Аз 15 то 22 апрели соли 2014 чаҳорумин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак- «Чодари хаёл» дар шаҳри Душанбе барпо гардид. Ин ҷашнвораи байналмилалӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода»- и Бунёди мадад дар Тоҷикистон доир гашт.
Аввалин фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак моҳи сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон таҳти шиори «Кӯдакон ояндаи сайёраанд» гузаронида шуда буд, ки дар он намояндагон аз шаш кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат доштанд. Моҳи апрели соли 2010 дуюмин ва апрели соли 2012 сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии «Чодари хаёл» дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи байналмилалии анъанавӣ баҳра бардоштан аз дастовардҳои театрҳои лӯхтаки кишварҳо ва баҳогузории спектаклҳои ба намоиш гузошташуда мебошад. Фестивали мазкур барои таҳкими равобити фарҳангии кишварҳо нақши муҳим мебозад.
Чорумин Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак дар Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе бо намоиши Театри лӯхтаки Ҷумҳурии Беларус бо номи «На ҳама харгӯшҳо заргӯшанд» ба кори худ оғоз намуд. Ҳамзамон саҳначаи «Се духтар»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия, «Ҷодугарзан — чашмбанди ҳинду»-и Театри лӯхтаки шаҳри Анқараи Туркия, «Буз ва ҳафт бузғола»-и Театри лӯхтаки Испания, «Гург ва чӯҷа»-и Театри лӯхтаки Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Додари хурдӣ шабеҳи дигарон нест»- и Театри лӯхтаки Фаронса, «Доначаи афсунгар»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Чӣ тавр тарси шеронаро табобат бояд кард?»-и саҳначаи Театри лӯхтаки шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба намоиш гузошта шуданд.
Намоишномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо пешниҳод гаштанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»