб шево.
Ман ин рӯду ман ин гулмоҳияшро дӯст медорам,
Ба мисли моҳӣ пок астам, ба мисли рӯд саршорам.
Ҳотами АҲТАМ