«Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!»

№123 (4229) 03.10.2020

IMG_4237Таҳти ин унвон чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбати гирди мизи мудаввар баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки раванди таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтааст. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳар сол аҳли эҷоди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорабиниҳои фарҳангии ҳамдигар ширкат варзида, дар рушди фарҳанги ҳар ду мамлакат саҳм мегузоранд. Дар шароити душвори пандемия мардум, пеш аз ҳама, ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба одамон имкон медиҳад, ки бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ бо вазъияти буҳронӣ мубориза баранд.

IMG_4263Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков иброз дошт, ки «Бори аввал нест ба Тоҷикистон ташриф меорем. Халқҳои дӯсту бародари тоҷику ӯзбек бо санъат ва расму оин бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони ҳар ду давлат маншаъ мегиранд. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити муосир дар муносиботи гуногунсамти ҳар ду давлат саҳифаи нав боз намуд».

Дар маҷмӯъ, намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба тавсеаи дӯстӣ, рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ ибрози назар намуда, нақши роҳбарони ҳар ду давлатро дар таҳкими равобити дӯстона ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»