Дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ донишманди маъруфи тоҷик Моҳирхӯҷаи Султонзода хизмати босазо кардааст. Маҳз бо заҳматҳои ӯ соли 1975 аввалин китобча — шиносномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр шудааст. Пасон, бо гирдоварӣ ва маълумотҳои тоза перомуни шарҳи ҳол, осору рисолаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ матлабҳои ин олими забардасти тоҷик дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расид. Дар умум саҳм ва хизматҳои Моҳирхӯҷаи Султонзода барои дастраси хонандагон намудани осори безаволи ин фақеҳи шуҳратёри Шарқ бесобиқа аст.
Дар ҷилди аввали «Осори мунтахаб»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (таҳияи М.Султонзода) зикр шудааст, ки Мир Сайид ибни Шаҳобуддин Муҳаммади Ҳамадонӣ маъруф ба Сӯфӣ, Мири Кабир, Шоҳи Ҳамадон ва мулаққаб ба Алии сониву Алоӣ яке аз симоҳои намоёни афкори фалсафии халқҳои Осиёи Миёнаву Эрон ва Ҳинду Покистон мебошад. Онро худи ӯ низ зикр намудааст:
Пурсид азизе, ки «Алӣ, аҳли куҷоӣ?»
Гуфтам ба вилоят: «Алӣ к-аз Ҳамадонам»
На з-он Ҳамадонам, ки надонанд Алиро,
Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донанд.
«Бо вуҷуди зодаву парвардаи Ҳамадон буданаш Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шуҳрати зиёде надорад. Баръакс, эътибор ва шуҳрату парастиши ӯ дар Покистон хеле зиёдтар аст. Мардуми Покистон — хосу ом Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо лақаби ифтихории «Шоҳи Ҳамадон» мавриди эҳтироми махсус ва парастиши хос қарор дода, доир ба таҳқиқу тарғиб ва нашри осори ӯ хизматҳои шоистае анҷом дода шудааст»,- навиштааст М. Султонзода.
Асарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан рисолаҳои ҳаҷман хурд буда, ғолибан ирфонӣ мебошанд. Муҳаққиқон теъдоди осори ӯро аз 70 то 170 номгӯй арзёбӣ кардаанд, ки дар байни онҳо рисолаҳои «Машориб-ул-азвоқ», «Рисолаи фақрия», «Миръот-ут-тоибин», «Рисолаи зикрия», «Рисолаи қуддусия», «Рисолаи нафсия», «Даҳ қоидаи сӯфия», «Рисолаи дарвешия», «Истилоҳоти сӯфия», «Одоб-ул-машоих», «Рисолаи маномия», «Рисолаи мушайяна»,«Рисолаи таъвил», «Даҳқоида», «Чиҳил асрор», «Мактуботи амирия», «Захират-ул-мулук», «Рисолаи Баҳромшоҳия» ва ғайраро метавон номбар намуд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бораи сафарҳояш ба тариқи мухтасар чунин мегӯяд:
«Се бор аз Машриқ то Мағриб сафар кардам ва ҳар бор, ки ба шаҳре ва вилояте расидам, расму одати аҳли он мавзеъ ба тариқи дигар дидам».
Набераи Темур Султонҳусайни Бойқаро гуфтааст, ки: «Сайри мулук он миқдор, ки ӯ (Алии Ҳамадонӣ) карда, кам касеро баробараш муяссар шудӣ».
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муддати 21 сол дар сафар буда, қариб ҳамаи кишварҳои исломиро сайр кардааст. Ӯ дар аснои сафар, бино ба шаҳодати Абдураҳмони Ҷомӣ, ба суҳбати ҳазору чаҳорсад валӣ расида, мувофиқи гуфтаи соҳиби «Тароиқ-ул-ҳақоиқ»: «дар кӯҳи Сарандеб бо чаҳорсад валӣ дар як маҷлис суҳбат меорояд».
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳлу ақрабо, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳӣ мекарданд, марди ғариб буд. Ба Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунё на паи сарвату моли дунё сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, қадри ҳол ба онҳо кумак карда, ба ривоҷи дини мубини ислом, илму фарҳанг, адабу ҳунар, фалсафаи тасаввуф мусоидат менамуд.
Шодравон Моҳирхӯҷаи Султонзода доир ба муҳоҷирати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Кӯлоб зикр намудааст, ки дар бораи сана, муддат ва тафсилоти сафарашон маълумоти аниқ нест. Аз шогирдоне, ки дар Хатлон аз файзи устодии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баҳра бурдаанд, Мавлоно Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ (740-797 ҳ.), Хоҷа Исҳоқ ибни Амир Оромшоҳ Алишоҳии Хуталонӣ (731-827 ҳ.), Шайх Ахӣ Ҳоҷӣ ибни Тӯтӣ Алишоҳи Хатлонӣ, Бурҳонуддин ибни Абдусамади Бағдодӣ, Шайх Шамсуддини Бадахшӣ (Хатлонӣ)-ро ёдовар шудан мумкин аст.
Дар мавриди оромгоҳи ин марди фозил М.Султонзода таъкид намудааст, ки қимату арзиши мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри имрӯзаи Кӯлоб дар қиёс ба гунбадҳои ӯ дар Кашмир (Сринагар), Плохӣ (Покистон), гунбади алавиёни Ҳамадон дар он аст, ки аҳли байту муридони ӯ дар сарзамини тоҷикон дафн гардидаанд. Маҳз аз ин ҷиҳат мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши муҳаққиқон ва ҳаводорони ин мутафаккир шудааст. Ба қавли донишманди тоҷик, дар ин мақбара дар баробари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин хоҳари ӯ Сайида моҳи Хуросонӣ ва зане бо номи Офтоби пинҳонӣ ва яке аз муридонаш Шоҳи Толуқонӣ мадфунанд.
Дар бораи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки байни ихлосмандон бо номи «Ҳазрати Амирҷон» маъруф аст, соли 1990 донишмандони тоҷик Музаффар Азизов ва Раҷаб Асозода роҳнамоеро таҳти унвони «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуданд. Муаллифон дар 28 саҳифа оид ба шахсият ва эҷодиёти ин марди фозил ба хонандагон маълумот пешниҳод кардаанд.
Дар Тоҷикистони мо, хосса дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз рӯйи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.
Зимни суҳбат бо мо сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Азизов перомуни мақбараи зикршуда иброз дошт, ки аз гузашти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 700 сол сипарӣ мешавад ва то ба имрӯз оромгоҳи ӯ дар шаҳри Кӯлоб чандин бор тармиму таҷдид ёфта, тарҳи аввалаашро нисбатан дигар кардааст. Пештоқи мақбара соли 1993 аз ҷониби устоҳои шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон наққошӣ шудааст.
Ҳамон сол, зимни ковиш ва омӯзиши гирду атрофи мақбараи мазкур ҳамроҳ бо Павел Самойлик хумдони сафолпазӣ пайдо карданд, ки он аз таърихи қадимаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб шаҳодат медод.
Бино ба гуфтаи Музаффар Азизов, маротибаи охир таҷдиду азнавсозии мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар арафаи ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб сурат гирифтааст. Ба муносибати ин ҷашн панҷ гумбази ин мақбара бо оби тилло ва атрофи оромгоҳ бо хиштҳои нав оро дода шудаанд.
Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дарду ҳасрати ҷонгудоз таърихи фавти ӯро таври зайл иншо намудааст:
Ҳазрати Шоҳи Ҳамадони карим,
Ояти раҳмат зи каломи қадим.
Гуфт дами охиру таърих шуд:
«Бисмиллоҳир -раҳмони-раҳим».
Вобаста ба ин мисраъҳои шеърӣ Моҳирхӯҷаи Султонзода навиштааст, ки порчаҳои зикршуда дар пешгоҳи хонақоҳе дар Кашмир, ки номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро дорад, сабт шудааст. Мисраи охирини он моддаи таърихи вафоти ӯст. Соли вафоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 786 ҳиҷрӣ мутобиқ ба1386-и мелодӣ аст.