Дар замоне…

Дар сӯги шаҳидони Миёнмор ва дигар кишварҳои ҷангзада

№110 (3747) 16.09.2017

preview_00d3e2cb85d3778e0673c200df810654Дар замоне, ки баданҳо тирборон мешаванд,

Дар замоне, ки кафанҳо ранги алвон мешаванд.

Дар замоне, ки ватанҳо чун мазорон мешаванд,

Дар замоне, ки чаманҳо хорзорон мешаванд,

Аз кадомин дину мазҳаб метавон кардан сухан?

 

Ғарқ андар хуни худ садҳо ҳазорон мешаванд,

Ормонӣ кӯдакони беҳтар аз ҷон мешаванд.

Куштаю оғӯшта дар хун ширхорон мешаванд,

Арғувонӣ оби рӯду чашмасорон мешаванд,        

Аз кадомин дину  мазҳаб метавон кардан сухан?

 

Ҷисмҳое, модарон, бо нозҳо парвардаанд,

Лахт – лахту пора – пора гаштаю озурдаанд,

Ҳам Ватан ҳам он чаманҳое валангору хароб,

Сарду берӯҳ, ваҳмзо чун чеҳраҳои мурдаанд,

Аз кадомин дину мазҳаб метавон кардан сухан?

 

То замоне ки баданҳо аз камон афтидаанд,

То кафанҳои сафед дар хоку хун ҷӯлидаанд.

Аз ватанҳо то раият ҳар куҷо кӯчидаанд,

То чаманҳо бепарастору ҳама хушкидаанд,

Аз кадомин дину мазҳаб метавон кардан сухан?

Мирзо РУСТАМЗОДА