«Дафтари борон»-и Баҳман

№38 (3988) 06.04.2019

чсмчсмБаҳманёр Саид (Баҳман) домани ҳаваси шеър­ро гирифтаву ба сӯи худ мекашад, то аз он накҳате биёва­рад. Ҳарчанд ин кор осон нест, аммо ӯ ба умеди тавфиқ ёфтан нахус­тин қадамро бардоштаву бо як ҷаҳон орзу бори сафарро бастааст.

«Дафтари борон» нахустин дафтари бо нақши хиёл оростаи ӯст, ки чанде пеш матбааи «Бебок» манзури хонандагон кард. Бо умеди тавфиқи ҳар чӣ бештари Баҳманёр дар ҷодаи шоирӣ чанд намунае аз шеъри ӯро аз он пешкаши хонандагон мегардонем.

 БА МОДАРАМ

Чашми бози дару дарвозаи ту

Чун ту пояд ба умеде раҳи ман.

Хабар омад, ки нахобида шабон,

Наканӣ чашми худ аз ҷогаҳи ман.

 

Ёд дорам, ки шабе дар тифлӣ

Бурун аз дар таги борон мондам.

Оҳ гуфтию зи ҳарфи чашмат

Дарди душвори ту осон хондам.

 

Чу анор аст дили хунборат,

Дасти ғам сахт варо афшонад.

Баччаи содаву бепарвоят

Қимати умри туро кай донад?

 

Падарам рафт зи дунё, модар,

Даҳ баҳор аст, ки ту танҳоӣ.

Ман, ки имрӯз ғарибам, донам,

Дарди мушкил будани раҳпоӣ.

 

То замоне дару дарвозаи ту

Мисли ту роҳи маро мепояд.

Мунтазир пушти дарат бош, ки боз

Писари хунҷигарат меояд…

             ОИНАИ ШИКАСТА

Дар хоб туро чӣ хаста дидам, модар,

Дардо, ки ба чашми баста дидам, модар.

Бедор шудам, зи ҷо ҷаҳидам, худро

Дар оинаи шикаста дидам, модар.

 

                 ЗАҲРОБИ ФИРОҚ

Дур аз ту ғами ҷаҳон кашидам, модар,

Заҳроби фироқро чашидам, модар.

Ҳар дар, ки задам ба рӯи ман боз нашуд,

Ашке шуда, аз дида чакидам, модар.

 

                 БОДИ БАҲОР

Эй дил, ту агар аз паи ҷонона равонӣ,

Бо шӯри ҷавонӣ.

Моро ту ба гирдоби балое бирасонӣ,

Аз ғам нараҳонӣ.

 

Чандест, ки бо ёди ту лабташна фитодем, Дар дашту биёбон.

Гар ташналабонро ту ба соҳил нарасонӣ, Пас душмани ҷонӣ.

 

Пӯшидадари синаи худ боз намудем, Пайдову ниҳонӣ.

Ишқ омаду ҳайҳот аз ин хона равонӣ, Тақдир чӣ донӣ?

 

Гардид яқин, нест касе ҳамнафаси мо, Мо боди баҳорем.

Аз он, ки хасе низ набишнохт каси мо, Мо шиква надорем.