Фалаксароӣ чӣ рамзу розе дорад? Бо чӣ тарзу шевае суруда мешавад? Барои рушду равнақи он чӣ кор бояд кард? Фалак имрӯз чӣ ҷойгоҳу мақоме дорад? Ин санъати мардумӣ то куҷо ҳамқадами замон аст? Ба ин ва дигар суолҳои мо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, сарояндаи мумтози таронаҳои мардумӣ ва касбӣ Чилахон Холов посух гуфт:
- Солҳои дароз дар ансамблҳое фаъолият намудед, ки ба эҷодиёти халқ вобастагӣ дошт. Бигӯед, ки фолклор дар рушди санъати мо, аз ҷумла ҳунари шумо, чӣ таъсир гузоштааст?
- Тамоми жанрҳои мусиқӣ, аз ҷумлаи шашмақом, фалак, бадеҳа, лапар, ки дар кишвари мо вуҷуд доранд, аз эҷодиёти халқ маншаъ мегиранд. Агар мо эҷодиёти халқро ба дарахти азиме бо решаи мустаҳкам, танаи тавоно, шоху баргҳои сабзу хуррам ташбеҳ кунем, жанрҳои мусиқии гузаштаву муосир шоху баргҳои он ҳастанд.
Вақте ки ман узви Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» шудам, водии Ҳисор, Раштонзамин, вилоятҳои Суғд, Бадахшон ва Хатлонро гаштам. Аз тарзи сурудхонӣ ва лаҳну ифодаи сокинони он бархӯрдор шудам. Ин чиз таассуроти маро комилан дигаргун сохт. Водорам кард, ки таронаву мусиқиҳои шунидаамро омезиш (синтез) намуда, ба оҳангу сурудҳоям кам-кам ворид созам. Инро онҳое, ки маро гӯш мекунанд, баръало ҳис менамоянд.
- Дар баробари дигар жанрҳои мусиқӣ-этнографӣ фалаксаро ҳастед ва муддате ба Ансамбли давлатии «Фалак» сарварӣ кардаед. Дар бораи рамзу рози фалаку фалаксароӣ бароямон изҳори назар намоед…
- Фалак аз аллаи модар ибтидо мегирад. Аз рӯзе, ки инсон пайдо шуд, модарон ормони худро дар сари гаҳвораи фарзандон то ба гӯши фалак ово кардаанд.
Баъзе жанрҳои мусиқие ҳастанд, ки мисли шашмақом хоси дарбор буданд. Мардуми одӣ ба онҳо чандон дастрасӣ надоштанд. Фалак бошад, аз мардум ва барои мардум буд. Барои ҳамин одамон тавассути фалак розу ниёзи худро иброз менамуданд.
Ин жанри мусиқӣ то имрӯз пурра омӯхта нашудааст. Ҳар вилоят ва водӣ, маҳалу гузар фалаки хоси худро доранд ва онро ба тарзи худ месароянд. Аз ин рӯ, фалак бо номҳои гуногун муаррифӣ мешавад.
Дар водии Зарафшон мардум рубоисароӣ мекунанд, ба рубоӣ дилбастагии хос доранд, ки аслан ҳамон фалаки Зарафшон аст. Ин чиз дар водиҳои Рашту Ҳисор ҳам вуҷуд дорад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, фалак бо шеваҳои хос рушд намудааст. Фалаки Чаноқ, Зина ба зина ва Бепарвофалак эҷоди онҳост.
Дар вилояти Хатлон ҳар ноҳияву маҳал тарзи хондани фалаки худро дорад, ки бо номҳои Даштиву Роғӣ машҳуранд. Масалан, дар Кангурт фалакхонҳои машҳур Карими Шуш, Девонаи Сайҳом, Эмомчаи Набибой кору зиндагӣ кардаанд, ки ҳар кадом дар ин ҷода мактаби худро доштанд.
Хондани фалак дар минтақаҳо аз ҳам фарқ дорад, ҳатто дар Бадахшон хондани фалаки Зина ба зина дар ҳар маҳал ҳар хел аст.
Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар сароиши фалак фақат аз рубоӣ истифода мебаранд, аммо ин хел нест. Масалан, ман ғазалҳои Соиб, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро низ фалакӣ мехонам. Як намунааш матлаи зерин аз як ғазали Соиб аст:
Гиребончокии ушшоқ аз завқи фано бошад,
Алиф дар синаи гандум зи шавқи осиё бошад.
Замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги рӯҳафзо дошта бошад.
Мардум дар гузашта аз тангдастӣ, мушкилӣ фарёд мекашиданд. Имрӯз на танҳо дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд бихонем.
Ба ободӣ, шукуфтанҳои Ватан назар андозем, Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолиро бубинем. Бинобар ин, имрӯз моҳияти фалак низ бояд тағйир ёбад.
- Дар гузашта устодони бузурги фалаксаро буданд ва шумо давомдиҳандаи ҳамон силсила ҳастед…
- Ман дар бораи фалаксарои машҳур Карими Шуш бисёр шунидаам, аммо ӯро надидаам. Ин сароянда миёни мардум хеле маъруф аст. Донишҷӯ будам, бори аввал ба ноҳияи Шӯрообод тӯй рафтам. Як мӯйсафед аз ман пурсид:
- Бачам, аз куҷоӣ?
- Кӯлобиам! – посух додам.
- Медонам, аммо аз куҷои Кӯлобӣ? – таҳпурсӣ кард ӯ.
- Аз Кангуртам.
- Ҳамватани Карими Шуш будаӣ. Дар минтақаи Кӯлоб аз Карими Шуш ҳофизе бузургтар набуд. Ту ҳам бо ҳамон лаҳн суруд мехонӣ. Карими Шуш ҳам сароянда буду ҳам шоир. Шеърҳояшро ба оҳанг дароварда мехонд.
Ман аз забони он мӯйсафед дар бораи ин фалаксарои машҳур қиссаҳо шунидам. Баъдтар кӯшидам, ки оҳангҳои ӯро пайдо намоям ва аз шеваи таронасароияш огоҳ гардам.
Карими Шуш бо тахаллуси Файзӣ шеър мегуфт. То имрӯз шеърҳои ӯ дар хотираи мардуми Кангурт маҳфуз аст.
Вақте ӯро ба ҳабс мегиранду ба маҳбасхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе меоранд, ин мисраъҳоро замзама мекунад:
Аристонам, ба зиндонам, ба зери зулми инсонам,
Гуноҳамро намедонам ба даргоҳи ту менолам.
Пирони Кӯҳдомани шаҳри Душанбе ба ман гуфтанд, ки Карими Шуш зиндонӣ буд. Мо он вақт бача будем. Вай дар дохили зиндон мехонду овозаш дар Кӯҳдоман пахш мешуд ва мо бодиққат ба садояш гӯш медодем.
Ҳамчунин, қиссаҳои зиёдеро аз рӯзгори ӯ аз забони сарояндаҳо Соҳиби Увал, Солеҳи Зайнил, Чилахон Абдулҳақов шунидаам. Бинобар овози баланд доштан, ба Карим лақаби Шушро дода буданд.
Девонаи Сайҳом низ дар фалакхонӣ номдор буд. То имрӯз боғи ин сароянда ва чордевории хонааш вуҷуд дорад. Тарзи хониши хосе доштааст, ки ман ҳангоми фалакхонӣ аз он истифода мебарам.
- Ба андешаи шумо, барои рушди санъати фалакхонӣ чӣ корро бояд ба анҷом расонем?
- Аз рӯзе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ансамбли давлатии «Фалак» мақоми давлатӣ доданд, таваҷҷуҳ ба он бештар гашт. Дар вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Файзобод, шаҳри Турсунзода ансамблҳои фалакхонӣ таъсис ёфтанд.
Фалаксароён ва пажӯҳандагони ин жанри мусиқӣ бояд доим дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошанд. Паҳлуҳо ва шохаҳои нав ба нави фалакро дар байни мардум гашта, пайдо созанд.
Хушбахтона, имрӯз ҷавонони зиёде ба фалак рӯ овардаанд. Мо низ замоне шогирд будему дар пеши устодон таълим мегирифтем. Имрӯз бояд насли навро биёмӯзонем, ба онҳо нозукиҳои фалакхониро ёд диҳем. Агар дониши худро ба касе наомӯхта бо худ барем, аз он ягон фоидае нест.
- Дар гузашта дар кӯҳу пуштаҳо бе асбоби мусиқӣ ҳам фалак мехонданд. Имрӯз асбобҳои зиёди мусиқӣ ба он илова шудааст. Ин ба фалаксароӣ чӣ таъсире гузоштааст?
- Фалак зиндагии мардум буд. Вақте зироаткорӣ мекарданд, дар даште, дар болои кӯҳтале даст ба гӯш мебурданду ба навою ба садо меомаданд. Ин тарзи сароишро ҳофизон Фалаки даштӣ номиданд. Аммо дар деҳаҳо агар тӯю сур мешуд, ҳофизон бо думбра сурудҳои фалакӣ месароиданд.
Имрӯз баъзеҳо ба он ақидаанд, ки фалак бояд бо думбра хонда шавад. Ин фикр хато аст. Мо дар қарни XXI зиндагӣ мекунем. Бо як думбра, бо як ғиҷаки қуттигӣ маҳдуд набояд бошем. Вақте асбобҳои мусиқӣ бо ҳам ҷӯр мешаванд дилҳоро ба ваҷд меоранд. Мусиқӣ ҳар қадар бой бошад, ҳамон андоза форам мегардад.
Мусоҳиб ВОРИС,
«Садои мардум»