Суннатҳои деринро зинда дорем

Чойхона ва оини чойхонадорӣ

№4 (3641) 14.01.2017

ЧайханаЧойхона на танҳо нуқтаи хизматрасонӣ ба мардуми маҳал ва мусофирон, балки макони иттилоот, маскани афкори солим, бахусус андешаҳои инсонҳои рӯзгордидаву пуртаҷриба, ҳамчунин  маъвои дӯстдоштаи мӯйсафедон буд. Дар шаҳру деҳот чӣ воқеа рӯй диҳад, ҳама аз чойхона огоҳӣ меёфтанд. Махсусан, дар деҳот. Ҳатто ҷанҷолҳои оилавӣ ё байни ҳамсояҳо низ аз чойхона ҳалли худро меёфт. Одамони солхӯрдаву таҷрибаи бисёри зиндагидошта дар ҳар хусус фикру мулоҳизаҳои худро мегуфтанд. Мо бисёр шунидаем, ки дар ҷанҷолҳо як тараф тарафи дигарро — «Агар ба муросо наоӣ, туро ба чойхона мебарем, ҳама гапро дар ҳамон ҷо ҳал мекунем», — гуфта метарсонд.

- Пештар агар сухан дар хусуси инсони хушахлоқ равад, онро «одами чойхонадида» гуфта сифат мекарданд, зеро ин гуна одам одобу услуби дар байни ҷамъият инсонвор зистанро аз рӯи  ҳикматҳои пиронсолон медонист, тавре зиндагӣ мекард, ки писанди хурду калон буд, — мегӯяд шоир Султонмурод Ҳоҷибоев.

Пас чаро имрӯз калонсолон аз чунин ҷойҳои дӯстдоштании худ маҳруманд? Дар сурате, ки ин анъанаи дерини чойхонасозӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ аз байн нарафтааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сохтмони дигар иншоот даҳҳо чойхонаҳо низ қомат афрохтанд, ки ба ин гуфта бунёди чойхонаҳо дар шаҳри бостонии Кӯлоб бо номҳои «Истаравшан» ва «Исфара», дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шафати «Қасри Арбоб», дар «Боғи миллӣ»-и шаҳри Хуҷанд, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Данғара ва Ашт ва ғайра мисол шуда метавонанд.

- Чунин чойхонаҳо ва ҷойҳои маданию истироҳатӣ дар шаҳру навоҳии кишварамон бисёр сохта шуданд, вале чойхонаҳое, ки дар колхозу совхозҳо, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳо мавҷуд буданд,   шакли моликияти хешро дигар карданд. Масалан, танҳо дар маркази ноҳияи Деваштич ҷамъияти матлуботи ноҳия шаш чойхона дошт. Падари ман — иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Маъруф Гадоев тамоми умр чойхоначии ҷамъияти матлубот буданд. Чойхона ду самовори калон дошт ва мо соати 4-и шаб ба самоворҳо обу ангишт андохта, чой меҷӯшонидем. Соати 6-и пагоҳӣ  чойхона аллакай аз мӯйсафедон пур мешуд. Ду самовор чой намерасид. Ҳозир аз ҳамин 6 чойхона танҳо 1 чойхонаи Ваҳҳоб Ҳамдамов боқӣ мондааст, — мегӯяд собиқадори меҳнат, рӯзноманигори шинохта Эгамназари Соҳибназар.

Мисоли дигар: Савори мошин дар шаҳри Истаравшан аз назди истгоҳе мегузаштему дар хараки роҳ шахси муътабареро дидем. Мошинро нигоҳ дошта, таклифи ба ҷойи дилхоҳаш бурданро кардем. Гуфт: «Мо нафақахӯрон, ба куҷо ҳам мерафтем… Ҷойи нишасти мо ҳамин ҷо, истгоҳ…» Баъд маъюсона илова кард: «Дар хона як дам мешинӣ, ду дам мешинӣ, зиқ мешавӣ… Ба куҷо рафтану чӣ кор карданатро намедонӣ. Дар шаҳр як ҷойи мувофиқе нест, ки равию як дам шинӣ, бо ҳамсолони худ суҳбат ороӣ.

Дар ҳақиқат, имрӯз дар шаҳрҳои  Хуҷанду Истаравшан, Конибодому Исфара, ноҳияҳои Шаҳристону Зафаробод ва Деваштич ошхонаҳо зиёданд, вале ҷое, ки мӯйсафедон дар он  худро озоду бофароғат эҳсос кунанд, вуҷуд надорад.

Шаҳри Исфара шояд дар вилояти Суғд ягона шаҳре бошад, ки анъанаҳои деринаи чойхонадориро то ба ҳол пойбарҷо нигоҳ доштааст.

- Дар шаҳри мо ягона чойхонае, ки дар он мӯйсафедон ҷамъ мешаванду фароғат мекунанд, «Лола» аст, — мегӯяд Мақсадбек Ҷаъфаров, ки собиқадори ҳизбию давлатӣ ва нафақагир мебошад. Дигар чойхонаҳо ба ҷойи тановули хӯрок табдил ёфтаанд. Ҳамин, ки хӯрокро хӯрдӣ, бояд ҳисобӣ карда, ҷойро ба каси дигар холӣ намоӣ. Сониян, нархи чой ҳам хеле боло рафтааст, ба нафақаи нафақагирон мувофиқат намекунад.

Дар чойхонаҳои солҳои пеш як бартарӣ мавҷуд буд: онҳо ҷамъиятӣ буданд ва вазифаи идеологӣ доштанд.

Дар ёд дорам, ки дар чойхонаи зебою мунаққаши «Сино»-и шаҳри Исфара мардум бо бузургтарин шахсиятҳои миллатамон — Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов, Мирзо Турсунзодаю Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиеву Лоиқ Шералӣ борҳо вохӯрдаанд.

Мо аз таърих хуб медонем, ки қабл аз Инқилоби Октябр дар шаҳрҳои бузурги Осиёи Миёна аксари мактабу мадрасаҳо, ҳаммому масоҷид ва чойхонаҳо аз ҷониби сарватмандони вақт эъмор гардида, ба хидмати халқ вогузор мешуданд ва ҳатто таъмиру таҷдиду нигоҳубини ин иншоот ба зиммаи соҳибонашон вогузор буд.

Агар соҳибкорони мо як гӯшаи иншооти худро бо гузоштани чор -панҷ адад кати муҷаҳҳаз барои мӯйсафедон ҷудо кунанд ва нархи хизматрасониашонро низ арзонтар намоянд, нуран алонур мешуд. Шоири шаҳир Муҳиддин Аминзода мегӯяд, ки:

Ҳурмати пирон намову аз ҷавонӣ бас маноз,

Дон, ки пирон низ айёми ҷавонӣ дидаанд.

 Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»