Зиндагӣ омадану рафтан аст. Ҳамин аст қисмати инсонҳо, аммо дар ин фосилаи будан метавонанд аз худ нишоне бигузоранд, холигиҳоеро пур созанд.
Омадан ва рафтан. Омадан бо эҳсоси хушҳолию нишот ва рафтан бо нигоҳи пурдард ва андуҳ. Аслан ин ду маънӣ бидуни ҳамдигар наметавонанд бошанд, яъне бе омадан кай мешавад рафтан? Ҳеҷ анҷом бидуни оғоз ба амал омада наметавонад.
Қиссаи омадан ва рафтани ҳамдарси айёми донишҷӯиамон Зайниддин Қурбонов водорам сохт, ба ин ҳикмати зиндагӣ биандешам. Ӯ миёни ҳамсабақон ҷавоне буд, пурнеру, паҳлавонҷусса ва некбину дурандеш. Нақшаҳояш ҳамеша амалӣ мегаштанд, муваффақияти кораш чашмрас, насиҳатгар ва чорагари мушкилоти дӯстон буд. Аммо рӯзе ногаҳонӣ хабари маргашро оварданд.
Зайниддин ҷавони нексиришт ва беозору ботамкин буд. Ҳеҷ гоҳ аз мушкилоти зиндагӣ ба касе шиква намекард. Ҳамеша дар талоши зебо зистан буд. Дар дарсҳо фаъолона ширкат менамуд ва ҳам кор мекард. Ҳамон айём ба тиҷорати хурд машғул буд. Бо бародаронаш дар шаҳр тарабхона боз намуд. Гоҳ — гоҳ ҳамсабақонро низ ба он ҷо даъват мекард.
Зайниддин дониши баланди касбӣ дошт, шояд рӯзноманигори хуб мешуд, аммо вазъи рӯзгор ӯро нагузошт пайи пеша биравад. Ҳанӯз дар соли аввали таҳсил мегуфт, ки «ман акнун ҳаждаҳсолаам ва худ бояд аз пайи пешбурди зиндагӣ бошам, касе барои хӯрондану пӯшондану соҳиби ҷойи кор кардани ман вазифадор нест!»
Пас аз хатми донишгоҳ гоҳ — гоҳ кӯшиш мекард, ки ҳамдарсони парешоншударо ҷамъ биоварад. Касе намедонист, ки пас аз фурсате Зайниддинро аз қатори бисту шаш нафар ҳамдарсон ва дигар азизону дӯстонаш мебаранд ва аснои рафтан касе дигар ба имдодаш шитофта наметавонад. Шахсе, ки дасти кумакаш қариб ба ҳама мерасид, ҳангоми рафтани ҷонаш касе дигар дасти мадад ҷонибаш дароз карда наметавонист, на бародари табибаш, на хоҳар, на ҳамдарсони ҳамон айём бо амри сарнавишт паҳну парешон (манзур солҳои ҷанги бемаънии бародаркуш аст).
Реҳлати Зайниддин нахустин моҳу соли айёми донишҷӯиро ба хотирам меорад. Ҳама саргарми дарсхонӣ будем, гӯё хушбахттарин ҷавонони давр бошем. Ғам аз мо бегона буд. Ногоҳ дари утоқи дарсхонӣ боз шуд, чанд нафар устод ва як ҷавон ҳамроҳ бо марде миёнаумр ворид шуданд. Аз рӯи одат ҳама аз ҷой бархостему баъд аз саломуалейк нишастем. Меҳмононро шинос карданд. Яқинамон шуд, ки он ҷавон Зайниддин аст ва ӯ низ ҳамроҳи мо имтиҳони дохилшавӣ супоридаву аз баҳогузории ниҳоии комиссияи мандатӣ ноком гашта, дубора барои талаби ҳуқуқ аризаи даъвогӣ навиштааст. Масъалаи дигар ин буд, ки бо ҳамон шумори холҳое, ки ӯ дошт, ҷавони дигаре аллакай ҳамдарси мо буд. Устодон аз мо пурсиданд:
- Шумо чӣ мегӯед, бачаҳо? Кадоме аз ин ду ҷавон бояд ҳамдарсатон бошанд? Бо ҳам машварат намуда, гуфтем, ки агар тақдири ин ду ҷавон аз мо вобастагӣ дошта бошад, бигузор ҳар дуяшон ҳамроҳамон таҳсил бикунанд. Устодон аз ин пешниҳод ҳайрон буданд, то чӣ тадбире андешанд, чунки вобаста ба меъёри муайянгаштаи ҳамон давра ҳайати донишҷӯёни соли таҳсили мо, бояд аз бисту панҷ нафар беш намебуданд. Аз дудилагӣ ва ноилоҷии устодон истифода бурда, мо донишҷӯён дар пешниҳод истодагарӣ карда, талаб намудем, ки Зайниддин ҳам ҳамроҳи мо таҳсил бикунад. Ногоҳ нафаре аз ин миён садо баланд кард: — «Агар дар давраи имтиҳоноти нимсола касе аз ҳамдарсон имтиҳонҳоро супорида натавонад, аз донишгоҳ хориҷ мешавад ва он гоҳ меъёри муайяншуда мавқеи худро мегирад». Чун ба пас нигаристем, гӯянда ҳамкурсамон — Зиннатулло Исмоилов буд.
Дар муддати шаш моҳи таҳсил Зайниддин ҳамсабақон ва устодонро ба ҳайрат овард. Ба назар чунин мерасид, ки ҳатто устодоне, ки дар имтиҳоноти қабул барои ноком гаштанаш мусоидат намуда, баҳои пасташ гузошта буданд, ҳини ҷавобгӯиву дарсхониаш хиҷолат мекашиданд, чунки ӯ донишҷӯи соҳибандеша буд ва ба маърӯзаҳои «рӯикоғазӣ»-и бархе аз устодон қаноат намекард.
Пӯшида нест, ки дар ҳама давру замон ҳам миёни толибилмон ва ҳам байни устодон донишҷӯён ва омӯзгорони дӯстдоштанӣ ва ғайридӯстдоштанӣ вуҷуд доранд. Зайниддин ҳам яке аз шогирдони пазируфтаи устодони, воқаен ҳам, донишманд буд. Аз ёдам нарафтааст, ки мо шогирдон бо устод А. Холиқзода, ки аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» дарс мегуфтанд, оид ба таърихи инқилоби Бухоро ва сарнавишти охирин амири он — Олимхон ва дигар мавзӯъҳои баҳсталаб суҳбатҳо мекардем. Устод аз мо қаноатманд буданду мо ҳам аз он кас хушҳолу сарфароз. Дар баҳсҳои масоили таърихӣ ҳамдарсамон Зайниддин Қурбонов хеле фаъолона иштирок мекард ва устодону ҳамдарсонамонро бо донишу мубоҳисаҳо ба ҳайрат мегузошт.
Зайниддин Қурбонов воқеан ҷавонмарде буд, бонангу ор ва қалбе дошт, аз муҳаббати Ватан саршор. Ашъори зиёдеро аз шуарои классик ва муосир дар васфи Ватан ва арзишҳои муқаддаси он азёд медонист, осори адибони кишварҳои хориҷро низ зиёд мутолиа менамуд. Дар хотирам ҳаст, як рӯзи моҳи апрел, ба дарс палтои сиёҳ дар бар омад. Ин ҳолро дида ҳайрон шудем. Дар фасле, ки ҳама пиджак ё ҷемпер мепӯшанд, чаро ӯ палто ба бар дорад? Зайниддин дар ҷавоб гуфт, ки: «Хонаи иҷораамонро дузд задааст, падарраҳмат хайрият ки бемаърифат будааст, вагарна китобҳоямро низ мебурд. Ҳамин палторо ҳам, ки дар мехи пушти дар овезон буд, нодида рафтааст».
Бемуҳобо, Зайниддин барои ҷавонони факултет намунаи ибрат буд. Мо, ҳамдарсон, баъди хатми донишгоҳ низ аз як муддат тарк намудани соҳа ва ба тиҷорат машғул гаштанаш афсӯс мехӯрдему талқинаш мекардем, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, ба соҳа баргардад. Баъдтар фаҳмидем, ки ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ супорида, баъди се соли таҳсил соҳиби маълумоти дуюм (ҳуқуқшинос) гаштааст ва акнун аз пайи иҷрои нақшаҳои касбӣ аст. Ҳарчанд хеле дер ба мақомоти хидмати давлатӣ ба кор рафт, аммо зуд ба муваффақият ноил гардид, як муддат ҳамчун сармутахассиси Раёсати тарҷума, таҳрир ва нашри Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд, баъдтар дониш ва лаёқати касбии ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи муовини сардори Раёсати тарҷума, таҳрир ва нашри Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинаш намуданд, ки дар ин мақом низ то рӯзи будан, касбияти баланд ва кордониро нишон дод.
Мусаллам аст, ки сарнавишт кори худро мекунад. Мо, ҳамдарсон миёни худ шӯхӣ мекардем, ки дар ҷанги бемаънии бародаркуш агар намурдем, пас аз ин, умри дароз хоҳем дид. Бехабарона мегуфтем, ин гапро, аз куҷо медонистем, ки дар айни шукуфоии умр ҳамдарси хубу беҳтарини мо — Зайниддин Қурбонови хушзавқу ботамкин, бадонишу беозор ин дунёро тарк мекунад.
Рафтани ӯ худиву бегонаро дардошно сохт. Ҳамсояву хешу ақраборо ғамгину нигарон ва дилафсурда кард. Ҳама он рӯз аз хубиву некиҳои кардааш ёд меоварданду ашк мерехтанд.
Моем, ки бо мурури солҳо ва гузашти рӯзҳо, пир ва назарногир мешавем ва ӯст, ки абадан ҷавон, хушқадду болобаланд ва хушсуҳбату ситорагарм дар оинаи қалбҳо таҷаллӣ мекунад ва ҳамеша чунин боқӣ мемонад. Гӯё садои дилчаспу гуворояш аз дуриҳо ба гӯш мерасад:
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Моҳсафари ЯҲЁЗОД,
рӯзноманигор