Соли 1956 дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ Анҷумани якуми адибони Осиё ва Африқо баргузор шуд. Шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода ба ҳайати вакилони Иттиҳоди Шӯравӣ сарварӣ мекард. Дар анҷуман иштирок кардан ба шоираи ӯзбек Зулфия низ мушарраф гашт. Иштирокчиён дар қатори адибони беҳтарини ду қитьа шеърҳои ду шоири бузург — Мирзо Турсунзода ва Зулфияро низ бо завқ шуниданд. Назми тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, ки ба ҳиндустониён аз азал шинос буд, меҳрашонро ба адабиёти тоҷику ӯзбек афзун гардонд.
Анҷуман дар таърихи адабию фарҳангии халқҳои Осиё ва Африқо воқеаи муҳим шуд. Дар он аз 17 мамлакат беҳтарин намояндагони аҳли эҷод ширкат варзиданд. Мирзо Турсунзодаву Зулфияро андешаи дар куҷо воқеъ гардидани анҷумани навбатӣ банд мекард. Бинобар ин, аз минбар Зулфия таклиф кард:
«Анҷумани навбатии адибони қитъа ин дафъа дар шаҳри ман баргузор гардад!»
Ин пешниҳод беэътибор намонд. Аз байн соле гузашт ва Конфронси ҳамдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира қарор кард, ки Анҷумани адибон дар шаҳри Тошканд даъват карда шавад.
Кумитаи омодагӣ ба анҷуман созмон ёфт ва Мирзо Турсунзодаву Зулфия чун аъзо барои муташаккилона сурат гирифтани он саъю кӯшиши зиёд намуданд.
Мирзо Турсунзода дар хотираҳои худ зикр кардааст: «Деҳлӣ-Қоҳира-Тошканд. Вақте номи ин се пойтахтро ба забон меорем, пеши назарам симои адибони забардасте меояд, ки онҳо орзуву умедҳои неки халқи ба сулҳу озодӣ ташнаи хешро бо қалами худ ифода кардаанд».
Ӯ дар ҷои дигар зикр намудааст: «Дар анҷумани Деҳлӣ, ки декабри соли 1956 баргузор гардид, ширкат варзида, гӯш ба садои адибони як қатор мамлакатҳои Осиё додам, ки сулҳу осоишро тараннум мекарданд».
Таклифи Зулфия Мирзо Турсунзодаро шод гардонд, бо чеҳраи кушод ҳамқаламашро ба оғӯш гирифт. Мирзо Турсунзода аз он шод буд, ки Зулфия дар сарҷамъ намудани нависандагони Осиё ва Африқо саҳми арзанда гузошт.
Зимни, анҷуман дар Тошканд, мунодии сулҳу озодӣ Мирзо Турсунзода мегӯяд:
«Ғояи даъвати Анҷумани адибони қитъаҳои Осиё ва Африқо, ки ҳоло дар Тошканд расман кушода шуд, дар Ҳиндустон таваллуд ёфт. Ин ғоя аз Деҳлӣ то Қоҳира камол ёфт. Ва дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда, акнун дар Тошканд амалӣ мешавад.
Агар бо забони шеър баён созем, ин ғояро метавон ба паранда ташбеҳ дод. Ин паранда дар Деҳлӣ бо ташаббуси шоира Зулфия аз тухм баромад, дар Қоҳира болу пар бароварда, ҳоло дар Тошканд ба парвоз омадааст. Ин паранда рамзи дӯстӣ, озодӣ ва ҳамдилиест, ки халқҳои ҷаҳон рӯ ба он овардаанд».
Анҷумане, ки дар Театри ба номи Алишери Навоӣ доир шуд, аз 7 то 17 октябр давом кард. Дар он аз 37 мамлакати Осиё ва Африқо 204 адиб иштирок намуданд. Ҳамчунин аз 13 кишвари Аврупо ва Африқо 22 меҳмон ташриф оварданд. Арбобони сиёсӣ Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Ҷамол Абдуносир, Ким Ир Сен, Фам Ван Донг, Кваме Нкрума номаҳои табрикӣ фиристода, ба иштирокчиён барор хостанд.
Ғайр аз Мирзо Турсунзода, ки гули сари сабади анҷуман буд, боз Николай Тихонов, Шароф Рашидов, Расул Ғамзатов, Нозим Ҳикмат, Маҳдӣ Ҳусайн, Ҳофиз Ҷоландарӣ, Шунитӣ Кумар ва дигар адибони номвар суханронӣ карданд. Дар анҷуман, ҳамчунин Халилуллоҳи Халилӣ, Муҳаммад Ҳасан Cофӣ, Ғулом Раббонӣ, Тобон, Мулк Раҷ Онанд, Муҳиддин Абдураззоқ, Файз Аҳмади Файз, Ойиша Абдураҳмон, Константин Симонов, Борис Полевой, Мустай Карим, Александр Чайковский, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон фаъолона иштирок намуданд.
Мулк Раҷ Онанд гуфт: «Вохӯрии адибони мамлакатҳои Осиё ва Африқо романтикаеро фаро гирифтааст. Воқеан, ҳар санги Тошканди куҳан бо романтикаи хоса гузошта шудааст».
Шоири ҷаҳонгардҳо Мирзо Турсунзода ба Зулфия, ки дар сафарҳои Чин, Ҳиндустон, Сейлон, Миср, Ҷопон, Бирма, Югославия, Австрия вайро ҳамроҳӣ кардааст, ихлоси тамом дошт ва шод буд, ки маҳз ба шарофати ӯ дар пойтахти Ӯзбекистон анҷумани бонуфуз баргузор шуд.
Соли 1958 бо раҳнамоии Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар Ҳиндустон конфронси адибони Осиё ва Африқо барпо гардид, ки дар он Мирзо Турсунзода ва Зулфия иштирок доштанд.
Баъд аз конфронс Зулфия шеъри «Мушоира»-ро навишт ва дар он якдилии адибони халқҳои сулҳпарварро мадҳ кард. Ҳамон сол ин шеър дар маҷаллаи «Огонёк» чоп шуд. Мирзо Турсунзода ба он баҳои баланд дода, шоираро аз самими дил табрик намуд.
– Ин шеъри Зулфия барои инсони бузург, зани табаррук, шоираи овозадор шудани ӯ нақши муҳим бозӣ кард, сабабгори гирифтани мукофотҳои байналмилалӣ гашт. Сафари мо барои мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни нависандагони ду қитъа пуле шуд, — навишта буд Мирзо Турсунзода. Сатрҳои оташини «Мушоира» ҳамдилиро таҳким бахшид ва Зулфия яке аз ташаббускорони ин ҳаракат гардид. Шоира баъдтар дар сафарҳои Югославия, Хитой, Япония, Шри — Ланка, Миср ин мавзӯъро давом дод.
Ҳамин тариқ, анҷумани якуми нависандагони Осиё ва Африқо, ки октябри соли 1958 дар Тошканд баргузор гашт, номи «Рӯҳи Тошканд»-ро гирифт. Ин ифодаи ҳамкорӣ барои мубориза баҳри сулҳ ва дастгирии тараққиёти иҷтимоӣ буд.
Маҳсули анҷуман офарида шудани асарҳои беҳтарини адибони ду қитъаи бузург гашт. Шоири халқии Ӯзбекистон, арбоби намоёни ҷамъиятӣ Зулфия, барои хизматҳояш ба «Нилуфар» ном мукофоти байналмилалӣ сазовор шуд.
Шеъри зерини Мирзо Турсунзода, ки ба шоираи машҳури ӯзбек Зулфия бахшида шудааст, эътирофи шоири бузурги тоҷик дар робита ба шеъри «Мушоира» буд:
Миср пур шуд аз ҳикоятҳои ту,
Хоки Ҳиндустон зи нақши пои ту.
Дар барат тоҷик чун хеши ту буд,
Шоира Амрита дар пеши ту буд.
…Ҳаст дар ёдам, ки ҳангоми сафар,
Карда будӣ дӯстонатро хабар:
« Меҳмон дар Тошкенти мо шавед,
Аз тамоми Шарқ назди мо равед!»
Вақт омад, меҳмонон мерасанд,
Аз ҳама кишвар адибон мерасанд.
… Мамлакат бар ихтиёри туст, туст,
Ӯзбекистон дар канори туст, туст.
Ман ба ёрии ту шодон меравам,
На ба по, бо сар шитобон меравам.
Минбаъд Мирзо Турсунзода ба ҳар чорабинии адабие, ки дар Тошканд доир мегардид, мешитобид. Маҷлисҳо бо иштироки вай файзи дигар меёфт.
- Соли 1968 дар Ӯзбекистон Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик доир гашт, — менависад дар ёддоштҳои худ Зулфия. — Дар он иштирок намудани Мирзо Турсунзода ба анҷуман рӯҳи дигар, таровати дигар бахшид. Турсунзода ба назарам аз ҳама ҷиҳат зебо менамуд: чеҳрааш, қадду қоматаш, либосаш, рафтору кирдораш ва овози ширадораш. Симои ӯ дар хотирам чунин нақш баста буд. Дар шаби адабӣ Мирзо Турсунзода «Эй Ватан» ном шеърашро қироат намуд. Аз паи ӯ ман «Эй дил» ном шеърамро хондам».
Қаробати халқҳои ӯзбеку тоҷик тӯли 20 соле, ки Мирзо Турсунзода раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд, густариш ёфт.
Мушоираи пурҷӯш давом дорад. Мисраъҳои «Мушоира» ном шеъри Шоири халқии Ӯзбекистон Зулфия , ки 60 сол пеш аз минбари баланд садо дода, сазовори таҳсини Мирзо Турсунзода гашта буд, равобити кунунии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бозгӯйӣ менамояд. Мушоирае, ки байни шоирони тоҷику ӯзбек ба анъана даромада буд, рӯзҳои фарҳангӣ, ки аввал дар Тоҷикистон, баъд дар Ӯзбекистон бошукӯҳ доир гардид, идомаи мантиқӣ пайдо кард.
Боиси хурсандӣ аст, ки ин анъанаҳои нек бо шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарони ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев эҳё гардида, робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ, муносибатҳои ҳамсоягӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон