«ДӮСТЛИК» 25 -СОЛА ШУД

№ 09.06.2016

Рӯзномаи «Дӯстлик» нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 25- сола шуд. Ба ин муносибат дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъомади идона барпо гардид.

Муовини раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода табрикоти раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро расонд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Рӯзномаи «Дӯстлик» тӯли фаъолияти чаҳорякасрааш дар таҳкими дӯстии сокинони вилоят, бахусус тоҷикону ӯзбекҳо, татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузоштааст».

Сармуҳаррири рӯзнома Тошмат Темиров дар бораи таърихи таъсиси рӯзнома, кормандони собиқу имрӯза ва нақшаҳои минбаъда сухан ронд.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода аҳли эҷодии рӯзнома ва хонандагони онро ба муносибати ин ҷашн табрик намуд.

Дар охир ба як гурӯҳ кормандони рӯзнома ва хабарнигорони ҷамоавӣ Ифтихорномаҳои рӯзномаи «Дӯстлик» тақдим шуд.

 

  Давлат СУЛТОНОВ,

    «Садои мардум»