(Дар робита ба романи «Кайфар» — и Диловари Мирзо)
Романҳои таърихӣ барои бозгӯй намудан ва зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии ин ё он қавму миллат нақши бузург мебозанд. Нависанда бо истифода аз асноди таърихӣ марҳилаи мушаххаси замониро тавассути қувваи хаёл ва санъатҳои бадеӣ ба тасвир мекашад. Ҳодисаву воқеаҳои дар он даврон рухдодаро либоси бадеӣ мепӯшонад. Асари бадеии таърихӣ ба хонанда имконият медиҳад, ки бо як даврони муҳими гузашта ошно гардад. Давроне, ки бо рух додани ҳодисаву воқеаҳои муҳим ба раванди ташаккул ва ё таназзули миллате таъсир гузоштааст. Ин гуна асарҳо дар адабиёти муосири тоҷик кам нестанд. Романҳои «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ»- и Сотим Улуғзода, «Писари Худо»- и Сорбон, «Куруши Кабир»- и Бароти Абдураҳмон аз ҳамин қабиланд.
Нависандаи маъруф Диловари Мирзо низ дар офаридани асарҳои таърихӣ дар адабиёти тоҷик нақши босазо дорад. Романи «Кайфар»- и ӯ аз ҷумлаи осори пурарзиши нависанда аст, ки аз рӯзгори аввалин сарвари Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум қисса мекунад.
Он ду давраи таърихӣ – даврони то Инқилоби Октябр ва баъди онро фаро мегирад. Нависанда кӯшидааст дар қисмати аввали роман муҳити аморати Бухоро, хонигарии Хуқанд ва зиндагии мардуми Қаротегинро дар асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ тасвир намояд.
Муаллиф асарро бо услуби хос оғоз карда, симои пири қиссагӯеро меофарад, ки вай ба сомеони хеш дар бораи Баҳроми Гӯр, Рустами Дастон, Амир Ҳамза, Амир Арслон нақлҳои ҷолиб мекунад. Аз қаҳрамониҳои онҳо мегӯяд. Одамон бо шавқ қиссаҳои муаллими пирро гӯш мекунанд. Рӯзе ӯ ба сомеонаш мегӯяд: «Дар бораи Нусратулло Махсум қиссае шунидаед? Магар медонед, ки ҳамроҳи чанд тан аз ёрони хеш рисолатеро ба дӯш гирифт, ки танҳо бадали ҷонфидоӣ иҷрояш мумкин буд… Онҳо бо ҳамин рисолат ба олами ҳастӣ омаданд. Омаданд, ки ормонҳои дили ниёгони хешро амалӣ созанд. Тоҷикро соҳибдавлату соҳиббахт намоянд».
Нависанда ноаён ба торҳои дили хонанда нохун мезанад, эҳсоси худогоҳӣ, тоҷикият, муҳаббати Ватанро дар вуҷудаш бедор месозад. Аз ибтидо то интиҳои роман ҳамин эҳсосот чун хати сурхе мегузарад ва дар меҳвари тафаккур ва андешаи қаҳрамонони он худшиносии миллӣ, бунёди давлати миллӣ хеле барҷаста нишон дода мешавад.
Бо хондани роман дар пеши чашмони мо зиндагии мардуми Қаротегин дар нимаи дуюми асри ХIХ ва нимаи аввали асри ХХ ҳувайдо мегардад. Дар ин мавзеъ дар деҳаҳои Шингилич, Ғарм, Ярхич мадрасаҳое вуҷуд доранд, ки дар он олимони маъруф дарс мегӯянд. Фарзандони водии Рашт дар кишварҳои Ҳиндустон, Афғонистон, Бухорову Самарқанд таҳсил мекунанд. Онҳо чароғи илму маърифатро дар зодгоҳи хеш равшан нигоҳ медоранд. Бо хондани романи «Кайфар» маълум мегардад, ки Қаротегин як гӯшаи ободу маъмур аст, мардуми озодаву сарбаланд, озодихоҳу ватанпарвар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Аммо ҷабру зулми амирону мансабдорон сокинони ин мавзеъро ба ҷон овардаву онҳоро муътариз гардонидааст.
Дар чунин шароит дар деҳаи Чашмаи Кӯзӣ Нусратулло ба дунё меояд. Падари донишманду фозилаш ӯро аз наврасӣ ба «Шоҳнома»хонӣ ҳидоят месозад. Ба ӯ дарси мардонагию шуҷоат меомӯзад.
Мардуми Қаротегин аз дасти ҳокимони манғит дар азоб буданд. Онҳо яке паси дигаре иваз мешуданд ва бинои зулмро баландтар мебардоштанд, сокинони водии Раштро ғорат мекарданд. Мардум аз нодориву ночорӣ ба мардикорӣ мерафтанд. Нусратуллои ҷавон ҳам шаҳди муҳоҷиратро мечашад. 16-сола буд, ки ба Хӯқанд рафт, дар фабрикаи Рабинский ба кор даромад. Нависанда рӯҳияи мардикорони кӯҳистонро дар ғурбат ин гуна тасвир менамояд: «Дар ғурбат бачаҳо зуд ба воя мерасиданд. Ҷаҳонбиниашон васеъ мешуд. Сиёҳро аз сафеду шабро аз рӯз фарқ мекарданд. Нусратулло яке аз онҳо буд».
Ба рушди шахсияти қаҳрамони роман ҳамчун як инсони бедор ва муътаризи зидди зулму истибдод нақши коргарони рус, хусусан Иванови петербургӣ, калон аст. Мутолиаи рӯзномаҳои инқилобӣ низ ба тафаккури ӯ таъсир мерасониданд. Нависанда ҳаёти индавринаи қаҳрамони худро хеле равшану возеҳ ба тасвир мекашад. Ширкати ӯро дар мавҷи эътирозҳои соли 1905 барҷаста нишон медиҳад. «Нафраташ ба ҳукуматдорону сарватмандон, ки нисбат ба мардуми камбағал бепарвоӣ мекарданд, бештар мешуд. Мехост неруву тавонеро соҳиб бошад, ки барои аз по афкандани тӯдаи золим басанда бошад. Дигар хоҳиши бо ин сохт ва бо ин давлату ин сарварон созиш карданро надошт».
Нусратулло вақте аз мардикорӣ баргашт, инсони дигар буд. Ӯ ба сокинони зодгоҳ аз муборизаи озодихоҳонаи русҳо мегуфт: «Мардумро ба муборизаи зидди золимон гӯё даъват мекард. Дар колбади ҷавону зебои вай як марди миёнсоли дунёдидаву таҷрибаандӯхта, донишманду ботамкин, дурандешу оташинсухан, боиродаву дурбин ворид шуда буд».
«Кайфар» асари мустанад аст. Диловари Мирзо баъд аз омӯхтани осори фаровони таърихӣ ҳодисаву воқеаҳои замони мавриди назари худро омезиш дода, ба хонанда асареро пешниҳод мекунад, ки ривояте аз таърихи воқеии халқи тоҷик аст. Дар он муборизаи мардум бар зидди золимон хеле равшан инъикос мегардад. Яке аз қаҳрамонони асар Қаландаршоҳ паҳлавону диловар аст. Вай содалавҳона меандешад, ки аз бедодгарии ҳокимони маҳаллӣ амири Бухоро хабар надорад ва агар ӯ ба додхоҳӣ равад ва ҳақиқати ҳолро ба амир бигӯяд, вай вазъиятро ислоҳ месозад. Бо ҳамин бовар ба Бухоро меравад, аммо амир баъди арзи ӯро шунидан мегӯяд: «Ин дохундаи аблаҳро, ки дар ҳаққи ғуломони содиқи мо бадгӯӣ кард, ба Обхона партоед. Бигузор як муддат ҳамон ҷо хоб раваду дониста гирад, ки дар ҳаққи мардони содиқи давлати Бухоро ғайбат намудан чӣ оқибат дорад». Ӯ шаш моҳ дар зиндон азоб мекашад. Баъд аз ба зодгоҳаш баргаштан ҳамроҳи дӯсташ Одинаи лучак дар Қалъаи Лаби Об шӯриш мебардорад.
Образи Қаландаршоҳ, ки марди якрӯву росткор ва адолатхоҳ аст, аз образи Нусратулло Махсум комилан фарқ дорад. Ҳарчанд ҳар ду ба хотири пойдории адолат мубориза мебаранд, аммо роҳу равиши Нусратулло комилан нав аст, вай дар кӯраи муборизаи синфӣ обутоб меёбад, роҳҳои гуногуни ба ҳадаф расиданро таҷриба мекунад, муборизаи озодихоҳонаи русҳо барояш дарси ибрат мешавад. Аммо Қаландаршоҳ барин қаҳрамонон фикр мекунанд, ки бо барканор кардани ҳоким метавонанд адолатро барқарор созанд. Нусратулло Махсум бошад, комилан барҳам додани бунёди истибдодро ҳадафи хеш қарор медиҳад.
Нависанда дар романи «Кайфар» тавассути образҳои Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мунаввар Шогадоев симои инсонҳои навро ба намоиш мегузорад. Онҳо на танҳо муборизони роҳи озодиву адолат ҳастанд, балки ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таърихи халқу Ватан барояшон арзишманд мебошад. Ин қаҳрамонон дар баробари давронсозӣ давлатсозӣ мекунанд ва ормонҳои ҳазорсолаи қаландаршоҳҳову одиналучакҳоро амалӣ мегардонанд.
Аз ин назар ғояи асар хеле пурқувват ва муҳим буда, эҳсоси ватандӯстии хонандаро тақвият мебахшад.
Диловари Мирзо ба вуҷуд омадани инқилобро тавассути русҳо дар аморати Бухоро хеле воқеъбинона тасвир менамояд. Омадани болшевикҳо ба водии Рашт, мубориза бар зидди онҳо, барқарор кардани Ҳокимияти Шӯравиро бо санадҳои дақиқ бозгӯй месозад. Муборизаи ду сохтро, бартариву иштибоҳашонро ба риштаи тасвир мекашад. Вақте аскарони сурх ба Ғарм омада, он ҷо ҳокимияти навро барқарор месозанд, мири Мастчоҳ писараш Абдулҳафизро бо ду ҳазор сарбоз ба Ғарм мефиристад, аммо ӯ дар баробари аскарони сурх шикаст мехӯрад. Баъд аз мағлуб гаштани сарбозони Абдулҳафиз аскарони сурх ба бедодгарӣ мепардозанд: «Ва он лаҳза, ки зиндамондаҳо гурехта, аз дами шамшер ҷон ба саломат бурданд, аскарони сурх ба иштибоҳ роҳ доданд, ки дар оянда барои онҳо гарон афтод. Аз нашъаи зафар маст ба деҳаҳо даромаданд. Баъзе аз сарбозон ба номуси занону духтарон дастдарозӣ карданд. Мардони маҳаллиро парронданд ва амволи эшонро ғорат карданд. Чандин хонаҳоро дар атрофи шаҳраки Ғарм оташ заданд».
Дар чунин вазъият Нусратулло Махсум дар баробари бедодии аскарони сурх меистад ва онҳоро аз роҳи бад мегардонад. Образи ин марди шуҷоъ комилан миллист. Вай ҳамеша дар бораи мардум, дар бораи Тоҷикистон ва ояндаи он меандешад. Нависанда кӯшидааст, ки дар романи хеш аз ҳақ нагзарад ва рафтори мусбату манфии болшевекону босмачиҳоро баробар нишон диҳад.
Қисмати дуюми роман, ки даврони оғози Ҳокимияти Шӯравиро дар Тоҷикистон дар бар мегирад, бештар ҷанбаи мустанад дорад. Дар ин даврон Нусратулло Махсум вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҷумҳуриро ба уҳда дорад ва ба таври хастагинопазир паи корҳои ободонист. Нависанда барои он, ки корҳои анҷомдодаи қаҳрамони марказии асарро нишон диҳад, кӯшидааст бештар ба санадҳо такя созад ва бо ҳамин хидматҳои Нусратулло Махсумро барҷаста гардонад. Масалан, вақте дар бораи муҳоҷират ба водии Вахш ва аз худ кардани заминҳои бекорхобида сухан ба миён меояд, дар асар ба арқоми зерин дучор меоем: «Соли 1931 дар маҷмӯъ 12194 хоҷагӣ дар водии Вахш аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ муқим гардид. Дар анҷоми панҷсолаи якум миқдори заминҳои кишт дар ҷумҳурӣ ба 801,1 ҳазор гектар расид. Соли 1932 дар ҷумҳурӣ 506 ҳазор сентнер пахта истеҳсол ва ҷамъоварӣ карда шуд».
Ин кори нависанда далел ба он аст, ки на танҳо ҳаёт ва муборизаҳои Нусратулло Махсумро хуб омӯхтааст, балки ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии он давронро пурра фаро гирифтааст. Ҳамин тавр, романи мустанади «Кайфар» ҳам аз назари бадеият ва ҳам аз нигоҳи ҳуҷҷатӣ дорои аҳамияти хос мебошад.
Нусратулло Махсум ҳам қурбони дасисаҳои бадхоҳон шуд, вале номи ӯву кори ӯ ҷовидонист. Ин ҳақиқатест, ки Диловари Мирзо бозгӯйӣ намуда, кору пайкори қаҳрамонашро ҷовидонтар гардонидааст. Қаҳрамоне, ки дар ҷодаи мубориза умраш тамом шуд.
Романи «Кайфар», воқеан ҳам, бо ғояи баланди хеш асари хонданиву ба ёд монданист. Месазад, ки он барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардад.
ВОРИС,
шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон