Агар суол гузорем, ки кафолати пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон дар чӣ метавонад бошад, бидуни шубҳа, посух чунин аст, ки ин кафолатро танҳо дар ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқамон метавон пайдо кард. Агар боз ҳам савол пеш гузорем, ки кафолати пешрафт ва пирӯзиҳои миллии кишварамон дар чист, посух ҳамон хоҳад буд: дар ваҳдати миллӣ ва ягонгии халқи кишварамон.
Ин ки вожаи ваҳдат вожаест муқаддас, аз маънои он пайдост. Дар ҳама луғатҳои гузаштагони мо ваҳдат маънои ягонагиро дорад ва ин ягонагӣ, пеш аз ҳама, ягонагӣ бо ақли кул, яъне бо ҳама ҳастист, бо табиат, бо замину осмон ва мусаллам аст, ки бе ваҳдату ягонагии тамоми мардум мушкил аст расидан ба он ваҳдати баланде, ки ягонагии инсону ҳастӣ, якдилию ягонагии ҳама зуҳуроти ҳастиро ба вуҷуд овараду ҳамаро фаро гирад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза, ки кафолати осоишу бехатарии инсоният ба дасти ҳаводиси рӯзгор аст, боз ҳам кафолати ҳар халқ ва ҳар кишвар дар ягонагии он халқу он кишвар аст. Танҳо халқе метавонад худро аз ҳама таҳдиду хатарҳо ҳифз кунад, ки ҳамин ягонагӣ, ҳамин ваҳдати миллиро ба даст оварда бошад. Ҳамин зиндагии анқариб сиюпанҷсолаи даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Ватан нишон дод, балки халқ ва кишвари моро аз имтиҳоне гузаронд, ки нотифоқиву паркандагии ба дасти душманон таҳмилшуда ба кашвари мо қариб буд, ки беҳтарин дастоварди таърихии мо – Истиқлолияти давлатиро аз байн бубарад. Халқи фозил ва фарзандони заковатманди миллатамон зуд иштибоҳро дарк карда, пайи рафъи он шуданд ва танҳо ваҳдату ягонагӣ, аз як гиребон сар баровардан, барои як армони баланди миллӣ мубориза бурдан миллати моро аз вартаи фалокатҳо раҳо бахшид. Яъне, он чӣ ягонагӣ ва пойдорию пирӯзии миллати моро таъмин карда метавонад, ваҳдати миллии мост. Ваҳдати миллӣ волотарин армони миллии халқи мо бояд бошад. Ва худи таърих, зиндагӣ нишон дод, ки танҳо халқе, кишваре метавонад аз худ ҳимоят кунад, қавию мустаҳкам бошад, ки ба ягонагӣ, яъне, ваҳдати миллӣ расидааст.
Агар мо фаротар равем, мебинем, ки ваҳдат на танҳо кафили зиндагиву пойдории як халқу миллат аст, балки асоси ягонагиву пойдории худи табиат, Замину Кайҳон низ дар ҳамин ваҳдат ва ягонагист.
Дар ин хусус боз ҳам метавон аз бузургони илму адабамон далелҳо овард. Бедил беҳуда нагуфтааст:
Дар ин ваҳдатободи нусратбаҳор
Зи ҳар ҷузв айни гул аст ошкор.
Бубинед, ин ибораи зебои «ваҳдатободи нусратбаҳор» чӣ қадар бамаврид вазъ ва симои имрӯзи Ватани мо, Тоҷикистони азизи мо, пойтахти Ватанамонро ба тасвир овардааст, ки воқеан, самараи ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқу кишварамонро дар он муҷалло мебинем.
Иқбол низ беҳуда нагуфтааст:
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Яъне, ваҳдату ягонагӣ аст, ки зиндагӣ ва табиат низому тартиб дорад ва зебову диданист.
Инак, баъд аз асрҳо ба вуқӯъ пайвастани ваҳдати миллӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷик на танҳо як намунаи амалӣ шудани армонҳои бузургони гузашта, балки гувоҳи он аст, миллати куҳанбунёду хирадпешаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди худ тавонистааст таҷрибаи нави сулҳу ваҳдатро эҷод ва амалӣ намояд.
Ваҳдати миллӣ падидаи нодиру навест дар таърихи навини мо, ки омӯзиши он ҳам барои дигарон ва ҳам барои таҳкиму пешрафти ваҳдати худи тоҷикон ба манфиат хоҳад буд. Ин сабақест шоиста дар ҷодаи худшиносии миллӣ барои мо ва ҳам дигарон. Дар асоси ин сабақ метавон бардоштҳое кард, ки чӣ омилҳое метавонанд як халқ, як қавму миллатро ба ваҳдат расонанд. Яке аз чунин омилҳо ҳадафи бузургест, ки миллат дар пешорӯи худ мегузорад. Оре, ҳадафи баланди миллӣ метавонад мардуми як кишварро ба ҳам орад, ба ягонагӣ даъват кунад, зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ, аз як гиребон сар баровардан метавонанд барои фатҳи мақсадҳои наҷиб мусоидат намоянд. Дар мавриди халқи мову кишвари мо чунин ҳадафи бузург озодиву истиқлолият ва эҳёи навини миллати мост, ки армони ҳазорсолаашро мақсади ҳастии худ қарор додааст. Дар ин замина иқдомҳои шоиставу мақсадҳои наҷиб, нақшаҳои бузурге, ки аҳамияти созандагӣ доранд, низ метавонанд миллатро ба сарҷамъиву ягонагӣ раҳнамо бошанд. Дар ҳамин таърихи кӯтоҳи истиқлолияти худ мо борҳо шоҳиди аз як гиребон сар баровардани кулли хурду бузурги миллатамон гардидем, хоса вақте аз ҷониби Пешвои миллат даъват барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба амал омад. Бунёди НБО «Роғун» бунёди ояндаи мост, ки нақши тақдирсоз барои халқамон дорад.
Аммо ваҳдати миллӣ, ин дастоварди хуҷаста, барои миллати мо ба осонӣ даст надодааст. Мо хуб медонем, чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан Пешвои миллатамон, ба амал омад, то ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем. Имрӯз бояд андеша кунем, ки чӣ гуна ин дастоварди гаронбаҳои таърихии халқамон — ваҳдати миллиро на танҳо маҳфуз дорем, балки тақвият бахшем, комилу пойдор ва бегазанд гардонем.
Омили аввалине, ки метавонад миллатро ба ҳам орад, ҳадафи бузург ва тақдирсози миллист. Халқҳоро ҳадафҳои бузург ба пирӯзиҳо мерасонад. Барои ин нахуст бояд суол пеши худ гузорем: он чист, ки ваҳдати миллӣ бар он асос меёбад? Чӣ сутунҳое бояд бунёд кард, то тавонанд бори ваҳдати миллиро бардоранд? Ба гумони банда дар ин маврид чанд омили асосӣ нақши ҳалкунанда доранд.
Аввалин омиле, ки метавонад миллатеро ба ҳам орад, ҳадафи бузург ва тақдирсоз аст.
Дуюм, ваҳдати миллӣ ҳамон вақт пойдор аст, ки бар адолати иҷтимоӣ асос ёфта бошад. Ин яке аз омилҳои тақдирсози ваҳдат аст, зеро асоси ваҳдат адолат буда, ваҳдат ва ягонагии мардум, пеш аз ҳама, бо адолат қавист.
Сеюм, бе худшиносии баланди миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дарки расолати миллӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ номумкин аст.
Чорум, таҳкими қонуният дар кишвар, иҷрои бечунучаро ва роҳ надодан ба беадолатиҳо дар иҷрои он. Табиист, ки қонун, ягонагӣ ва мувозинат дар ҷомеа асоси бунёди ҳар бино, аз ҷумла бинои ваҳдат, аст. Беҳуда нест, ки имрӯзҳо дар кишвари мо маърифати шинохти қонун ва риояи он амалӣ мешавад.
Панҷум, раҳнамои худ намудани хирад ва сабақҳои таърих, ки дар собиқаи миллати мо кам нестанд.
Шашум ва аз ҳама муҳим, ҳадафи асосии худ қарор додани ташаккули шуури миллӣ, манфиати умумимиллӣ, зеро ваҳдат кафили асосии рушди давлати миллиамон хоҳад буд.
Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби Пешвоест, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст. Он пирӯзиҳое, ки халқи мо дар бунёди ваҳдати миллӣ ва эҳёи навини Тоҷикистон ба даст овард, маҳз бо риоя ва амалӣ намудани омилҳои зикршуда таҳти сарварии ӯ ба даст омадааст.
Дар бунёди ваҳдат, таҳким ва ҳимояи он мо бояд сифатҳои зотӣ, одобу анъанаву суннатҳои халқамонро ба назар гирем, ки бе донистани он шояд натавонем бинои ваҳдатро бе костиҳо бунёд кунем. Халқи мо халқест некманиш, хайрхоҳ ва дар баробари ин, содадилу зудбовар ва дар оғози истиқлолият душманонаш тавонистанд аз ин истифода кунанд, дар таърихи куҳанаш ҳам ин хушбовариҳо на ба манфиати ӯ будааст ва инро мо бояд чун сабақ дар ёд дошта бошем.
Набояд худро бифиребему ба худ дурӯғ гӯем, зеро ин ба манфиати истиқлолияту ваҳдат, мақсадҳои наҷиби мо ва Сарвари шуҷоъ ва ватандӯстамон нест. Банда бовар дорам кулли мардум, халқи некӯманишу хирадпешаи тоҷик, ки ҷабри таъриху сарнавиштро бисёр дидааст, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо тамоми муҳаббату садоқат ба хоки муқаддаси худ, бо тамоми хиради зотие, ки доранд, дастоварди беназири таърихии худ — Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунанд, балки онро таҳким мебахшанд ва дар ин ҷода неру, раҳнамо ва кафили онҳо ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд.
Дар ин маврид хушбахтии мо — тоҷикон дар он аст, ки саропои сиришти халқи некӯманиши мо аз ваҳдат ва хайрхоҳию некманишӣ сиришта шудааст. Тамоми маросиму суннатҳову расму оинҳои мардуми кишварамон худ намунаи ягонагӣ ва ҳосили ваҳдати миллист.
Боре гуфта будам, ки агар маросимҳои моро ҳама халқҳои олам қабул кунанду суннатҳои онро қонуни зиндагии худ гардонанд, дар ҷаҳон дигар ҷангу душманӣ, кинаю бадбинӣ аз байн хоҳад рафт, зеро ин суннату оинҳои баланди миллии мо аксар башарӣ буда, ҳадафашон ягонагӣ ва сулҳу осоиши инсонҳост. Хусусан, маросими Наврӯзи оламгири мо.
Ҳамин дастоварду пирӯзиҳое, ки давоми беш аз сисолаи даврони Истиқлолияти давлатиамон халқи ватандӯсту заҳматкашамон ноил гардид, гувоҳи он аст, ки ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва халқи некманиши тоҷик ба чӣ пирӯзиҳо метавонанд ноил шаванд. Ҳам дар арсаҳои сиёсиву байналмилалӣ, ҳам дар арсаҳои ободию созандагӣ, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба комёбиҳои беназир ноил шуданд ва ин ҳанӯз оғози кор аст. Миллати некӯманиш ва хайрхоҳи тоҷик бо сарварии Пешвои некбину ватандӯсти худ, пас аз ҷабрҳои зиёди таърихӣ, дар замони Истиқлолияти давлатии худ сазовори дастоварду пирӯзиҳои беназир хоҳад шуд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон