Дар хомӯшии ӯ андеша буд

№100 (4362) 03.08.2021

Худойназар_АсозодаХудойназар субҳи барвақт аз манзили зист баромада, чун одати муқаррарӣ оромона ба сӯи коргоҳ қадам зад. Аз паҳлуи пайкараи устод Лоҳутӣ ва Театри ба номи шоири инқилобӣ оҳиста гузашт. Пешонааш пурчин, нигоҳаш андешаманд. Аз дил гузаронд: «магар ҳама фикру ақидаҳоямро нисбат ба ҳампешаи устод Айнӣ гуфтаам? Не! Бояд камари ҳиммат баста, аз аҳли ҷомеа талаб кард, ки ташаббуси ӯро бобати ба Ватан интиқол додани марқади шоири ширинзабон дастгирӣ намоянд». Ва муддате ба симои ба фикр ғӯтавари шоир, ки қалам дар даст ба ифшои шеър машғул аст, бо меҳр нигарист.

Пасон, роҳашро давом дод. Аз паҳлуи бинои Иттифоқи нависандагон, ки номи мунодии сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзодаро дорад, бо эҳтиром гузашт. Дарҳол ба ёд овард, ки шоири номбардори миллат 31 сол ба созмони адибон сарварӣ карда, маҳз дар ҳамон замон дар натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии беғаразонаи роҳбарияш ҷамъияти адибони тоҷик на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он соҳиби шуҳрати беамсол гардид. Садҳо афсӯс, ки пас аз фавти бармаҳали шоири мардумӣ ҷояш то ҳол холист.

Адиб боз се-чор қадами дигар ба сӯи офтобшин монда, дар рӯ ба рӯи муҷассамаи шоҳсутуни адабиёти рус Максим Горкий ва Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ки паҳлуи ҳам нишаста, дар бораи мустаҳкам намудани робитаҳои адабии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар суҳбат доранд, лаҳзае истод. Баъдан, барои хизматҳои шоёну беназири ҳар ду абармарди адабиёт сари таъзим фуруд овард.

Ба симои андешаманди устод Садриддин Айнӣ бо меҳр нигариста, заҳматҳои кашида, часпу талош, шикасти муқовимату сангарҳои баъзе аз тангназарону кӯрдилонро ҷиҳати ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ додани номи устоди адибони тоҷикро ба хотир овард. Ӯ бо далерию матонат ба муқобилон исбот кард, ки манзили Сардафтари адабиёти муосири тоҷик ду қадам дуртар аз ин боргоҳи маърифат қарор дошта, ҳар субҳ устоди бузургвор бо асояш такязанон аз бари ин даргоҳи муқаддас мегузашт. Аз ин хотир, бешубҳа, сарвари адибони тоҷик ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки ба ин махзани илму дониш номаш гузош­та шавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд ва чанд соли умрашро ба роҳбарии ин макони донишомӯзӣ гузаронд.

Ва ӯ боз хомӯшона, орому сокит роҳашро давом дода, аз паҳлуи рӯди пурхурӯши ҳамноми пойтахти кишвар қадам зада, ба бинои факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ наздик шуда, иқдоми бесобиқаашро ба хотир овард. Китобхонаи шахсиро, ки тайи солҳо гирд оварда буд, ба факултет бахшид. Баъдтар бо дастгирии садорати факултет ва донишгоҳ дар заминаи он Хазинаи профессор Худойназар Асозода таъсис дода шуд.

Ман аз паҳлуяш бе овоз гом мебардорам ва ба фикру андешарониҳояш халал ворид намесозам. Чунки аз соли 1961 бо ҳам дӯст буда, соли 2000 — ум ҳар ду якҷо ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудем. Хислати хоксоронааш, хулқу атворашро хуб медонистам. Медонам, ки дар чунин лаҳзаҳо ба сукути ӯ мувоҷеҳ шудан гуноҳи нобахшиданист. Аммо ин сукунати вазнинро худи олим шикаст.

- Зарифҷон, ҳикояи «Калпанг»-атро дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» хондам. Он бар сабки нависандаи рус Шукшин навишта шудааст. Хеле дилчасп ва хотирмон баромадааст. Аслан, ту (бинобар беҳад бо ҳамдигар қарин будан, устод нисбат ба ман ҳамин мафҳуми ҷонишини танҳоро истифода мебурд ва ман чунин муомилаашро боис ба ифтихор меҳисобидам) адиби моҷаронавис мебошӣ ва бояд бо ҳамин роҳи эҷодиат пеш равӣ. Ҳар адиб бояд хати эҷодӣ дошта бошад. Моҷаронависиатро давом бидеҳ ва пайваста осори адиби номвари рус Федор Достоевскийро биомӯз. Зеро ки маҳз ҳамин нависанда бори нахуст дар адабиёт ҳолати рӯҳии қаҳрамонро тасвир намудааст.

Байни мо боз хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Ба гӯш танҳо садои қадаммонии бо маромаш шунида мешуд.

- Ман адибонеро, ки худро гоҳ ба назм мезананду гоҳ ба наср намефаҳмам ва фаҳмидан ҳам намехоҳам. Онҳо худро пайрави Айнӣ мешуморанд. Замони устод давраи пуршӯру пурмоҷарои сохтмони ҳаёти нав, барқарор намудани низоми нави ҷамъиятӣ ба шумор мерафт. Ва ин таҳавуллотро устод мебоист ҳар чӣ зудтар дар асарҳояш тасвир менамуд. Хирадмандии устод дар ҳамин аст, ки пеш аз он ки ба жанри нав гузарад, сабабҳояшро ба аҳли ҷомеа пешниҳод намуд ва дар тасвири воқеаю ҳодисаҳои замон бо сарбаландӣ баромад.

- Ҳоло бошад чӣ? Ду шеърак менависанду ба наср мегузаранд. Як ҳикоя чоп мекунанду ба назм мечаспанд. Ман инро адабиёт ном бурда наметавонам. Инро суханбозӣ, худнамоӣ ва қаллобии адабӣ ном мебарам. Нависанда услуби худ, роҳи эҷоди худ, сабки худ ва бинои зебою фарқкунандаи худро бояд дошта бошад.

- Чаро солҳои охир шумораи достону романҳои пурмазмун костааст? — Асозода нигоҳи чашмони меҳрубонашро ба рӯи ман равона кард.

- Дар ҷавоби ин саволи шумо ман оҷизам, — худро сафед карданӣ шудам.

- Зеро ки таҳаввулот, парвози хаёлот, заминаи пурқуввати дониш, истеъдоди комил ва таҷрибаи зиндагӣ намерасад, — худаш ба ин савол ҷавоб гардонд. — Бадбахтии нависандагони мо дар он аст, ки қариб ҳама адибони хонагӣ мебошанд. Онҳоро дар байни халқ тамоман намебинед. Ба сафарҳои эҷодӣ аҳён-аҳён мебароянд. Аз таҷрибаи Сотим Улуғзода истифода намебаранд. Аз ин хотир, мисли адибони дигар худро ба ҳар дар назан. Моҷаронависиатро давом бидеҳ ва аз роҳи интихобкардаат рӯ нагардон. Боз аз гуфтаҳои ман наранҷӣ.

- Дӯст табарвору душман шакарвор мегӯяд, — бо ин масали халқӣ риштаи сухани дӯстамро буридам.

- Ҳақ асту рост, — муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» даст барои хушбошӣ дароз кард ва ба дохили бинои факултети филология қадам монд.

Ба қомати баланд ва чеҳраи нуронии дӯстам назар карда, бовар кардам, ки Худойназар Асозода яке аз пурмаҳсултарин муаллифи китоби дарсӣ ва шогирди бовафои мунаққиди оташинсухан Соҳиб Табаров буда, дар тадқиқи дастовардҳои се ҳавзаи адабии форсизабонон нахустин рисолаи «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» — ро ба табъ расондааст.

Солҳо гузаштанд. Ҳар гоҳе ба факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ сар халонам, ба хотир меорам, ки агар умр вафо мекард, олими пуркор Худойназар Асозода имсол ба синни мубораки 80 қадам мемонд ва дар офаридани асарҳои тозаи илмӣ саҳми арзанда мегузошт.

Зариф ҒУЛОМ,

нависанда