Дар ин ҷо Наврӯз фақат сари сол нест

№36 (4932) 19.03.2025

1Наврӯз аз ҷашнҳои ҳувиятсози мо мебошад. Дар тамоми давраи мавҷудияташ барои мардуми тоҷик гиромӣ буду ҳаст. Аз ин ҷост, ки дар дурдасттарин гӯшаву канори сарзаминҳои ориёӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Гарчанде дар умри чандинҳазорсолаи Наврӯз раванд­ҳои зиёде дар бархӯрд бо он «мағлуб» шудаанд, аммо таъсири баъзе ҷараёнҳои мазҳабӣ ба руҳияи мардум ба назар мерасад. Бинобар ин, гоҳо асолатбохтае ҷашн гирифтани ин иди байналмилалии барои ҳар тоҷик азизро нораво талаққӣ карданӣ мешавад. Дар натиҷаи чунин муносибат баъзе оину суннатҳои хоси Наврӯз, махсусан дар шаҳрҳо ва дигар минтақаҳои сераҳолӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд ва ё шакл иваз карданд.

Аммо кӯҳистони тоҷик, бинобар дастнорас будан ва эмин мондан аз тохтутозҳои аҷнабиён чун муҳофизи беминнат дар нигоҳдории асолати миллӣ хидмат кард. То ҳол расму оинҳои хоси Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар шакли аслиаш боқӣ мондааст, аз ҷумла дар деҳаи Нарвад ва дигар деҳаҳои атрофи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ.

Дар ин ҷо Наврӯз фақат ҷашни сари сол нест, балки оғози зиндагии нав аст. Бо фаро расидани моҳи март мардуми деҳ нахуст манзили зистро ба Наврӯз омода мекарданд. Омодагӣ аз тамизкорӣ оғоз мешуд. Замони кӯдакии мо, ки ба солҳои 90-уми асри гузашта рост омад, новобаста аз мушкилоти рӯз ва камбуди маводи ғизо Наврӯз бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Он даврон деворҳои хонаҳои истиқоматӣ аслан бо оҳак сафед карда мешуд. Аз ин рӯ, замони такрори ин кор дар арафаи омодагӣ ба Наврӯз амалӣ мегашт. Мисле, ки нақшаи кории мураттаб амал мекарда бошад, омодагӣ ба Наврӯз бо тартиб сурат мегирифт. Пас аз тамиз шудани хона ва биноҳои ёрирасон корҳо дар замин идома меёфтанд. Ҷӯйборҳо поккорӣ, дарахтон сафед карда мешуданд. Замини кишт пурра ба шудгор омода мегардид.

Имрӯз ҳам чунин аст. Пас аз омода шудани хона омодагӣ ба рӯзи ҷашн оғоз мешавад. Хусусан, дар зарфҳо сабзаҳоро дамонда, чун рамзи баҳор ва Наврӯз дар назди тирезаҳо мегузоранд. Бо наздик шудани санаи ҷашн писарбачаҳои деҳа гули сияҳгӯшро, ки дар шеваи мардуми маҳал «бойчечак» ном дорад, дар чӯбдастае баста, чун пайки баҳор хона ба хона сурудхонон мегардонанд. Дар ин маросим зеботару муассир муносибати мӯйсафедону кампиракони деҳ ба гули бойчечак аст, зеро онҳо бо шукргузорӣ аз он ки боз ба як Наврӯзи дигар саломат расиданд, гулро бӯсида ба дидаҳояашон мемоланд. Шояд дар замонҳои гузашта ба наврасони бойчечакгардон ширинӣ медоданд, аммо ҳоло соҳибхона ба писарбачаҳо маблағи муайяне медиҳад. Ҳамин гуна, бойчечак ҳама хонаҳои деҳаро мегардад. Бо маблағе, ки аз ҳисоби гулгардонӣ ҷамъ мешавад, ҳар гуна шириниҳо харида, ба кӯдакони деҳ тақдим менамоянд.

Сурудҳои баҳорию наврӯзӣ ва дар васфи гули бойчечак, ки бачаҳо ҳини гулгардонӣ мехонанд, фолклорӣ буда, аз даҳон ба даҳон то имрӯз омада расидааст.

Дар фосилаи то Наврӯз сокинон ба аёдати пирону барҷомондагон ва беморон мераванд, инчунин, ба ҳашар баромада, пулу роҳҳоро таъмир менамоянд. Пас аз муайян шудани санаи ҷашн анъанаҳои Наврӯз ҳар яке дар мавридаш иҷро карда мешавад. Масалан, шоми пеш аз Наврӯз маросими «гармихӯракон» сурат мегирад. Гармӣ хӯроки миллии тоҷикӣ аст, ки дар минтақаҳо бо номҳои гуногун, аз қабили оши бурида, оши турш ва ғайра ном мебаранд. Бегоҳии рӯзи пеш аз Наврӯз дар ҳар хона гармӣ пухта, бо дасти кӯдакон ба наздикон ва ҳамсояҳо равон мекунанд ва зарфи хӯрокбурдаро тарафи дигар бо гармӣ пур менамояд, ки меҳру муҳаббати хешутаборию расми хуби ҳамсоядориро ифода менамояд. Мардони деҳа дар ин рӯз бо худ гармӣ гирифта, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва аз хӯрокҳои бурдаи ҳам кам-кам хӯрда, маслиҳати дар сатҳи зарурӣ гузарондани ҷашнро мекунанд.

Дар ин шаб писарбачаҳои деҳа низ серташвишанд, зеро бар дӯши онҳо низ масъулияте бор аст. Онҳо бояд маросимеро иҷро кунанд, ки аз падаронашон мерос мондааст. Ин маросим пиёдасаворон мебошад. Он ба бойчечакгардонӣ монанд буда, тафовуташ дар он аст, ки бачаҳо онро дар шаб иҷро намуда, маҳсулот ҷамъ мекунанд. Пиёдасаворон низ бо сурудҳои махсуси фолклорӣ иҷро мешавад. Маҳсулоти ҷамъшударо ҳангоми корҳои ҷамъиятӣ оши палов пухта ба мардум медиҳанд. Ё ин ки насли мактабхони деҳа дар ягон мавзеи мувофиқ зиёфат ташкил карда, бо ҳам сари дастархон мешинанд.

Анъанаи дигаре, ки дар арафаи Наврӯз баргузор мегардад, ҷуфтбаророн мебошад. Дар ин рӯз пирони деҳ барзаговҳои ҷуфтиро ба замини корам дароварда, бо риояи тамоми расму русуми деҳқонӣ ба кишти баҳорӣ оғоз менамоянд. Аввал дуову фотеҳа намуда, барзаговҳоро бо ҳазориспанд дуд карда, ба шохҳоя­шон равған мемоланд. Баъдан, писарбачае пеш-пеши барзаговҳо меравад ва нафаре аз мардони деҳ ба шудгори замин оғоз мебахшад. Иҷрои ин амалҳо дар пиндори мардуми деҳ ҳатмӣ буд, зеро ҳама кору амал дар Наврӯз орӣ аз хурофоту зиёдаравӣ буда, дорои розу рамзҳое мебошад. Масалан, равған кардани шохи говҳои шудгоркунанда ба умеди фаровониву серҳосилӣ амалӣ карда мешавад.

Дар иди Наврӯз тамоми мардуми деҳ либоси идона ба бар карда, дастархони наврӯзӣ мекушоянд. Даромадани Наврӯзро дар ин рӯз бештар аз руҳияи идонаи кӯдакони деҳа, ки саҳари барвақт бо борхалтаҳо гурӯҳ-гурӯҳ бо нидоҳои «соли наватон муборак шавад» хона ба хона мегарданд, пай мебарем. Соҳибхона халтаҳои онҳоро бо кулча ва шириниҳои гуногун пур мекунад. Ҳамин тавр, дар ин рӯз хурду калони деҳ Наврӯзи ҳамдигариро табрик гуфта, бо шодмонӣ ва дилу нияти пок аз дари ҳамдигар медароянд, аз аҳволи нафарони барҷоймонда хабар мегиранд. Занҳои деҳа гурӯҳ-гурӯҳ шуда, хӯроки наврӯзии суманакро тайёр менамоянд. Баъдан, тамоми аҳолии деҳ дар майдони ҷашнгирии Наврӯз ҷамъ меоянд ва гурӯҳ-гурӯҳ (аксаран бо ҳамсолони худ) ҷой гирифта мешинанд. Дастархон кушода, зиёфат меороянд. Дар рӯйи дастархон таомҳои миллиро мегузоранд. Дастаи ҳаваскорони мактаб барномаи омоданамудаашонро ба мардуми деҳ манзур менамоянд. Собиқадорону мӯйсафедон аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз ёдовар шуда, ҷавононро ба корҳои нек — ободкорию созандагӣ ҳидоят мекунанд. Асбобу анҷоми қадимаро, ки дар аксари хонаҳои Нарвад ва деҳаҳову мавзеъҳои гирду атрофи он пайдо кардан мумкин аст, ба намоиш мегузоранд, ки ин далели созандаву бунёдкор будани аҷдодони тоҷикон мебошад. Кампиракони деҳа ҳунарҳои гузаштагон, аз қабили пашмресиву намадмолӣ ва монанди инҳоро намоиш медиҳанд. Пас аз анҷоми барномаи консертӣ машғулиятҳои варзишӣ баргузор гардида, (гӯштин, бозии шоҳмот, волейбол, шашка, тенниси рӯйи миз, хурӯсҷанг ва ғайра) ба ҳамин ҷашни Наврӯзро ҷамъбаст мекунанд. Пас аз Наврӯз аҳолии деҳа заминҳоро барои кишти баҳорӣ омода намуда, охири моҳи март ба ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳо шурӯъ менамоянд.

Яке аз вазифаҳои аслии Наврӯз, ки муттаҳид кардан аст, ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кӯшишҳои ин маросим мебошад. Бинобар ин, Роҳбари давлатамон, ки аз ташаббускорони асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз мебошанд, пайваста аз ҳамзабонону ҳамтаборон ва дигар қавмҳои ориёӣ даъват мекунанд, ки дар Наврӯз ба Тоҷикистон биёянд. Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии ҳувиятсозро бо ҳамаи оину суннатҳояшон эҳё карданд. Имрӯз ҳар нафари аз таъриху фарҳанги ориёӣ огоҳ бо тамошои барномаи наврӯзии Тоҷикистон дарк мекунад, ки давлатдории навини тоҷикон то чӣ андоза дар эҳё ва рушди фарҳанги пурғановати миллӣ саҳм гузоштааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»