Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Чин нависем ё Хитой?»

№107 (3901) 01.09.2018

Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумо изҳори сипос мекунад.

Инчунин, дар ҷавоб ба мактуби шумо аз 6-уми августи соли 2018, № 154 матлаби Б. Каримзодаро таҳти унвони «Чин нависем ё Хитой?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 10-уми июли соли 2018, № 85 интишор гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба он вокуниши зеринро ирсол менамояд.

Раиси кумита Г. ШАРОФЗОДА

 Ҷойномҳо тадриҷан танзими худро меёбанд

Б. Каримзода аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» дар таърихи 10-уми июли соли 2018, № 85 таҳти унвони «Чин нависем ё Хитой?» бо масъалаи рӯзмарраи марбут ба танзими истилоҳот ва номвожаҳо, аниқтараш ҷойномҳои дугуна навишташаванда, муроҷиат намудааст. Усули корбурди ҷойномҳо, дар ҳақиқат, аз ҷониби рӯзноманигорон дар ВАО дуруст риоя нагардида, ҳам дар коргузорӣ ва ҳам дар муоширати одамон дар ҷомеа мушкил эҷод кардааст. Муаллиф дар ин раванд дуруст ва барҳақ ақида ронда, мехоҳад, ки аз як меъёри дурусти навишти ҷойномҳо – номи давлату шаҳрҳо ва дигар номҳои ҷуғрофӣ бархӯрдор бошад, ки ин ба манфиати ҷомеа ва роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ мебошад.

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29-уми феврали соли 2016, №3 оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ Нақшаи гурӯҳи кории кумита аз 25-уми марти соли 2016, №24 тасдиқ карда шуда, тибқи он, аз ҳисоби роҳбарият ва ҳайати мушовараи кумита, кормандони шуъбаи танзими истилоҳот, олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар иртибот ба матлаби Б. Каримзода, ки имрӯз дар ВАО ду гунаи корбурди баъзе аз номҳои шаҳру давлатҳои ҷаҳон («Ҷумҳурии Халқии Хитой — Ҷумҳурии Мардумии Чин, Полша — Лаҳистон, Россия — Русия, Венгрия — Маҷористон, Олмон — Германия, Эрон — Ирон, Мос­ква — Маскав, Тошканд — Тошкент…») ба забони тоҷикӣ дар гуфтор ва коргузорӣ мо-соҳибзабононро мушаввашхотир месозад, қайд кардан лозим аст, ки масъалаи мазкур низ айни замон мавриди омӯзиши мутахассисон қарор дорад ва тибқи нақшаи кори кумита барои нимсолаи дуюми соли равон аз 10-уми июли соли 2018, №2 таҳия ва баррасии Феҳристи номҳои ҷуғрофии харитаи ҷаҳон ва номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки он бо танзими мукаммал ва мувофиқа дар ҷаласаи ҳайати мушовараи кумита баррасӣ гардида, тибқи қарори он мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Айни замон, коргузорӣ танҳо дар асоси рӯйхати номҳои ҷуғрофӣ, ки дар Луғати русӣ-тоҷикӣ (Москва, 1985) оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад, ки барои ин риояи талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, № 458 ҳатмист.

Дар бобати духӯрагиву чандгунагии корбурди баъзе аз ­вожаву истилоҳоти соҳавӣ бошад, соҳибзабонон, алалхусус, рӯзноманигорон, бояд ба фарҳанг­номаҳои тахассусие муроҷиат намоянд, ки бевосита аз ҷониби кумита ба нашр тавсия дода шудаанд. Чунин фарҳангномаҳои тахассусӣ дар бисёр соҳаҳои тахассусӣ, аз ҷумла, тиб, кишоварзӣ, техникӣ, ҳуқуқ, варзиш, меъморӣ ва сохт­мон, технологӣ ва дигар соҳаҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки аз рӯи зарурат, ҳар як навқалам ва шореҳу рӯзноманигор бояд ҷиҳати дуруст ба кор бурдани ҳар гуна истилоҳоту номвожаҳо ба кумита муроҷиат намояд. Дар ин сурат, тадриҷан ҳар як истилоҳу вожаи баҳснок мавқеи дурусти худро касб мекунад, ки дар роҳи пешбурди сиёсати забони давлатӣ ва ҳамгунсозии вожаву истилоҳоти тоҷикӣ аҳамияти муҳим дорад.

Р. ЗУЛФОНИЁН, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон