Ба таваҷҷуҳи вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар мақомоти марбута
Гароиши инсон, бахусус насли ҷавон ба саргармиҳову лаззат бурдан аз зиндагӣ ва эҳсоси хушҳолӣ амрест табиӣ. Аммо доштани фароғати солим ва эҷоди фазои орому осуда бо роҳҳои дуруст ва дар доираи ахлоқи ҳамида бисёр муҳим аст.
Имрӯзҳо миёни ҷавонон ва наврасон истироҳат ба маъниҳои гуногун хурӯҷ карда истодааст. Аз ҷумла, рӯ ба калян ё чилимкашӣ овардани ҷавононро метавон як зуҳуроти номатлуб барои ҷомеа номид.
Дар мамлакат солҳои охир рушди чашмгири калян ё чилимкашӣ байни ҷавонон дида мешавад. Дуд додани он миёни ҷавонҳои тоҷик як навъ мӯд шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки ҷавонҳо аксҳои худро ҳангоми дуд додани калян дар саҳифаҳояшон гузошта, бо ин як навъ ифтихор ҳам мекунанд.
Дар дохили калян тамоку ва чанд навъ гиёҳу маводи хушбӯкунанда омехта шуда, маҳз ҳамин хушбӯиҳо барои истифодабарандаи он ҷаззобият эҷод мекунад. Аксари истифодабарандагони калян андеша доранд, ки он як навъ маводи безарари фароғатбахшанда аст. Ин дар ҳолест, ки пизишкон зарари истифодаи калянро аз тамоку бештар гуфтаанд.
Директори Маркази мубориза ба бемориҳои сил дар шаҳри Бӯстон Салоҳиддин Элбоев мегӯяд, дӯстдорони калян бар он назаранд, ки кашидани он ба одат табдил намеёбад, аммо ин андеша ғалат аст. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки аз се ду ҳиссаи нафароне, ки калянро истифода мебаранд, вобастаи он мешаванд. Ҳар фарди тамокукаш бо масрафи 8 то 12 дона сигор ним литр дудро вориди шуши хеш месозад. Истифодабарандагони калян дар ҳар як кашидан ин миқдор дудро вориди шуш мекунанд.
Дар нуқтаҳое, ки барои муштариён калян пешниҳод мешавад, навъҳои гуногуни он мавриди истифода буда, вобаста ба навъҳои он нархаш муайян мешавад. Масалан, як маротиба аз чилим истифода бурдан аз 60 сомонӣ то 200 — 300 сомонӣ арзиш дорад.
Айни ҳол духтарон ва писарон бемамониат ё маҳдудият аз ин маводи зараровар истифода мебаранд. Ҳатто манзараеро дидем, ки духтарон саргарми чилимкашӣ буданд.
Мутаассифона, имрӯз бисёре аз ҷавонон барои харидани як китоб худдорӣ мекунанд, вале барои яклаҳзаина хушиашон то 200-300 сомонӣ ва ҳатто аз ин зиёдтар ҳам сарф мекунанд.
Ба ақидаи муҳаққиқони Маркази саратоншиносии Олмон, истифодаи зиёди калян сабаби гирифторшавӣ ба чунин бемориҳо мешавад: саратони шуш, бемориҳои дилу раг, сироятӣ, амсоли сил, герпес ва гепатит.
Бо вуҷуди далелҳое, ки дар боло зикр шуд, иддае аз ҷавонон барои истифода аз калян «асос» доранд. Фазлиддин, ки яке аз ҷавонҳои таҳсилкарда аст, мегӯяд: «Ҳар ҳафта як ё ду бор аз калян истифода мебарам. Фақат барои фароғат».
Ӯ муътақид аст, ки «Агар ба ҷои калян аз сигарет истифода мекардам, ҳатман мавриди вокуниши шадиде қарор мегирифтам. Аммо дар кашидани калян монеа надорам ва кашидани он мавқеи иҷтимоии шахсро ба монанди сигору арақ ва дигар моддаҳои хатарнок поин намеорад».
Ҳамсуҳбати дигари мо Саломиддин аз таҷрибаи худ мегӯяд, ки кашидани калян барояш қариб одат шуда, бегуфтугӯ ҳар нафаре, ки аз он як маротиба истифода кард ҳатман вобаста мешавад.
Биноан, ҷавононро мебояд аз истифодаи он худдорӣ намуда, ҷиҳати ба одат табдил наёфтани масъалаи мавриди назар ҷаҳд кунанд, зеро «тарки одат амрест маҳол».
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, унвонҷӯи ДМТ