«Дар саҳна бо ҳаёти дигарон зистан хушбахтист»

№54 (3691) 18.05.2017

11111Суҳбат бо сарвари Театри бачагонаи «Афсона» Бегмуҳаммад Асомиддинов

СОҲИРЕ  дар  ОЛАМИ СУРХ

Ба ҳуҷрае даромадем, ки дару девор, парда, мизу курсӣ ранги сурх дошт. Гӯё аз олами рангини сабзу гулобӣ якбора ба оғӯши ҷаҳони сурхранг афтодам. Дунё ба назарам тағйир ёфт. Худро нороҳат ва таҳти фишор ҳис кардам. Бегмуҳаммад низ ба назарам суп — сурх метофт.

- Ин ҷо сайёраи ман аст! – ба гап даромад ӯ, — сайёраи сурх. Ман ин рангро дӯст медорам, аз он илҳом мегирам, худамро дар оғӯшаш озод ҳис мекунам. Ранги сурх бо ман гап мезанад, гиреҳи розҳои нокушодаамро мекушояд, боли парвозам медиҳад, маро маст мекунад.

- Шумо солҳои пеш нақши девро бозидед ва бо ҳамин нақш машҳур гаштед. Гумон мекардам ранги дилхоҳатон сиёҳ аст?

- Деве, ки ман рӯи саҳна овардам, комилан сиёҳ нест. Сода аст, зудбовар аст, ғурур дорад ва дар ниҳоят, накукор аст. Дар урфият шахси бадро «одами сиёҳ» мегӯянд. Аммо ман бо офаридани образи дев ба тамошобини хурдсол ёд медиҳам, ки шуҷоъ бошанд, тарсро аз дили худ дур андозанд, якдигарро дӯст доранд, барои расидан ба ҳадаф талош кунанд. Парваридани  хислатҳои ҳамида дар вуҷуди кӯдакону наврасон хеле муҳим аст.

- Дар баробари ҳунарпешагӣ соҳирӣ ҳам мекунед. Сеҳргариро чӣ тавр омӯхтед?

- Замоне ки дар деҳаи Фариштаи шаҳри Ваҳдат мехондам, сирки Ӯзбекистон меҳмони мо шуд. Ман аз тамошои маҳорати соҳир   мафтун гаштам ва ба онҳо тақлид мекардам. Ҳатто ба даҳонам керосин гирифта, гӯгирд зада, оташ пуф менамудам. Ниҳоят дарк кардам, ки ба ҳар коре азми ҷиддӣ дошта бошӣ, муваффақ мегардӣ.

Ба ҷуз ин, бобоям дар соҳирӣ машҳур буданд ва одамон нақл мекунанд, ки он кас пӯстакҳоро ба ҳам ҷанг меандохтаанд.

- Соҳирӣ чашмбандӣ аст ё воқеият?

- Ҳунари соҳириро машқ карда, ёд мегирӣ, аммо санъати асилро соҳибистеъдодҳо ба вуҷуд меоранд. Ба таври дигар гӯем, театр мактаби ҳаёт аст. Соҳирӣ ҷуз назарфиребӣ чизи дигаре нест. Аммо карахт кардану хобондани одамон дар саҳна ё берун аз он дурӯғ нест, ҳақиқат дорад.

- Одамон ба ҷодугарӣ бовар доранд. Онҳо бо ин хушбоварии худ пеши фолбину ҷодугарҳо мераванд, аз онҳо умеди ҳал кардани мушкилашонро доранд. Ҳарчанд тавассути телевизион парда аз найрангбозиҳои баъзе аз фолбину ҷодугарҳо бардоштанд, вале ҳанӯз содадилон ба онҳо бовар доранд. Оё пеши шумо ҳам барои ҳалли мушкиле меоянд?

- Сеҳр илм аст. Омӯхтану аз худ кардани он заҳмати зиёдро мехоҳад. Ман наметавонам вуҷуди онро инкор кунам.

Ҳамроҳи гурӯҳи эҷодии театри бачагонаи «Афсона» ба ҳама гӯшаву канори кишвар сафар мекунем ва намоишҳоро манзури тамошобинон мегардонем. Ҳангоме ки ман рӯи саҳна сеҳргарӣ мекунам, баъзеҳо ба ин бовар, ки ҷодугари зӯр ҳастам, баъд аз намоиш пешам меоянд. Хоҳиш мекунанд, ки ин ё он мушкилашонро тавассути ҷоду ҳал кунам, вале ман ба онҳо роҳи дурустро нишон медиҳам. Ҳеҷ гоҳ илму дониши худро дар роҳи макру фиреб истифода намебарам.

«ОДАМЧАҲОИ БУЛӮРИН» ДАР БОҒИ «ИРАМ»

- Чӣ боис гашт, ки Театри бачагонаи «Афсона»-ро ташкил диҳед?

- Баъди хатми факултети санъати Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор омадам. Як вақт аз Маскав гурӯҳи лилипутҳо (паканаҳо)  омада, дар саҳни театр ҳунарнамоӣ карданд. Ҳунару истеъдоди онҳоро дида, дар дилам шавқе пайдо шуд, ки ман ҳам чунин театр дошта бошам. Ин фикрамро ба дӯстонам гуфтам, аммо онҳо ба ҳолам хандиданд, вале дилхунук нашудам.

Ба ҷустуҷӯи лилипутҳо баромадам, тамоми кишварро гаштам, онҳоро пайдо кардам, бо волидонашон суҳбат намудам. Онҳо ба ман бовар карданд ва розӣ шуданд, ки фарзандонашонро ба Душанбе биёрам. Ҳамин тавр, бо кӯшиши зиёд, ки азобашро танҳо худам медонам, 5 апрели соли 1991 Театри бачагонаи «Афсона» арзи ҳастӣ кард.

- Бо лилипутҳое, ки аз олами санъат хабар надош­танд, чӣ гуна кор кардед? Аз онҳо чӣ тавр ҳунарпеша сохтед?

- Ман онҳоро лилипут не, «одамчаҳои булӯрин» меномам. На танҳо худашон, балки устухонашон низ хеле нозук аст. Як ҳаракати ноҷо метавонад даст, по ё ягон узви дигарашонро шиканад. Онҳо ҳам аз  назари маънавӣ ва ҳам аз назари ҷисмӣ ба ғамхории махсус ниёз доранд. Хеле ҳассосу зудранҷ ҳастанд. Ман барояшон ҳам нақши падар ва ҳам нақши модарро мебозам.

Ҳама соҳиби истеъдод ҳастанд, вале кори ҳунарӣ кардан бо онҳо осон нест.  Вақте ба дилашон роҳ меёбӣ, ба гапат гӯш медиҳанд, нақшашонро самимона бозӣ мекунанд. Дар вуҷуди онҳо неруи бузурге ниҳон аст. Яке аз онҳо Абдулло ном дорад, ки бо асобағал мегардад, вале вақте ба саҳна барояд, асояшро як сӯ мегузорад. Кадом як неруи ғайбӣ ба вай тавон мебахшад. Ман ҳамеша ин ҳолро дида, тааҷҷуб мекунам.

Ҳамроҳи ҳунарпешаҳои булӯринам намоишҳои «Чиркинак», «Толмаси айёр», «Наврӯз дар шаҳри афсонавӣ», «Доирачаи сеҳрнок», «Танбалак», «Мануки шикорчӣ» ва амсоли инҳоро ба саҳна гузоштем.

- Театри «Афсона» чӣ шарои­те дораду дар куҷо фаъолият мекунад?

- Мо дар боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе фаъолият дорем. Барои ин дастгириву ғамхорӣ аз роҳбарияти ҳукумати пойтахт миннатдорем. Шароитамон бад нест, то ҳадди тавон кор мекунем.

Ин нуктаро низ зикр кардан бамаврид аст, ки дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат меварзем. Мо ҳамеша худро дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт қарздор меҳисобем ва мекӯшем фазои маънавии онҳоро бо ҳузури худ пур кунем.

- Театрҳои кишвар аз камии тамошобин шикоят мекунанд, шумо чӣ?

- Мо бо муассисаҳои таълимиву корхонаҳо алоқаи зич дорем. Ё онҳо ба Боғи «Ирам» омада, намоишҳои моро тамошо мекунанд ё мо ба назди онҳо меравем. Ба ҷуз ин, хоҳишмандон ҳамеша пайдо мешаванд.

Ман ҳис мекунам, ки кӯдакону наврасон ташнаи театр ҳастанд. Онҳо аз тамошои намоишҳо лаззат мебаранд, хушҳол мешаванд, бо шӯру шавқ моро истиқбол мегиранд.

Театр инсонро тарбият мекунад. Фарзандони мо аз саҳнаҳои театр дарси одамгарӣ, муҳаббат, ватанпарварӣ, шуҷоату қаҳрамониро меомӯзанд.

- «Одамчаҳои булӯрин»-и театрро, ки бештарашонро аз деҳот даъват кардаед, бо ҷои хоб, сарулибос ва хӯрок таъминанд?

- Дар театр 18 нафар пакана фаъолият доранд. Мо тамоми чора меандешем, ки онҳо аз чизе танқисӣ накашанд. Ба ҷуз ин, аз ташкилоту корхонаҳо ба мо ёрӣ мерасонанд. Масалан, Иттифоқи  «Тоҷикматлубот» барои дарёфт кардани сарулибос ва маҳсулоти хӯрокворӣ мадад мерасонад. Ғамхории пайвастаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  низ ҳис мекунем. Аз ҷониби Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» ҳам дастгирӣ мебинем. Ҳамчунин, директори Боғи «Ирам» Аъзамҷон Раҷабов ҳамеша аз ҳоламон мепурсанд ва кумакашонро дареғ намедоранд.

 ДАР САҲНА БО ҲАЁТИ ДИГАРОН ЗИСТАН ХУШБАХТИСТ

- Бо ин қадар саргармиҳо шумо ва Театри бачагонаи  «Афсона» то чӣ ҳад муваффақ шудед ?

- Касби актёрӣ шавқовар ва романтикист. Бо ҳаёти ҳазорон одам зистан, азоб кашидан, чизи наверо ҷустуҷӯ кардан хушбахтист. Аммо он бо азобҳои сангин ба даст меояд. Вақте образи офаридаат натиҷа медиҳад, тамошобин қонеъ мегардаду кафкӯбӣ мекунад, вуҷудатро эҳсоси фараҳмандӣ фаро мегирад.

Ин ҳам ҷолиб аст, ки паканаҳо дар намоишҳо нақш мебозанд, қаҳрамонӣ мекунанд, хирадмандӣ нишон медиҳанд, гиреҳҳои сарбастаро мекушоянд, дар муқобили неруҳои бадӣ ғолиб меоянд…

Ҳамаи инро тамошобин мебинад, хоса кӯдакону наврасон аз тамошои саҳнаҳо неру мегиранд, таҳаввулоте дар вуҷудашон рух медиҳад. Дар тасаввури мухлисон шояд паканаҳо одамони заиф, корношоям, тарсончак менамоянд. Аммо вақте ҳунару корномаи онҳоро мебинанд, қоил мешаванд.

- Шумо бо ин ҳама гирифториҳо хушбахтед?

- Бале, ман хушбахтам, ки дар Тоҷикистон зода шудам. Дар сарзамине, ки асоси зиндагии мардум­ро ишқ, ваҳдат ва муҳаббати ҳамдигар ташкил медиҳад.

Ман хушбахтам, ки афсонаи зиндагии мардуми азизамро дар Театри бачагонаи «Афсона» сохта