Дар ҳифзи марз

№28 (4611) 22.02.2023

 Коллаж копия 2Хушо, ки сарҳади тоҷик амон аст,

Чароғаш рӯшану партавфишон аст.

Ба чашми чун уқобу хашми шерӣ

Далеру навҷавоне посбон аст.

 

Ту дилбанди диёри хештан бош,

Ту дар ҳифзи Ватан, марзи Ватан бош!

 

Зи чашмони чароғи марз тарсад,

Ҳар он ки дар дилаш макре ниҳон аст.

Аҷаб дорам, ки дигар по намонад,

Ба ин марзе, ки бо ному нишон аст.

 

Ту дилбанди диёри хештан бош,

Ту дар ҳифзи Ватан, марзи Ватан бош.

 

Ба ҷони кишвараш пайванд гашта,

Ба ҳифзаш шаҳсутуни устувор аст.

Ба қалбаш хуни мардӣ мезанад ҷӯш,

Чу раъду барқ рӯҳаш тезкор аст.

 

Ту дилбанди диёри хештан бош,

Ту дар ҳифзи Ватан, марзи Ватан бош!

 

Адӯ гар по ниҳад бар сарҳади мо,

Варо аз по занад дасти ватандор.

Шаборӯзӣ бувад сарбоз бедор,

Шаборӯзӣ бувад бар марз девор.

 

Ту дилбанди диёри хештан бош,

Ту дар ҳифзи Ватан, марзи Ватан бош!

 

Аё сарбоз, дар марзи Ватан бош,

Ватанро дӯст дору ҷону тан бош.

Наояд то ки хасме бар сари марз,

Ба рағми ӯ чу гурди Пилтан бош.

 

Ту дилбанди диёри хештан бош.

Ту дар ҳифзи Ватан, марзи Ватан бош.

Шаҳрия АҲТАМЗОД