Мақолаи Темуршоҳи Файзалӣ «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ чӣ гуна амалӣ гардид?» («Садои мардум», 16 июни соли 2016)-ро мутолиа намуда, ҳолати ҳузновари китобхонаҳои деҳот пеши назарамон омад. Факту арқоми дар мақола зикршуда ҳақиқатанд. Соле қабл гурӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба чор ноҳияи минтақаи Хатлон ва шаҳри Кӯлоб сафар намуда, бо усули мушоҳида ва пурсиши сотсиологӣ ба вазъи китобхонаҳо шинос гардиданд. Аз натиҷаи тадқиқот ба Вазорати фарҳанг гузориши муфассал пешниҳод шуда, он зери сарлавҳаи «Муассисаҳои фарҳангиро дастгирӣ мебояд (Баъзе натиҷаҳо аз таҳқиқоти муассисаҳои фарҳангии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)» дар «Паёмномаи фарҳанг» (соли 2014, №3, саҳ. 108 – 113) ба табъ расид. Нигоштаи Т. Файзалӣ бори дигар собит месозад, ки ҳоло ҳам вазъи китобхонаҳо боиси нигаронист.
Омӯзиши мо аз шиносоии фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Данғара оғоз гардида, дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб идома ёфт. Умед доштем, ки фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳия ва деҳоти минтақаи Кӯлоб баъд аз татбиқи барномаҳои давлатӣ ба талаботи рӯзмарра ҷавобгӯ ё ақаллан мутобиқ аст. Вале баъди шиносоӣ бо фаъолияти китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Муъминобод умеди мо ботил шуд. Китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ аксар дар бинои иҷора қарор дошта, ҳолати ҳузновар доранд. Бинобар маблағгузории кам онҳо таъмиру тармим нашудаанд, бо китобҳои тозанашр таъмин намегарданд, имкони такмили ихтисоси китобдорон ва бозомӯзии онҳо вуҷуд надорад. Солҳои охир ба онҳо ҳатто ягон дастури методию библиографӣ, меъёрҳо ва сенарияҳои намунавие, ки аз ҷониби Китобхонаи миллӣ омода мегардад, дастрас нашудааст. Аз ин рӯ, китобдорон дар гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ душворӣ мекашанд.
Дар хусуси таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ ва пайвастшавӣ бо шабакаи Интернет умуман ҷои гап нест. Ин масъала орзуи китобдорони ин ноҳияҳо аст. Китобхонаҳо, бахусус китобхонаи марказии ноҳияи Восеъ (гарчанде аз лиҳози таъминоти кадрҳои соҳибихтисос камбудӣ надорад), аз ҷиҳати фаъолият ва нигоҳдории захираҳои китобӣ анбори китобро мемонад. Дар ин ноҳияҳо аз шароит ва имконоти китобхонаи замони муосир нишоне нест. Аз ҷумла, барои ҳифзу нигоҳдории захираи китоб рафҳои ҳозиразамон вуҷуд надорад, усули таҳияи феҳристу картотекаҳо, ки кори хонандагонро дар дарёфти китоб осон мегардонад, истифода намешавад. Китобхона ниҳодест, ки бояд бо истифода аз роҳу усулҳои пешқадами тарғиботию ташвиқотӣ баҳри ғанигардонии олами маънавии шаҳрвандон ҷаҳд намояд. Мутаассифона, китобхонаҳои мо, тавре ишора шуд, хеле қафо мондаанд. Ҳол он ки дар замони шӯравӣ ба фаъолияти онҳо ҳамчун маркази ғоявӣ, тарғиботию ташвиқотии давлат ва ҳизб диққати ҷиддӣ дода мешуд ва китобдорон аз пешсафони тарғибгари сиёсати замон шинохта мешуданд. Онҳоро ҳамчун муҳандисони рӯҳи инсон мешинохтанд. Китобдор дар ҷомеа намунаи ибрат буду сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро бо роҳу воситаҳои дастрас тарғибу ташвиқ менамуд. Бо ташкили чорабиниҳои гуногуни ҷолиб китобдор гурӯҳҳои хонандагонро ба китобхонӣ ва бохабар шудан аз авзои ҷомеа ва ҷаҳон ҷалб менамуд.
Гарчанде он замон низ китобдорони ҳирфаӣ намерасиданд, китобдорони деҳот бо истифода аз дастурамалҳои корӣ ва методие, ки аз ҷониби Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ омода ва дастрас мешуд, корро хуб ба роҳ мемонданд ва дар қатори мутахассисони ҳирфаӣ китобдорони одӣ низ вазифаи худро сарбаландона иҷро мекарданд. Онҳо, пеш аз ҳама, дар баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон, тарғиби иттилооти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ нақша- чорабиниҳои мушаххас доштанд, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия тасдиқ шуда, мавриди амал қарор мегирифт. Нақшаи мазкур бо маблағи муайян ва дастуру таҷҳизоти зарурӣ сари вақт таъмин буд ва ё китобдор аз рӯи имкон онро амалӣ менамуд. Имрӯз низ дар китобхонаҳо нақшаҳо вуҷуд доранд, вале онҳо аксаран бо маблағ, таҷҳизот ва дастурҳои методӣ таъмин нестанд ва талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонанд.
Дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва гурӯҳҳои тундрав изҳори нигаронӣ карданд. Албатта, ҳалли ин масъалаи муҳим бояд ба дӯши ҳар як шаҳрванди баору номус бошад, аммо фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоӣ, ба вижа китобхонаҳову муассисаҳои фарҳангӣ, дар пешгирии ин гаравиш таъсири бештар расонида метавонад. Китобхонаҳо ҳамчун ниҳоди иҷтимоию фарҳангӣ метавонанд, ҳамчунин дар ҳалли пешниҳодҳои дигаре, ки дар Паём таъкид гардида буд, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, саҳми назаррас гузоранд ва барои шаҳрвандон дар омӯзиши забонҳо тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун, намоиши китобҳо, пешниҳоди китобҳои электронӣ ва филмҳои омӯзишӣ бо забонҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ ёрӣ расонанд.
Имрӯз китобхонаҳои деҳот ба талаботи ҷаҳони муосир на танҳо ҷавобгӯ нестанд, балки ниёз ба тағйир додани сохтор ва фаъолият доранд. Ҷавононе, ки ба мамолики гуногуни дунё сафар намуда, аз имконоти китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотии он кишварҳо баҳраманд шудаанд, ҳангоме ки ба деҳот баргаштанд, шароити китобхонаҳои мо онҳоро қонеъ гардонида наметавонад.
Барои ҳалли ин ва амсоли ин мушкилот мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ду сол қабл бо супориши собиқ муовини Сарвазири мамлакат М. Ҷабборӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди мухтасар ирсол намуда буданд, аммо бо сабабҳои номаълум ба он вокуниш нашуд.
Сафари кормандони Пажӯҳишгоҳ ба шаҳри Исфара, ки соли ҷорӣ сурат гирифт, нишон дод, ки вазъияти китобхонаҳои ин шаҳр низ чандон хуб нест. Дар ин ҷо низ хеле кам ворид шудани адабиёти нав, хусусан китобҳои бачагона ва ба талаботи хонандагон ҷавобгӯ набудани адабиёти мавҷуда, мушоҳида мешавад.
Бино ба маълумоти мудири кулли китобхонаҳои марказонидаи шаҳри Исфара Бахтиёр Холматов, соли 2014 дар асоси борхати Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё 718 нусха китоб ворид шудааст, вале дар асл 600 нусхаи он варақаи хонандагӣ (формуляр) буда, боқимондааш лаҳваю рӯзнома ва китоб мебошад. Дар ин ҷо низ аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ барои хариди китоб маблағ ҷудо намешавад. Китобхонаи марказӣ соли 2016 ба маблағи 2000 сомонӣ ба 20 рӯзномаву маҷалла обуна шудааст, ки талаботи хонандагонро қонеъ карда наметавонад.
Хазинаи умумии китобхонаҳо хело куҳна буда, зиёда аз 70 фоизи он китобҳои русии замони шӯравиро дар бар мегирад. Камбудии дигар таъмирталаб будани бинои китобхонаҳост. Аз 22 китобхонаи амалкунанда 18-тоаш ба таъмир ниёз дорад.
Ба ақидаи мо, яке аз сабабҳои асосии буҳрони соҳаи китобдорӣ парокандагии мутахассисони корозмуда ва олимони соҳа бошад, сабаби дигар рӯи кор омадани олимони ғайритахассус дар идораи кори китобдорӣ аст. Чунин муносибат боиси сар задани мушкилоти зиёд дар идораи китобхонаҳои бузурги кишвар ва умуман китобхонаҳои ҷумҳурӣ мегардад. Ин омилҳо низоми муташаккили идораи китобхонаҳои ҷумҳуриро вайрон намуда, боиси заифии таъминоти дастуроти илмию методӣ ва камтаъсирии фаъолияти китобхонаҳо шудааст. Тадқиқоти солҳои охир нишон медиҳад, ки имрӯз китобхонаҳои ноҳия ва деҳот ба ёрии илмиву методии китобхонаҳои марказӣ ниёзи бештар пайдо кардаанд. Онҳо дар танҳоӣ ба таҳоҷуми фарҳангу маънавиёти бегона, ки имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар тақвият меёбад, истодагарӣ карда наметавонанд. Баробари ин, таъминот бо адабиётҳои тозанашр, таҷҳизоти замонавӣ, буҷаи кофӣ, паст будани маош ва аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ наёфтани соҳа ҳамчун мушкилоти деринаи китобхона боқӣ мондааст. Зарур аст, ки ба китобхонаҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ истиқлолияти буҷавӣ дода шавад. Зимнан, китобхонаҳо дар ҷомеа муассисаи алоҳида ба шумор раванд ҳам, то ҳол онҳо ҷузъи шуъбаҳои фарҳанг мебошанд ва дар муносибати молиявӣ беҳуқуқанд. Роҳбарияти ноҳияҳо (маблағгузории китобхонаҳо ба уҳдаи онҳост) бештар ба фаъолияти муассисаҳои тавлидотиву фоидаовар таваҷҷуҳ менамоянд ва дар охир агар «тангае» боқӣ монад, ба соҳаи фарҳанг ва маънавиёти мардум сарф мекунанд. Онҳо ба ин масъала одатан ҳангоми аз «боло» супориш шудан эътибор медиҳанд. Аз ин рӯ, бидуни тағйири муносибат ба соҳаи китобдорӣ ва таҷдиди назар намудани сиёсати кадрии он (дар назар аст аз ҳисоби олимони соҳавӣ дар марказ ва мутахассисони касбӣ дар деҳот) гумон аст, ки солҳои наздик дар ин самт беҳбудие ба вуҷуд ояд.
Китобхонаҳо имрӯз дастгирии ҷиддӣ мехоҳанд. Ба таъбири нависандаи шинохтаи Ғарб Нил Гейман: «Китобхонаҳо дар ҳақиқат дарҳои ояндаи инсониятанд. Бисёр ҳам ҳузновар аст, ки дар тамоми дунё ҳокимиятҳои маҳаллӣ баста шудани китобхонаҳоро василаи осони сарфаи маблағ медонанд. Онҳо тасаввур намекунанд, ки ояндаи инсониятро медузданд, барои оянда имрӯз мебояд маблағгузорӣ намуд».
Қ. Бӯриев, директори «Хонаи китоб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Муродӣ, устоди ДМТ