Баъд аз он ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иловатан солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, дар ин байн соҳаҳои зикршуда то андозае ташаккул ва равнақ ёфтанд.
Дар бадали панҷ соли охир (ба истиснои солҳои паҳншавии бемории Covid-19) ҳар сол дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ва вилоятҳо намоиши дастранҷҳо ва ҳунарҳои мардумӣ доир шуданд. Ба ҳамин маънӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб — 2021» гузаронида шуд. Пеш аз оғози барномаҳои консертии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар саҳни бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои халқӣ ба тамошо гузошта шуд. Ҳамчунин, дар дигар намоишҳои ҳунарҳои халқӣ, ки дар пойтахт ва шаҳру навоҳии кишвар мегузашт, чун тамошобин ҳузур доштам. Мутаассифона, ягон маротиба дар ҷодаи кулолгарӣ чизи нав ё ҷолибе диққати маро ё иштирокчиёни намоишгоҳро ҷалб карда натавонист.
Ҳама маҳсули дастони кулолгарони тоҷик такрори якдигаранд. Дар дастранҷҳои кулолгарон эҷоди нав, тахайюлоти рангин ва зебоиву офаридаҳои наву тозаҷӯӣ қариб ки ба назар намерасид. Боз ҳамон табақ, коса ва кӯзаҳои сафолини дастхарош сохташуда. Маъзарат, ҳама устоҳои гилкор ва кулолро дар назар надорам. Дар байнашон кулолоне ҳастанд, ки хеле моҳирона, зебо ва нафис табақу кӯза ё коса месозанд ва рангубор дода, гулкорӣ мекунанд, аммо чунин устоҳо дар ҷумҳурӣ ангуштшуморанд.
Намунаи дастранҷҳои устоҳои исфарагиро танҳо дар филмҳои ҳунарии «Духтари сеюм»-и таҳиягар Анвар Тӯраев (1970), «Майдони парвоз»-и таҳиягар Тоҳир Собиров (1971) ва филми ҳуҷҷатии «Офаридани афсона»-и таҳиягар ва оператор Евгений Кузин (1970) истеҳсоли «Тоҷикфилм» мебинему халос.
Шояд хонанд ва суол диҳанд, ки чаро маҳз соҳаи кулолӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Бояд изҳор намоям, ки ҳангоми иштирок дар Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Кинофестивали XIII байналхалқии Тошканд – «Дурдонаҳои роҳи абрешим» ходимони кинои тоҷик ба вилоятҳои Андиҷон, Марғелон ва Фарғона сафар карда, бо сокинони он вохӯриву мулоқот доштанд. Дар яке аз мулоқотҳо, ки бо сокинони ноҳияи Риштон доир гардид, меҳмононро ба Маркази ҳунармандони «Керамика»-и ноҳияи Риштон даъват карданд.
Марказ аз бинои зебои дуошёна иборат буда, аз рӯи нақшаи меъмории миллӣ бунёд шудааст. Барои коргарон — устоҳои он ҳама шароит — хонаи истироҳат, ошхона, ҷои беҳдошт ва қабули меҳмонон муҳайёст. Мо тарзи тайёр кардани сафолакҳои фаршпӯш (плитка) кӯза, табақ ва чойнику пиёларо аз наздик дидем.
Он зарфҳои зебо, пур нақшунигори кулолӣ ва сафолакҳои фаршпӯш бо меҳнати хеле тоқатфарсо омода мешаванд. Гурӯҳи киносозони тоҷик тамошоро аз ошёнаи якум оғоз намуданд. Роҳбалад ба ҳар саволи меҳмонон ҷавоб медод. Нозукии касби кулолӣ, пеш аз ҳама, дар маҳсулоти аслӣ — яъне, хоки сурх аст, ки онро аз қабати замин дар масофаи 2 метр чуқур канда, ба даст меоранд. Ин гуна хок намак надорад ва қариб, ки об наҷабидааст. Аз оби тоза бояд истифода бурд, ки маҳлули хлор дар он набошад. Устоҳо аз хоки хушк лой карда, қариб як соат бо он андармон мешаванд, сипас он барои кӯза табақ, чойнику пиёла ё сафолакҳои фаршпӯш омода мешавад.
Мо-намояндагони Тоҷикистон бештар ба тайёр кардани сафолакҳо барои фарш, бом ва девору гунбазҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардем. Ин гуна сафолакҳо (дар баъзе мавридҳо кошинкорӣ ҳам мегӯянд) ба тарзи махсус тайёр мешаванд. Аз хоки сурх гил тайёр карда, дар қолабҳо ҷо карда, ба дегдонҳои махсус мегузоранд ва дар ҳарорати 980 (градус) мепазанд. Баъди пухтан сафолакҳоро бо моеи ҷилодор (лак) ва дигар рангҳо пардоз дода, боз ба дегдон мегузоранд. Дар маҷмӯъ, барои тайёр кардани сафолакҳо ду ҳафта вақт лозим аст. Ҳамчунин, барои омода кардани кӯзаву табақҳо низ. Дар ин маврид ба устоҳои кулол на танҳо меҳнати тоқатфарсо, балки донистани математика ва геометрия хеле муҳим аст.
Вақте ки мо ба ошёнаи дуюми Маркази ҳунармандони «Керамика»-и ноҳияи Риштони вилояти Фарғона баромадем, худро дар олами афсонаҳо пиндоштем. Табақҳову чиниву чойникҳои гулкоришуда, кӯзаҳои хурду бузурги зебо ва дигар ороишоту заруриёти рӯзгор гӯё ба забон омаданд:
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?»
Тамоми асбоби рӯзгордорӣ — табақ, чойник, пиёла, қанддон, кӯзаҳои хурду калон, мавиздон, асалдон, ҳатто ҷиҳоз барои шустушӯй ва беҳдошт низ бо санъати баланд тайёр ва пешкаши харидорон гардонида шудаанд. Барои меҳмонон аз гили пухташуда даҳҳо армуғон – нишонҳои давлатӣ, байрақҳо, биноҳои таърихии Самарқанду Бухоро, қаҳрамонҳои афсонавии халқи тоҷик ва ӯзбек, лӯхтакҳо, шоҳпаракҳои зебо, рамзи Кинофестивали XIII Тошканд ва «Лаълии хотиравии кинофестивал» ва ба ин монанд тайёр карда шуд.
Дар Маркази ҳунармандони «Керамика» устоҳои кулол, яъне кӯзасоз, устоҳои керамист ва наққошону гилкорон аҳлона кор карда, зиёда аз 100 номгӯй маҳсулоти кулолӣ аз хоку гил истеҳсол мекунанд. Беҳуда ноҳияи Риштонро маркази керамикаи Ӯзбекистон намегӯянд. Маҳсулоти керамикаи ин марказ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар собиқ ҷумҳуриҳои бародарии Иттифоқи Советӣ талабгори зиёд дорад.
Масалан, дар шаҳри Хуҷанд ёдгорҳои таърихӣ ва Қалъаи кӯҳан бо маҳсулоти сафолии Маркази ҳунармандони «Керамика»-и Риштон тармиму таҷдид шудаанд. Солҳои пеш санъати сафолаксозӣ ва кулолгарӣ дар се шаҳри қадима – Хева, Хуҷанд ва Фарғона маълуму машҳур буд. Мутаассифона, бо мурури вақт устоҳои хуҷандӣ ин ҳунари нодирро давом надоданд. Алҳол устоҳои риштонӣ ба тайёр кардани шогирдон дар шаҳри Хуҷанд машғуланд.
Мақсад аз овардани намунаҳо аз дастранҷи устоҳои риштонӣ дар он аст, ки устоҳои кулоли мо танҳо бо сохтани табақу кӯзаву чинӣ маҳдуд нашуда, номгӯйи маҳсулоти кулолӣ ва керамикиро васеътар ба роҳ монанд. Зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки технологияи тайёр кардани сафолакҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоти кулолӣ он қадар мураккаб ва вазнин набудааст.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»,
Душанбе-Риштон-Фарғона-Душанбе