«Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат» дар рӯнамоии китоби «Бонувони Тоҷикистон» Чеҳраҳо, истиқлолият»

№ 10.10.2024

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»  ба истиқболи 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии «Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат» дар рӯнамоии  китоби  «Бонувони Тоҷикистон» Чеҳраҳо, истиқлолият»  баргузор шуд. Дар он як қатор бонувони касбу кори гуногун иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи давлатдори тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз ва саҳми бонувонро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол муфид арзёбӣ карданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ аз ҷумла гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз кард. Дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти  ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Ин иҷлосия, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, боиси ба майдони сиёсат ворид гаштани фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуд ва ин абармард тамоми неру, ғайрат ва ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуданд.

Таъкид шуд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон ба масъалаи занон диққати хоса медиҳанд. Роҳбари давлат ба неруи созандаи  занон эътимоди зиёд дошта, ҳоло  дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занон мақоми баландро соҳиб мебошанд. Бонувон низ дар навбати худ дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар саҳми созгор мегузоранд ва дар инъкоси фаъолияти ин чеҳраҳои номошнои мамлакат маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» нақши муҳим дорад.

Китоби «Бонувони Тоҷикистон» Чеҳраҳо, истиқлолият», ки гулчини мақолаҳои нашршуда дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро фаро мегирад, аз муборизаҳои халқи тоҷик баҳри барқарорсозии ҳаёти нав ва истиқрори сулҳу созгорӣ дар Ватан  гувоҳӣ медиҳад. Мундариҷаи китоб ғанӣ буда, ҳамчунин, хонанда аз он дар бораи чеҳраҳои шинохта, бонувони хизматнишондода, арбобони сиёсат, иқтисоду иҷтимоиёт, саноату кишоварзӣ, илму фарҳанг, маориф, адабиёту ҳунар, варзиш, хизмати давлатию мақомоти қудратӣ, дастовардҳои халқ дар тӯли солҳои истиқлолият, занону духтарони одӣ, ки дар офаридани нозу неъматҳои моддию маънавӣ, тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ номошно шудаанд, матолиби ҷолиб дарёфт ва мутолаа карда метавонад.

Зимнан, китоб  аз тариқи КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтимоми сармуҳаррири маҷалла Шоҳона Одиназода бо теъдоди 2000 нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромадааст.

Ф. ФАЙЗАЛӢ,

 «Садои мардум»