Ҷашни Наврӯз ҷанбаи башардӯстона дошта, инсонҳоро ба дӯст доштани зиндагӣ, рафоқату дӯстиву бародарӣ ва зебоипарастиву накукорӣ ҳидоят менамояд. Инъикоси ин ҷашн дар адабиёти классикӣ ва эҷодиёти шифоҳии бадеии мардум хеле фаровон ва доманадор мебошад ва бо санъатҳои бадеӣ муассиру зебо тасвир ёфтааст.
Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин вассофи зебоӣ, ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва баҳори сабзу хуррам — Наврӯзи оламафрӯз аст. Аз ашъори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки хеле кам боқӣ мондааст, баъзе байту пораҳои ғазалу навъҳои дигари шеърӣ ба ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он мутааллиқанд. Шоир дар пораи ғазалаш, ки онро ховаршинос Сайиднуриддин Шаҳобуддинов чанде пеш пайдо намудааст, ба мамдӯҳи хеш, шояд амири сомонӣ бошад, муроҷиат намуда, анъанаи даврони Сосониёнро, ки ҳанӯз дар рӯзгори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ идома дошт, ёдовар шудааст, ки Мубади Мубадон дар аҳди Сосониён қабл аз таҳвили сол ба назди шоҳ ворид шуда, ҳангоми нав шудани сол рӯ ба рӯи шоҳ истода, суханҳои рамзии наврӯзӣ мегуфт ва бо худ шамшеру давоту қалам меовард ва ба назди шоҳ мегузошт. Ашёи овардаи Мубади Мубадон рамзӣ буданд ва бо ин роҳ ба шоҳи Сосонӣ пирӯзӣ мехостанд, ки теғаш бурро бар адӯ бошад ва нусрату саодатмандӣ насиби ӯ гардад. Рӯдакӣ ишора ба он маросиме, ки Мубади Мубадон дар нахустин дақиқаи нав шудани сол шоҳро бо суханҳои рамзӣ табрик гуфта, ашёҳои рамзии ҷоми май, қаламу давот, шамшер, тифли зебо ва боз ашёҳои дигарро дар назди шоҳ гузошта, ӯро табрик мекард, ёдовар шудааст:
Сухан овардаму шамшеру қалами наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан май ба забон бошаду ба шамшер бирез
Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ.
Дар байни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ шеърҳое, ки ба васфи табиат эҷод гардидаанд, хеле фаровонанд. Масалан, дар қасидаи баҳоронааш тасвири бедории табиат, ҳаракати абрҳои бороновар, вазидани боди форам, раъду барқ ва пас аз онҳо боридани борон, гоҳ- гоҳ аз зери абрҳо намудор гардидани Хуршед, ҷомаи мунаққаш пӯшидани дашту даман, манзараҳои зебои қуллаҳои барфпӯши кӯҳистон, дар байни киштзор намудор гардидани лолаҳои хандони шабеҳ ба дастҳои ҳинобастаи арӯсонро бо ташбеҳу истиораҳои сареҳ зиндаву бадеӣ тасвир намудааст. Таваҷҷуҳ кунед ба ин мисраъҳо:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тийиб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб.
Наффот барқи равшану тундар-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб…
Шоири нозукхаёлу мониқалам табиати зебои диёрашро аз ҳад зиёд дӯст медошт. Ӯ мафтуни ҳамешагии зодгоҳаш буд, аз ин рӯ, гаштаву баргашта дар васфи табиати кӯҳистон — диёри ҳамешабаҳор мепардохт. Дар қитъае Рӯдакӣ саҳни чамани моҳи Дайро, ки хеле сард аст, ба дами гургу паланг ташбеҳ дода, бо фарорасии баҳор кӯҳистони чун нигористони Аржанги Монӣ мунаққашу сабзу хуррами ватани моро ситоиш намудааст:
Он саҳни чаман, ки аз дами Дай,
Гуфтӣ: дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
Бар киштии умр такя кам кун,
К-ин Нил нишемани наҳанг аст.
Дар байти охирини қитъаи шеърии боло шоир масъалаи муҳими зиндагӣ — ғанимат шуморидани умр ва бебақо будани зиндагии инсонҳоро таъкид кардааст. Ӯ зимистони сарду бераҳмро чун дами гургу паланг ва наҳанги рӯди Нил барои инсон хавфангез мешуморад ва ба гуфтаи шоир инсон ба киштии умр камтар такя намояд ва шукри Худовандро ба ҷо оварда, ба қадри умри хеш бирасад ва зиндагиро хуш гузаронад.
Дар адабиёти мутаққадим ва гузаштаи мо анқариб ҳама шоирон бар васфи ҷашни бостонии оламафрӯзи ниёконамон – Наврӯз беҳтарин шеърҳои васфӣ эҷод намудаанд. Яке аз чунин шоироне, ки ҷашни Наврӯз ва баҳори сабзу хуррами диёри моро нисбат ба дигар шоирон бештар васф намудааст, Манучеҳрии Домғонӣ мебошад. Номбурда дар бисёр қасидаву дигар намудҳои ашъораш одати деринаи мардуми ориёитабор будани Наврӯзи фархундапайро ба дараҷаи баланд зебову дилрабо тасвир намуда, аз он ифтихор кардааст, ки ҷашни Наврӯз ҷиҳати давомият ва ҳастии мардуми эронитабор мусоидат менамояд. Ба андешаи шоир, Наврӯз баъд аз ҷашни Сада панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз сонӣ омада, дилҳоро мунаввар мегардонад ва ба мардум ширинии рӯзгор, меҳру муҳаббат ва рафоқату дӯстиро ато намуда, инсонҳоро ба иҷрои корҳои созандагӣ раҳнамун месозад:
Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор
Кардааст ройи тохтану қасди корзор.
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.
…Ин боғу роғ мулкати Наврӯзмоҳ бувад,
Ин кӯҳу кӯҳпояву ин ҷӯю ҷӯйбор.
Ҷӯяш пур аз санавбару кӯҳаш пур аз суман,
Боғаш пур аз бунафшаву роғаш пур аз баҳор…
Наврӯз дар рубоиёти Умари Хаём таровату латофати вижагиҳои худро дорад. Шоир дар рубоиёти хеш ин ҷашни фархундаро чунин васф кардааст:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷом бода кун азми дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Хайём бо фаро расидани Наврӯз дилхушиву бодагусорӣ, бо лоларухе оростани суҳбат, ғанимат донистани ҳар дами умр, фурсатро бо шодмониву шодкомӣ сипарӣ намуданро чун файласуфи закиназар маслиҳат медиҳад ва зарур мешуморад:
Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат ҳаст.
Май нӯш ба хуррамӣ к-ин чархи кӯҳан,
Ногоҳ туро чу хок гардонад паст.
Ҳамин тавр, қариб ҳамаи шоирони мутаққадим ва классикони форсу тоҷик ҷашни Наврӯз ва баҳори дилошӯбро васф намудаанд. Метавон ба натиҷа омад, ки аксарияти наврӯзиҳои шоирони мо ашъори васфӣ буда, накутарин шеърҳои лирикӣ мебошанд.
Рӯзии АҲМАД