Дар ҷавонӣ саъй кун…

№56 (4318) 27.04.2021

МирочАбдуллоевДар шароити кунунӣ ҷавонон бояд баҳри пешравии миллат нақш гузоранд ва умрро ба корҳои беҳуда сарф накунанд. Онҳо бояд ба Ватан-модар садоқату ихлос, муҳаббати ҳақиқӣ, нияти поку азми қавӣ дошта бошанд. Аз ду сарчашмаи маърифат — таълиму тарбия, дуруст истифода баранд. Ҳар касе ки аз ин ду манбаи ҳаётан муҳим дур монд, дар зиндагӣ ба ҳадаф намерасад. Ҷавонмард дар ҳар ҳолат бояд инсондӯс­тиро сарфи назар накунад. Дар қалби ӯ ҳимматбаландӣ, саховат ва бахшандагӣ ҳувайдо бошад.

Донишманди маъруф Абӯнасри Форобӣ фармудааст, ки «Одамон аз рӯзи таваллуд ба ҳамдигар баробаранд, вале бо таъсири муҳит яке бо роҳи нек ва дигаре бо роҳи бад меравад. Хислатҳои марбут ба ахлоқ дар рафти ҳаёт пайдо мешаванд. Инсон бояд ба он кӯшад, ки дар зиндагӣ ахлоқи нек дошта бошад ва ин ба худи одам вобаста аст». Ҷавонони саодатманд  гуфтаи пирони маърифатро сармашқи кор қарор дода, бояд ба тарбияи ахлоқӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки 15 июли соли 2004 қабул гардидааст, барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Беҳуда нагуфтаанд, ки тақдири ҳар миллатро дар оянда ҷавонон муайян мекунанд ва ҳимоятгари марзу буми давлат ҳастанд. Хушбахтона, дар кишвар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон нафар ҷавонписару ҷавондухтар дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расиданд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳоло барои ҷавонон дар кишвар ҳама имконият фароҳам аст. Онҳоро лозим аст, ки ҳисси масъулиятшиносиро ташаккул диҳанд ва умрро баҳри ободию сарсаб­зии Ватан сарф кунанд.

Ҷавонӣ давраи тиллоии ҳаёти инсон буда, онро ба андӯхтани дониш бояд сипарӣ кард. Дониш танҳо ба пайваста хондан муяссар мегардад. Ҳар нафаре, ки нисбат ба оянда бепарво нест, бояд зиёд мутолиа намояд. Ба гуфтаи Афлотун, зинати инсон дар се чиз аст: «Илм, муҳаббат ва озодӣ». Оқилӣ, хирадмандӣ, донишмандӣ, соҳиби маърифати баланд будан аз хондани китоб ба даст меояд. Мутаассифона, бештари наврасону ҷавонон ба хондани китоб рағбат надоранд.

Таҳлилгарон таъкид менамоянд, ки аксар ҷавононе, ки зери таъсири мафкура ва ақидаҳои иртиҷоӣ қарор доранд, онҳое мебошанд, ки аз таҳсил берун мондаанд ва дониши кофии диниву дунявӣ надоранд. Миёни наврасону ҷавонон ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҷовуз ба номус, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷон аз ҷумлаи зуҳуроти номатлуб мебошанд. Мутаассифона, дар ҷомеа баъзе аз ҷавонон аз бетаҷрибагӣ ва дониши нисбатан паст ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мепайванданд, ки боис ба нигаронӣ аст. Ин кор ношукрӣ, носипосӣ ба халқу миллат маҳсуб мешавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дуруст­ро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Мироҷ АБДУЛЛОЕВ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон