Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби нави Гулчеҳра Муҳаммадиева – «Чордодарон» доир гардид.
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, доир ба китоби зикршуда маълумоти мухтасар дод.
Нависанда Саттор Турсун оид ба эҷодиёти Гулчеҳра Муҳаммадиева сухан ронда, аз ҷумла иброз дошт, ки китобҳои ӯ «Як шаб…», «Қассоси зан», «Бӯи модар» ва «Бонувони Фархор» хонандаи зиёд дорад. Бо таълифи китоби «Бонувони Фархор» Гулчеҳра Муҳаммадиева тавонистааст кори чанд тан аз таърихнигор, бойгонишинос ва адибу публитсистро анҷом диҳад.
Боиси хурсандист, ки мо имрӯз дар рӯнамоии китоби панҷуми адиб — романи «Чордодарон» қарор дорем. Роман ҳаёти муосирони моро, ки дар ҳама шебу фарози зиндагӣ садоқатро дар нисбати якдигар фаромӯш намекунанд, фаро мегирад. Қаҳрамонҳои асар ва воқеаҳое, ки дар саҳифаҳои он пешкаши хонанда мегарданд, бофтаи хаёли нависанда набуда, инъикоси бевоситаи рӯзгори имрӯзаи мардуми тоҷик мебошанд. Китоб аз насиҳат ба фарзанд оғоз мегардад. Муаллиф на танҳо ба фарзандони худ, балки ба тамоми ҷавонон муроҷиат кардааст. Ӯ хостааст дар замири дили ҷавонон тухми муҳаббат, дӯстдорӣ ва эҳтиром ба якдигар ва волидон, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, ростқавлӣ, ғурури ҷавонмардӣ ва бисёр рисолатҳоеро, ки муқаддасоти инсон мебошанд, корад.
Профессор Аламхон Кӯчаров зикр намуд, ки бо асарҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева шинос аст ва дар китоби тозанашраш нависанда ба мақсадҳои дар пеш гузоштааш муваффақ гаштааст.
Мавсуф афзуд, ки нависанда тавонистааст ғамолуд будани табиат ва саги хонаро хеле хуб ба қалам диҳад:
«Оби ҷӯйбори саҳни ҳавлӣ имрӯз хеле лойоб буд. Одатан рӯзҳое, ки борони сел меборид, ранги об чунин мешуд, аммо имрӯз борон наборидаасту чаро об лойоб аст? Аз вазидани насими сабук баргҳои хазони зарду сурхшудаи ҳавлӣ ва боғчаи назди хона шибир-шибиркунон алвонҷ хӯрда, мегӯӣ ғамангез рақскунон рӯи ҳавлӣ мерехтанд. Аз шаб боз бетоқатӣ ва уллоси саги чӯпонии гӯшбурида – Хайбар ба дили хонавода сиёҳӣ кошта буд. Саг бо чашмони пуроб ва ғамангезаш гирди сутуни долон чарх зада, дуздида –дуздида сӯи тирезаи пастаки хонаи хоби амаки Раҳим нигоҳ мекард. Мегӯянд, ки саги вафодор аз пешомади нохуши дар оила рух медода огоҳ мешавад».
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба ҳаводорони наср асари тозанашри нависанда Гулчеҳраро табрик гуфт. Ӯ зикр намуд, ки бо эҷодиёти Гулчеҳра солҳост шиносоӣ дорад ва хонандаи тоҷик метавонад аз навиштаҳои ин адиби пуркор баҳра барад, чунки мақсади асосии ин асарҳо танҳо тарбия мебошанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» Кароматулло Мирзоев иброз дошт, ки Г. Муҳаммадиева бо рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамкории зич дорад. Ин адиби шинохта ба шогирдаш Гулчеҳра дар роҳи пурпечу тоби нависандагӣ муваффақият хост.
Шоираи халқии Тоҷикистон, муҳаррири маҷаллаи «Фирӯза» Зулфия Атоӣ зикр кард, ки дар романи «Чордодарон» боби «Муборизаи ақлу нафс» хеле ҷолиб ба қалам дода шудааст.
Дар муаррифии романи «Чордодарон»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва Саодат Амиршоева, нависанда ва драматурги шинохта, сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» Нурмуҳаммад Табаров, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Фариштамоҳ Абдуллоева ва дигарон андешаҳояшонро баён намуданд.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»