Тибқи қатъномаи Иҷлосияи 38 — уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО, ҷашнгирии 100 — солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои соли 2016 ворид шудааст.
Асосгузори санъати хореографияи тоҷик Ғаффор Валаматзода солҳои 1934 — 1939 ба ҳайси артисти балет ва балетмейстери Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кору фаъолият намуда, солҳои 1939 -1945 вазифаи солисти балет ва балетмейстери Театри опера ва балети Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Номбурда ҳамчун устоди рақс дар таҳия ва ба саҳнагузории намоишномаҳо дар солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул» (соли 1941), «Розия» (соли 1942) «Тоҳир ва Зӯҳро» (соли 1944) саҳми муносиб гузоштааст. Ӯ байни ҷанговарони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертию ҳунарӣ ҳунарнамоӣ карда, сазовори таҳсину эҳтиром гаштааст.
Метавон гуфт, ки нимаи дуюми солҳои сиюм ва нимаи якуми солҳои чилуми асри XX барои Ғаффор Валаматзода солҳои воридшавӣ ба олами беканори санъати хореография, омӯзишу таҳқиқ ва нишон додани истеъдоди баланди касбӣ дар ҷодаи интихобкардааш маҳсуб меёфт. Истеъдоди баланди касбиаш ба ӯ имкон дод, ки ҳамчун устоди рақс дар таҳия ва басаҳнагузории аввалин намоишномаҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, аз қабили «Восеъ», «Лола», «Шӯриши Восеъ», «Ду гул», «Розия», «Таҳмоси хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зӯҳро» саҳм гузорад.
Ғаффор Валаматзода соли 1946 ба Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва шомил шуда, онро соли 1951 бомуваффақият хатм намуд. Сипас, ба сифати сарбалетмейстери Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (солҳои 1951-1956) ифои вазифа кард. Ёдовар мешавем, ки аввалин кори мустақилонаи ӯ дар эҷоди асари саҳнавӣ намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» (соли 1947) буд.
Таҷрибаи кофӣ дар таҳияи асарҳои саҳнавӣ ба Ғаффор Валаматзода имкон дод, ки ҳамчун режиссёр ва муаллифи сенария дар офаридани филм — балети «Лайлӣ ва Маҷнун» саҳм гирад. Ӯ бо Т. Березанцева соли 1960 ин филмро ба навор гирифтанд ва филм сазовори мукофоту дипломҳо гардид. Ҳамзамон, дар таҳияи филмҳои бадеии «Киноконсерти тоҷикӣ», «Консерти панҷ ҷумҳурӣ», «Ансамбли «Лола» саҳми муносиб гузоштааст.
Солҳои 50-ум ва нимаи аввали солҳои 60-уми асри XX Ғаффор Валаматзода дар таълифи мусиқӣ, таҳия ва басаҳнагузории рақсҳои намоишномаҳои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмералда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой», «Кӯли қувон», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Роҳи пуршараф», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Комде ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи кӯҳӣ» саҳм дошт.
Ӯ солҳои 1956-1963 вазифаи директори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, солҳои 1963-1968 директор ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1968-1979 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери Ансамбли давлатии рақсии «Лола»-ро ба уҳда дошт. Ҷоиз ба зикр аст, ки ба саъю кӯшишҳои номбурда соли 1965 Ансамбли давлатии рақсии «Лола» созмон ёфт. Номбурда ба ҳайси роҳбари бадеӣ ва балетмейстер барои шаклгирию рушди ин ансамбл саҳми муносиб гузошт. Рақсҳои басаҳнагузоштаи Ғаффор Валаматзода, аз қабили «Сайри лолаҳо», «Дашнободӣ», «Рӯмол», «Мори печон», «Рақс бо доира», «Рақс бо таблак», «Нағорабазм», «Ҷигарпора», «Чор зарб», «Калтакбозӣ», «Кордбозӣ», «Қайроқбозӣ», «Панҷ гул», «Қамчин», «Чалма», «Тӯй», «Суруд ва муҳаббат», «Чархи дузону», «Ҳосилот», «Дугонаҳо», «Вохӯрӣ», «Ҷум-ҷаҳала» аз нигоҳи мазмун ва назокату нафосат ҷолиб буда, таваҷҷуҳи тамошобинро ба худ ҷалб менамояд.
Хизмати Ғаффор Валаматзода дар рушду такомули санъати хореографияи тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, таҳияи асарҳои саҳнавӣ, густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон назаррас мебошад.
Барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати миллии тоҷик Ғаффор Валаматзода бо унвонҳои фахрии «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» (соли 1941), «Артисти халқии Тоҷикистон» (соли 1945), «Артисти халқии СССР» (соли 1976) сарфароз гардида, дорандаи ҷоиза, орден ва медалҳо буд.
Шариф КОМИЛЗОДА, директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон